НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Сиёсати “энергияи сабз»-омили рушди иқтисодии кишварҳои минтақа

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Сиёсати “энергияи сабз»-омили рушди иқтисодии кишварҳои минтақа

Дар даврони ҷаҳонишавӣ барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ, экологӣ, норасоии оби нушокӣ ва дигар  масоили аҳли башар чораҳои амалӣ ва саривақтӣ бояд андешида шавад. Дар ин зимн, сиёсати «энергияи сабз»-ро метавон чун  усули муассир барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ амалӣ кард. Мояи ифтихор аст, ки дар ин самт Тоҷикистон пешсаф буда, намунаи олӣ барои кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Тоҷикистон дар тӯли беш аз 30 соли истиқлол тавонист ҳамкориҳои худро бо кишварҳои  Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо барқарор намояд. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон”, ки дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карда, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро муҳим шумориданд.

Дар сиёсатшиносӣ мафҳуми “сиёсати сабз” ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” истифода мешавад ва  чун яке аз тамоюлҳои сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ такяи бештар карда, ҳамаи барномаҳоро тавассути рушди устувор амалӣ месозад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарёфти истиқлол равобити худро бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монда, миёни ҳам созишномаҳову қарордодҳои гуногун ба имзо рассонидаанд. Дар ин зимн, лоиҳаи интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) яке аз лоиҳаи минтақавист, ки ба маблағи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ барои расонидани манфиатҳои пайвастшавӣ миёни кишвари Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мебошад.

Асоси муҳимияту мафҳум ва коркарди сиёсати энергияи сабзро  иқлимшиносӣ, зистшиносӣ ё экологизм ташкил дода, ҳадафи асосии он ба даст овардани қонунгузории нисбатан муфиду самарабахш бо назардошти барномаҳои назариву амалӣ ва талошу муборизаҳо барои ҳифзи муҳити зист аз ифлосшавӣ, муҳиту нобудшавии ҷангалҳо ва ҳавасмандгардонии истифодаи такрорӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад. Сиёсати энергияи сабзро асосан ҳадафҳои устувор барои ба даст овардани инкишофи  экологӣ ташкил медиҳад, ки ба манфиати тамоми сайёра мебошад.

Бо вуҷуди пешрафтҳои технологии аср, мушкилоти басо нигаронкунанда оиди муҳити атроф рӯз то рӯз зиёд шудааст. Бинобар ин сиёсати сабз ҳамчун роҳу равиши навин рӯйи кор омад то нигарониҳоро коҳиш дода, муҳитро сабзу хуррам нигоҳ дорад. Бояд қайд кард, ки низоми иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо арзишҳои волои инсонӣ афзалияти аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, сиёсати энергияи сабз муҳити атрофро муҳофизат карда, лоиҳаву барномаҳои махсусро барои зиндагии солими шаҳрвандон  пешкаш мекунад.

Ҳамин тариқ, ба андешаи коршиноси илмҳои сиёсатшиносии Коллеҷи Кинерди шаҳри Лаҳори Покистон Ҳамна Ғиёс Шайх консепсияи сиёсати сабз асосан аз ҷониби ташкилоти Англия ва Уэлс бо ташаббуси равшанфикрон соли 1973 пешниҳод гардид. Бештари равшанфирон аз таназзули ҷаҳонии муҳити зист, ки дар натиҷаи  фаъолияти инсон ба амал омадааст, нигарон буданд. Ҳамин тариқ, онҳо бо истифода аз форуму маъракаҳо масоилу мубрамияти экологияро таблиғу ташвиқ намуданд. Бо эҷоди сенарияҳои сиёсӣ аз ҷониби онҳо дар солҳои 1980 кашфи воқеии сурохиҳои қабати озонии замин сурат гирифт.

Гузашта аз ин, ҷаласаву саммитҳои мухталиф барои ҳифзи муҳити зист дар шаҳрҳои Монреал (1987) ва Киото (1997) баргузор шуд. Сиёсати воқеии муҳити зист аз он замоне оғоз шуд, ки мушкилоти гуногуни экологӣ ҷаҳонро фаро гирифта буд. Яке аз ҳадафу шиорҳои асосии ҳизбҳои гуногуни сиёсиро тағирёбии иқлим ташкил медод. Аз он вақт то ба имрӯз мавзӯи “экологизм” бахши муҳимми сиёсати байналмилалӣ пазируфта шуда, пайваста зери мубоҳиса қарор мегирад.

