НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Таҳаввули исломгароӣ дар Ҷумҳурии Туркия

Автор: Салимов Акбар

Расм

Дар Ҷумҳурии Туркия вазъи дин новобаста аз он, ки қисми зиёди аҳолӣ эътиқод ба дини ислом дорад, ба бисёр дигаргуниҳо дучор омад. Ин роҳе буд, ки  ҷудо намудани дин аз давлат ва маҳдуд кардани фаъолияти дин дар солҳои сари қудрат будани Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ -ҲХҶ (1920-1945), аз давраи инкишофи нуфузи исломгароӣ баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон, аз муборизаи давлат бо қаноти радикалии ислом ва манъи қонунии дахолат ба асосҳои динӣ ва ҳаёти давлатӣ-сиёсии кишвар то замони сари қудрат омадани Ҳизби исломии Адолат ва Тараққиро  (АКР) дар бар мегирад.

10 апрели соли 1928  Маҷлиси бузургии миллии Туркия -МБМТ  аз Сарқонун муқарроти “дини давлатии Туркия ислом мебошад” -ро хориҷ намуда, савганди шаҳрвандии Президенти кишвар ва вакилони парлумонро дохил кард, ҳамзамон иборае, ки парлумон муқаррароти шариатро амалӣ мекунад, баровард.

5 феврали соли 1937 дар моддаи 2 Сарқонун шаш принсипҳои асоси бунёди давлат, ки соли 1931 дар иҷлосияи Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявии ҳукмрон эълон гардида буданд,  дохил карда шуданд: республиканизм, миллатгароӣ, халқият, давлатгароӣ (этатизм), дунявият (лаитсизм) ва инқилобгароӣ. Лаитсизм, ба монанди дигар принсипҳо, баёнгари ақидаҳои асосгузори Ҷумҳурии Туркия Мустафо Камол (Отатурк) буд. Сиёсати ҷудо намудани дин аз давлат сабаби норозигии доираҳои ортодоксалии  Туркия ва дигар кишварҳои мусулмонӣ гардид.

Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон баробари гузаштан ба низоми бисёрҳизбӣ якчанд  ҳизбҳои сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани боварии мардум ба дин таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Баробари ин доираҳои клерикалӣ фаъол гардиданд, ки боиси нигаронии як қатор ҳизбҳои сиёсӣ дар андешидани чораҳо баҳри ба даст овардани шуҳрат миёни аҳолии диндори кишварро ба миён овард, тадбирҳо гуногун буданд ва фақат ба ҷониби ҳизбҳои сиёсии исломӣ амалӣ карда намешуданд. Ин тадбирҳо аз сохтмони масҷидҳо, рушди саводнокии дини ва ғ. иборат буданд.

Соли 1947 дар маҷлиси умумии Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ замонӣ  сари қудрат буданаш, то соли 1946 лаитсизми сахтро амалӣ карда, фаъолияти доираҳои диниро дағалона маҳдуд намуд, ки дар муносибат ба дин дигаргунӣ (ҳаракатҳое наве) ба вуҷуд омад.  Дар маҷлис зикр гардид, ки дар давраҳои низоми якҳизбӣ ба тарбияи динӣ аҳамият дода нашудааст ва тарбияи динии ҷавонон таъмин нагардида буд. Бо пешниҳоди маҷлис роҳбарияти партия дар солҳои 1947-1950 дар сиёсати лаитсистӣ тағйирот ворид намуд. Масалан, вазорати маорифи миллӣ дар соли 1948 курсҳои имом-хатибонро кушод.  Соли 1949 дар барномаҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ дарсҳои динӣ ворид карда шуданд, ки хонандагон ба ин дарсҳо  танҳо бо гирифтани иҷозати хатти волидайн ташриф оварда метавонистанд. Дар ҳамон сол ҲХҶ тасмим гирифт дар Университети Анкара факултаи фиқҳро боз кунад ва барои пӯшидани салла, ки аз соли 1925 пӯшидани он манъ карда шуда буд, аз нав иҷозат дода шуд. Иҷозати сафари ҳаҷ, яъне зиёрати Макка, шаҳри муқаддаси мусулмонон барои аҳолии ин кишвар муҳим маҳсуб меёфт, зеро баъд аз зиёрати хонаи Худо онҳо унвони фахрии “Ҳоҷӣ”-ро соҳиб мегардиданд.

