НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар пурмуҳтаво буд

Автор: Юсуфи Фарзона

Расм

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар пурмуҳтаво буд

9 марти соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд.

Дар олами муосир хатарҳои терроризм яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ ба ҳисоб рафта, омилҳо ва хусусиятҳои он аз ҷониби коршиносони соҳаҳои гуногун мавриди омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин падидаи номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо намудан талаби замон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016) нисбати ин масъала чунин иброз доштаанд: “Солҳои oxup терроризм ва экстремизм ба xamapu глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.

Вобаста ба ин дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ва дорои ҳуввияти баланди миллӣ алалхусус ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа аз он иборат аст, ки фаъолони гурӯҳҳои манфиатҷӯи низоъангезро маҳкум намоянд. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароиро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида истодааст. Қобили қайд аст, ки терроризм ва экстремизм дар миқёси умумиҷаҳонӣ бениҳоят паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти кишварҳо ва минтақаҳои гуногун бевосита таҳдид менамояд.

Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён, ходимони динӣ ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидан дар раванди таъмини сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.

 

Юсуфӣ Фарзона,

ходими хурди илмии

шуъбаи Аврупо

 

НАЗАД