Дар тули таърих ташаббусгарону тарафдорони аввали сиёсати энергияи сабз, ба монанди Маҳатма Ганди (1869-1948) ва Борух Спиноза (1632-1677) ва ғайра моҳияту мафҳуми онро бештар аз идеологияи сиёсӣ дониста, ғояҳои марбут ба ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳаракатҳои сулҳомез ва демократияи саросариро бо он мубодила мекарданд. Дар он замон ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои барқарорнашавандаи табиӣ ҳадафи асосии сиёсати сабзро ташкил медод.

Мутобиқи назари коршиносони соҳа, сиёсати сабз низ шомили решакан кардани сиёсату равишҳои нодурусту нобаҷо буда, ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки дар қабули қарорҳои давлат бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва муҳити зист фаъолона ширкат варзад. Он инчунин ба аз замин нест кардани силоҳи ҳастаӣ, ки заминаи ҳалокати одамони сайёра  мегардад, таъкид мекунад.

Дар ин зимн, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар роҳи ҳифзи муҳити зист бо роҳу усулҳои гуногун кор мебаранд. Амалишавии энергияи сабз дар Олмон, Фаронса, Бритониё, Нидерланд ва Испания хуб роҳандозӣ шуда, рӯзномаи кории ҳифзи муҳити зистро дар маъракаҳои сиёсии худ ва сиёсати давлат ба таври созанда нишон медиҳанд.

Дар ин зимн, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон масоили экологиву ҳуқуқро муҳим шуморида,  бо ташаббуси шаҳрдори шаҳри Душанбе соли 2024  “Соли маърифати экологӣ” эълон шуда, лоиҳаи  «900 рӯзи ободонӣ» пайваста амалӣ мешавад. Бояд зикр кард, ки маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Зеро онҳо тозагию покизакориро воситаи ягона ё маърифати ҳуқуқии экологию гигиенӣ дониста, зери шиори «Тозагӣ- гарави саломатӣ» амал мекарданд, ки насли имрӯза ин корро то имрӯз давом медиҳад. Бояд қайд кард, ки вожаи «гигиена» аз юнонӣ hugieinos реша гирифта, илми беҳдошту  беҳдории тандурустии одам ва вожаи экология решаи οικος (хона) юнонӣ буда, илми табиатшиносие аст, ки муносибатҳои байни организмҳои зинда, аз ҷумла одамон ва муҳити ҷисмонии онҳоро дар алоқамандӣ бо муҳити дарунию берунӣ меомӯзад.

Зимнан дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки дар  пойтахти мамлакат баргузор шуд, таъкид гардид, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт. 

Шаҳри Душанбе бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» пайванди ногусастанӣ дошта, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро пайваста тавсеа дода, таҳким мебахшад.

Қазоқистон аз сарватҳои гуногуни маъданӣ бой буда, барои иқтисодиёти мамлакат нефту газ ва ангишт мухимтарин сарвати он мебошанд. Аз ин рӯ, аз замони истиқлол ҳукумати Қазоқистон бештар ба рушди саноати сӯзишвории истихроҷшаванда таваҷҷуҳ зоҳир кард. Бо вуҷуди ин, кишвар аз сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ барои рушди захираҳои барқароршавандаи энергияи худ низ имконоти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, айни замон 75%-и нерӯи барқро неругоҳҳои ангиштсанг истеҳсол мекунанд, ки ин бештар ба ифлосшавии ҳаво, ки ба саломатӣ ва некӯаҳволии одамон зарар мерасонад, инчунин ба иқлим ва муҳити зист таъсир мерасонад.

Ахиран дар кишвар фаъолона таҳияи сиёсат оид ба рушди захираҳои барқароршавандаи энергия оғоз гардид. Аз ин рӯ, зарурати коҳиш додани вобастагӣ ба сӯзишвории истихроҷшаванда ва инчунин таъсири муҳити зист сарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳукумати Қазоқистонро водор кард, ки ба рушди захираҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд. Ҳамин тариқ, имрӯз рушди энергияи барқароршаванда як мавзӯи муҳимест, ки сиёсати давлатӣ, иқтисод, инноватсия ва илмро фаро мегирад.