Баробари ин, ҳукмронии чандинсолаи ҲХҶ, ки дигар ҳизбҳои сиёсии мухолифро эътироф намекард, дар шароити ташаккули низоми бисёрҳизбӣ соли 1950 дар интихоботи дуюми парлумонӣ баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон, ба пирӯзии яқини Ҳизби демократии дар соли 1946 таъсисдодашуда, оварда расонид.

Ҳизби Демократӣ бо баробари ба сари қудрат омадан тафсироти васъкунандаи лаитсизмро оғоз намуд, ки ба изҳори “эҳтиром ба озодӣ” равона гардида буд. Дар солҳои (1950-1960) сари қудрат будани Ҳизби Демократӣ дар сиёсати ҳизб ба омили динӣ аҳамияти хоса дошт. Дар нимаи дуюми солҳои 40-ум ҲД дар таносуби байни лаитсизм ва дин муносибати хеле мутавозин дошт. Ҷалол Баяр яке аз раҳбарони ҳизб ва дар солҳои 1950-1960 Президенти вақти Туркия, соли 1949 чунин ақидаро эълон дошт: “Мо шариатро дастгирӣ нахоҳем кард.” Ҳукумати  моҳи майи соли 1950 ташкил шуда бо сарвазир Аднан Мендерес зимни суханронӣ тибқи барномаи ҳукумат таъкид намуд, ки нисбат ба озодии  виҷдон бояд эҳтиром гузошт. Мендерес гӯё ин тезисро шарҳ медиҳад, гуфт, ки ислоҳоти Камол Отатурк ба он таҳлилҳое, ки мардум дарк мекунанд ва аз ҷониби онҳо пазируфта нашудааст, тақсим карда мешавад. Мендерес гӯё ин тезисро шарҳ дода истода гуфтааст, ки ислоҳоти Камол Ататурк ба ислоҳоти аз тарафи мардум эътироф гардида ва эътироф нагардида ҷудо мешавад.  Мендерес таъкид намуд, ки ҳукумати Туркия ислоҳоти аз ҷониби миллат эътироф гардидаро нигоҳ хоҳад дошт (идома хоҳад дод). Ва ислоҳоте, ки аз ҷониби мардум қабул нагардида буд, гумони рабт ба лаитсизмро дошт. Дар ин раванд, дар рӯзҳои аввали ҳукмронии ҲД манъи хондани азон бо забони арабӣ бекор карда шуд. Дере нагузашта тиловати Қуръон тавассути радиои давлатӣ иҷозат дода шуд. Дар соли 1950/1951 хониши дарсҳои динӣ дар синфҳои ибтидоӣ нисбат ба дарсҳои ихтиёрие, ки аз ҷониби ҲХҶ ҷорӣ намуда,  ҳатмӣ гардида буданд.  Соли 1951 Вазорати маорифи халқ (миллӣ) дар ҳафт вилоят мактаби имомхатибиро кушод, ки шумораи он дар соли 1954-1955 ба 16 расид. Аз соли 1950 буҷаи раёсати корҳои бо дин зуд афзуд.  Шумораи фондҳое, ки ба раёсати асосии вақф пешниҳод гардонида мешуданд, зиёд шуданд ва раёсати мазкур  дар соли 1951-1954 тақрибан 600 масҷиду мазорҳоро аз таъмир баровард. Дар соли 1950-1960 тақрибан 15 ҳазор масҷидҳо бунёд карда шуданд. Аз соли 1950 инҷониб миқдори ташкилоти динӣ зуд зиёд гардид. Агар дар соли 1946 шумораи онҳо 11 бошад, дар соли 1951 ба 251 ва дар соли 1960 ба 5104 расида буд. Ташкилоти зерин мақсади кушодани курсҳои омӯзиши Қуръон ва сохтмони масҷидҳоро доштанд.