Ба андешаи Сауле Аҳметқалиева, зистшинос ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи Тадқиқоти Авруосиёи Донишгоҳи Байналмилалии Туркии Қазоқистон, бо дастгирии ҳукумат ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ Қазоқистон дар самти рушди соҳаи энергияи барқароршаванда тадбирҳо меандешад. Бояд қайд кард, ки барномаҳо ва сиёсатҳо оид ба энергияи барқароршаванда иқтидори кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати захираҳои барқароршавандаи энергияро дар Қазоқистон дастгирӣ мекунанд. Аммо, сарфи назар аз қонунгузории сершумор, мутаассифона, барои расидан ба кишварҳои пешрафта роҳи дарозро тай кардан лозим аст.

Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки нисфи аҳолии кураи заминро фаро мегирад, ҳалли масъалаҳои ғизо, манзил, таваррум, тандурустӣ ва маорифро пеш гирифта, нигарониҳои марбут ба муҳити атрофро ҳадафи аслии худ қарор медиҳанд. Фаҳму дарки нодурусту заифро дар сиёсати муҳити зист тасвир мекунанд, зеро онҳо ҳадафҳои воқеии устувориеро, ки муҳити минтақаро тасдиқ карда метавонанд, ҳанӯз иҷро накардаанд.

Ин минтақа ба зуд тағирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ дучор мебошад, ки ба аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро сиёсати экологӣ дар баъзе кишварҳои минтақа дар шакли орзуҳои амалиношуданӣ ё “иллюзия” боқӣ монда, ба муҳимияту арзиши он аз ҷониби бисёриҳо афзалият дода намешавад.

Ҳиндустон дуввумин бузургтарин давлат дар ҷаҳон буда,  дар он  зиёда аз 1300 ташкилотҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавҷуданд, ки ҳар як онҳо барномаи кории худро доранд. Хело кам ба назар мерасад, ки ҳамаи онҳо ба муҳити зист ва некӯаҳволии одамон камтар ё ба қадри кофӣ таваҷҷуҳ диҳанд. Ҳиндустон то ҳол бо масъалаҳои мухталифи экологӣ, аз қабили норасоии об ба аҳолӣ, мушкилоти ифлосшавии ҳаво, нобудшавии ҷангалҳо, биёбоншавӣ ва ғайра рӯ ба рӯ аст.

Мувофиқи гузориши Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ, ки соли 2018 нашр шуд, шаҳрҳои олудаи ҷаҳон аз қабили  Гвалиор, Аллоҳобод, Райпур, Деҳлӣ, Лудхиана, Ханна ва Лаҳору Карочиро дар бар мегирад, ки ба Ҳиндустону Покистон тааллуқ доранд. Гарчанде ки бисёре аз мухлисону муҳофизони муҳити зисту экология дар бешаву ҷангалҳои атроф фаъолият доранд, аммо то ба қадри кофӣ дастгирӣ наёфтанд. Гузашта аз ин, мардуми Ҳиндустон ин ташкилоту созмонҳоро ҳамчун фаъоли иҷтимоӣ эътироф мекунанд, ки бидуни ягон барномаи сиёсӣ фаъолият мекунад.

Дар ин зимн, давлати Покистон, ки дар феҳрасти 7 кишвари осебпазиртарин ба тағйирёбии иқлим шомил буда, ҳоло дар қатори он кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ қарор гирифтааст, ки ҳам дар сатҳи расмӣ ва ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ бо фарогирии обу ҳаво ҷиддӣ мубориза мебарад. Ҳукумати ин кишвар ташаббус нишон дода, дар бораи тағирёбии иқлим ҷиддӣ фикр мекунад. Ҳарчанд осебпазирии шадиди кишвар аз тағйирёбии иқлим ба шароити ҷуғрофӣ, демографӣ ва гуногуни иқлимаш шинохта мешавад, аммо роҳбарияти ҳукумат барномаҳои кориашро бо доштани рӯзномаи махсуси экологӣ роҳандозӣ намуда, дар баъзе музофот ташаббуси бузургро барои мубориза бо тағйирёбии иқлим бо татбиқи лоиҳаи энергияи сабз бо мақсади ҳифз ва барқароркунии ҷангал садҳо ҳазор дарахту ниҳолу бутаҳо шинонданд.