Пас аз табаддулоти ҳарбӣ дар санаи 27 майи соли 1960, ки дар натиҷаи он МБМТ (Маҷлиси бузурги миллии Туркия) ва ҳукумат пароканда карда шуданд, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуда, роҳбарон ва аъзои бонуфузи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва аз ҷониби ҳукумати ҳарбӣ алайҳи истифодаи дин бо мақсадҳои сиёсӣ тадбирҳо андешида шуданд. Мавқеи Кумитаи ҳарбии ваҳдати миллӣ, ки то ташкили маъмурияти шаҳрвандӣ пас аз интихоботи парлумонии моҳи октябри соли 1961 роҳбарии кишварро дар даст дошт, аз ҷониби доираҳои васеи зиёиёни Туркия  дастгирии хуб дошт. Ҳарбиён таҳияи конститутсияи мувофиқро омода намуданд, ки дар айни замон "бар зидди низоми пӯшидаи ҳукмрони ба як ҳизби сиёсӣ хос дар давлат ва ба инҳисори (монополия) он тобеъ будани тамоми сохторҳои кишвар равона карда шуда буд". Моддаи 19 Конститутсия нави соли 1961 аз ҷониби ашхоси алоҳида ва ё ҳизбҳо истифода намудани динро бо мақсадҳои сиёсӣ манъ карда буд. Чунин ҳолат баъдтар, хусусан дар Қонун оид ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар соли 1965 қабул гардида буд, идома ёфтааст. Дар Конститутсияи соли 1961 дар бораи озодии виҷдон, эътиқоди динӣ, инчунин мулоҳизаҳо дар бораи он, ки таълимоти дини мавзӯи тасмими инфиродӣ мебошад, оварда шудааст. Дар моддаи 19 дар боло қайдгардида гуфта мешавад: «Ба ҳеҷ кас иҷозат дода намешавад, ки динро истисмор кунад ва ё ҳатто барои қисман барқарор кардани низоми бунёдии (фундаменталӣ) иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар аз рӯи догмаҳои динӣ аз он сӯиистифода намояд. Муқаррароти қонунҳои дахлдор нисбати ҳамаи созмонҳое, ки ин мамнӯъиятро вайрон мекунанд, нисбати онҳое, ки дигаронро ба ин амал водор мекунанд ё нисбати ҳизбҳои сиёсии дар чунин қонуншиканӣ даст дошта, бояд татбиқ карда шаванд. Фаъолияти чунин ҳизбҳо бояд аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба таври доимӣ баста шаванд.

Бо вуҷуди ин дар соли 1960 пас аз ҷониби ҳарбиён сарнагун намудани низоми ҲД, ки   ҳукуматдорони нав барои аз болои қувваҳои динӣ назорат бурдан муқаррар карда буданд, дигар сахт набуд чи хеле ки он дар даврони низоми яккаҳизбии дар Ҷумҳурии Туркия то замони ба охир расидани Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ вуҷуд дошт.

Ҳизбҳои сиёсие, ки сиёсати худро бо "арзишҳои мусулмонӣ" мепайвастанд, дар охири солҳои 50-ум ба вуҷуд омаданд. Ҳизби ҷунбиши миллӣ -ҲҶМ (солҳои 1958-1969  Ҳизби миллӣ-ҷумҳуриявии деҳқонон) исломгароиро низ ҳамчун  асоси фаъолияти худ эълон намуд. ҲҶМ асосан ба тарбияи миллатчигии ҷавонон, ба рушди маълумотнокии динӣ, ба зарурияти вобаста ба ин нуфузи давлат дар фаъолияти васоити ахбори омма, мустақилияти Туркия дар масъалаҳои сиёсати хориҷӣ,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.

Дар соли 1970 Ҳизби тартиботи миллӣ (ҲТМ) таъсис дода шуд. Роҳбари ҳизб арбоби шинохтаи сиёсат ва давлат Наҷмиттин Эрбакан ҳизбро ҳамчун ҳизби исломӣ тавсиф намуд. Вай озодии диниву таълимоти динӣ  ва баланд бардоштани сатҳи ахлоқии ҷомеаро дар муқобили нуфузи фарҳанги ғарбӣ талаб намудааст. Эрбакан пешниҳод намуд, ки сиёсати хориҷӣ дар рушди муносибат бо кишварҳои мусулмонӣ бояд замина бигирад. Дар соли 1971 Ҳизби тартиботи миллӣ бо иттиҳоми вайрон кардани принсипи лаитсизм, ки яке аз муқаррароти асосии Конститутсия аст,  манъ карда шуд.

Аслан, дар заминаи ҳизби мамнӯи ҲТМ соли 1972 Ҳизби исломгарои Наҷоти Миллӣ (ҲНМ) таъсис ёфт. Дар доираҳои динӣ саволҳои зерин, аз ҷумла лаитсизмро чи тавр муайян кард,  чи гуна қонуниятро барои ақидаҳои сиёсии ҲНМ барои ширкат зери таъсири одамоне, ки ақидаи онро пайгирӣ мекунанд, ба вуҷуд омаданд. ҲНМ “ақида”-и худро ҳамчун ҷаҳонбинии “миллӣ” муайян намуд. Мафҳуми “миллӣ” тибқи тафсири ҳизб ба таърих ва тамаддуни ислом асос ёфта буд. Мувофиқи ин тафсир, сабаби онро, ки империяи абарқудрат як таърихи гузашта буда, ҷомеаи имрӯзаи Туркия ба сатҳи кишварҳои пешрафта нарасидааст, бояд дар муносибат бо Ғарб ҷуст. Аз даст додани қудрати қаблии ҷомеаи Туркияро ҲНМ дар рад кардани мероси фарҳангӣ ва дар натиҷаи ин дар ғайрисаноатикунонии кишвар фаҳмонидааст. Зиёиёни дунявӣ бар он ақида буданд, ки дар фурӯпошии Империяи Усмонӣ куҳанпарастона будани исломгароӣ дар сиёсат ва сохти иҷтимоии усмонӣ нақши намоён бозидааст, вале ҲНМ онро дар таъсири тамаддуни ғарбӣ дидааст.  ҲНМ ба таърих, ки хоси исломгароӣ аст, таваҷҷӯҳи хоса дода, бунёди ҷомеаи пуриқтидор  эҳёи "Туркияи бузург" -ро аз муҳимтарин вазифаҳо шуморидааст. Ҳамчунин, Сулаймон Демирел  дар замони сарвазир ва президенти Туркия буданаш ба таъсис додани "Туркияи бузург"  низ  даъват карда буд.  ҲНМ  бовар дошт, ки ҳадафи ҳизб саноатикунонӣ кишвар аст, ки имконияти бунёди  ҷомеа ва давлати пурқувват хоҳад буд. Аммо, инро фақат бо роҳи "бозгашт" ба таърих ва маданияти худ ба даст овардан мумкин аст.

Ҷиҳати динӣ дар сиёсати ҲНМ ва дар сиёсати ҲҶМ якҷоя бо миллатчигии шадид, инчунин бӯҳрони иқтисодии кишвар, ки ба вазъияти мардум таъсир расонд, боиси густариши маъруфияти ин ҳизбҳо гардид. Дар ин бора вокуниш ба шиддат гирифтани масъалаҳои ислом дар низоми лаитсистии кишвар, ки дар ҲХЧ (Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ) намудор гашта буд, гувоҳӣ додааст. ҲХҶ қадимтарин ҳизби чапгарои марказӣ, яке аз ҳизбҳои бонуфуз мисли дигар ҳизбҳо, аҳамияти омили диниро дар ҳаёти сиёсии кишвар ба иноат гирифт. Дар барномаи пешазинтихоботии ҲХҶ дар соли 1973 муносибат ба дин муайян карда шуда, расман эълон гардида буд, ки "аз ҳар нуқтаи назар озодии эътиқоди динӣ ҳифз карда мешавад", «ҲХҶ боварӣ дорад, ки эътиқоди динии мардуми Туркия ва садоқат ба дин дар рушди демократия ва адолати иҷтимоӣ монеа намебошанд...”. Дар идома, дар барномаи ҲХҶ гуфта шудааст, ки бо шарти огаҳии истифода бурдани дин дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, садоқати мардум ба дин наметавонад барои баҳс ба манфиати ҷомеа монеа шавад.
Идома дорад...

Поцхверия Б.М.”Эволюция исламизма в республиканской Турции”  /Ислам на современном Востоке: Регион стран Ближ. и Сред.Востока, Юж. и Центр. Азии / Ин-т востоковедения Рос. акад. наук, Ин-т изучения Израиля и Ближ. Востока; [Огв. редакторы: : В.Я. Белокреницкий и А.З. Егорин]. - М.: Ин-т востоковедения РАН: Крафт+, 2004. стр. 56-70

https://book.ivran.ru/book?id=642&from=1061

 

Тарҷума ва таҳияи

ходими калони илмии

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт

Салимов А.Ҳ.

НАЗАД