Маъракаи миллии ҳифзи муҳити зист дар натиҷаи амалисозии сиёсати энергияи сабз дар кишвар ба миён омад. Бояд зикр кард, ки барнома асосан ба масоили кишт, идоракунии партовҳои сахти маишӣ, идоракунии партовҳои моеъ-гигиена, беҳдошти умумӣ ва оби тозаи нӯшокӣ бахшида шудааст. Бо кӯмаки ин лоиҳа, ҳукумат мехоҳад, ки давлат ва шаҳрвандони кишварро тавонманд созад то бо истифода аз ҳама роҳҳо Покистони сабзу покиза ба вуҷуд оваранд ва худро чун масъул барои сохтани он бишиносанд. Иқдоми хубе, ки ахиран аз ҷониби ҳукумати кунунӣ андешида шуд, иқдоми саросарии ниҳолшинонӣ қадами мусбат ба сӯйи муҳити амаласозии энергияи сабз мебошад, ки барои наслҳои ояндаи кишвар муҳим ҳисобида мешавад.

Ҳамин тариқ, рӯзҳои 24-26-уми апрели 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), воқеъ дар шаҳри Сиялкути вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқбол мебошад, Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар асоси таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар дар масоили мубрами обу экология сурат гирифт. Дар Конфронс роҳбарони институтҳои ҳавошиносӣ, пажӯҳишгоҳҳои самти обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлиму обу энергетика аз кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва «энергияи сабз», профессорон, донишҷӯён ва ВАО-и дохилию хориҷӣ иштирок намуда, ибрози андеша карданд.

Бояд зикр шавад, ки бо вуҷуди он ки дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баъзе аз масоили экологӣ ва амалишавии дурусти “энергияи сабз” ҳанӯз боқӣ монда, роҳбарону сокинони онҳоро зарӯр аст то барномаҳои марбут ба муҳити зисти худро ба таври дурусту муносиб ҳаллу фасл кунанд. Ҳамин тавр, ҳомиёну ташкилоту фаъолони сиёсати энергияи сабз дар минтақа бештар ба кӯмаку пуштибониҳои пайвастаи давлату мардуми худ ниёз доранд.

Ҳамин тариқ, дар амалисозии сиёсати энергияи сабз бо модели  сохтани ҷомеаи сабзу хуррам ташаббус нишон дода мешавад, ки ин як қадами мусбат барои ҳифзи муҳити зист буда, восита барои беҳбудии ҳар як сокини кишвари худ мебошад. Дар ин зимн, «Энергияи сабз» аз омилҳои калидии амалии «Иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, барои рушди иқтисодии кишварҳо, ҳифзи муҳит аз харобиву заҳролудшавии табиат замина ба вуҷуд меорад.

Ташаббусҳои созандаи кишварҳо, аз ҷумла экологикунонии рушди иқтисодии Тоҷикистон ба диверсификатсия ва афзоиши содироти маҳсулот бо ҳиссаи баланди коркарди захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳо ҷумҳурӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Зимнан татбиқи сиёсати энергияи забз ё ҳифзи муҳити зист замоне хубтару беҳтар амалӣ мешавад, ки роҳбарону масъулини сиёсӣ бо он ба таври дурусту воқеӣ муносибат кунанд ва кишвару ватани худро зери сояи озодӣ, оромӣ ва ободӣ ба суйи пеш равона созанд.

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмии Тоҷикистон

Адабиёти истифодашуда:

1.Валиев Н.Ш., Вализода Ш.Ш., Раҳимова Р.Ҳ. Иқтисоди «сабз»: моҳият, принсипҳо ва самтҳои ташаккули он http://payom.ddtt.tj/arhive_(санаи муроҷиат  25 июл 2024)

2.The Nation newspaper https://nation.com.pk/27-Sep-2020/challenges-to-green-politics-in-south-asia (санаи муроҷиат 29.05.2024)

3.Diplomat journal www.Thediplomat.com (санаи муроҷиат 28.02.2024)

4.European Research Institute https://www.eurasian-research.org/publication/a-promising-green-energy-resource-in-kazakhstan-solar-power/ (санаи муроҷиат 23 июли 2024)

5. Мирсаид Раҳмонов.CASA-1000: арзишҳои стратегӣ ва монеаҳову пешрафтҳои барқарорсозии он https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/casa-1000-arzish-oi-strateg-va-monea-ovu-peshraft-oi-bar-arorsozii-on    

НАЗАД