НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Таҳаввули исломгароӣ дар Ҷумҳурии Туркия. қисми 2

Автор: Салимов Акбар

Расм

 Охири солҳои 1970 бо сабаби вазъи бӯҳрони иқтисодӣ, беаҳамиятии роҳбарияти кишвар, яку якбора тезутунд гардидани вазъияти сиёсӣ-дохилӣ, хусусан авҷи террори сиёсии ташкилотҳои экстремистии рост ва чап вазъиятро дар кишвар хеле мураккаб гардонида, боиси табаддулоти  ҳарбии 12 сентябри соли 1980 гардид. Пароканда шудани парлумон, манъи ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ва таъқиби нерӯҳои экстремистӣ ва демократӣ ба амал омад. Фаъолияти сиёсии роҳбарони аксарияти ҳизбҳои бонуфуз ба муддати 10 сол ва вакилони парлумон ба мӯҳлати 5 сол манъ карда шуданд. Ҳокимият ба дасти Шӯрои амнияти Миллӣ, ки аз ҷониби ҳарбиён таъсис дода шуда буд, гузашт. Зери назорати онҳо Конститутсияи нав таҳия карда шуда, дар натиҷаи раъйпурсӣ, ки соли 1982 дар кишвар баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар моддаҳои он, эҳтимол, нигаронии афзоиши нуфузи доираҳои исломгаро инъикос гардида буданд, ки баъзан дар матбуот он "эҳёи мусалмонӣ" ишора мегардид. Аз ин рӯ, дар сарсухани Конститутсия омадааст, ки ҳеҷ гуна ақида, аз ҷумла эътиқодоти динӣ бо манфиатҳои миллии кишвар мухолифат карда наметавонанд. Дар моддаи дуюми Конститутсия хусусияти лаитсистии давлат зикр гардидааст. Дар муқоиса бо конститутсияҳои қаблӣ, дар он вобаста ба манъи дахолати динӣ ба сиёсат навигарӣ кам аст. Дар моддаи 24 қайд гардидааст: «Ба ҳеҷ кас иҷозат дода намешавад, ки аз дин ё эҳсосоти динӣ ва  ё аз муқаддасоти динӣ бо ҳар усул барои мақсадҳои таъсири шахсӣ ё сиёсӣ сӯиистифода кунад ва барои барқарор намудани низом, ҳатто қисман бунёдӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ дар кишвар аз догмаҳои динӣ истифода намояд". Ташкилотҳои исломие, ки муқаррароти конститутсионии марбут ба динро мустақиман ё ғайримустақим вайрон карданд, инчунин роҳбарон ва аъзоёни айбдор гардидаи ин ташкилотҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар робита ба ин, тарҷумаи нашршудаи ин моддаи Конститутсияи соли 1982 диққатро ба худ ҷалб намудааст, ки маънои сиёсӣ ва ҳуқуқии онро таҳриф мекунад: «Ҳеҷ кас наметавонад аз дин истифода кунад ва ё аз эҳсосоти динӣ ё муқаддасоти эътирофшудаи динӣ бо мақсади бигзор қисман, мутобиқ сохтани қоидаҳои динӣ ба низоми иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ё ҳуқуқии давлат ё бо мақсади таъмини манфиатҳо ва нуфузи сиёсӣ ё шахсӣ сӯиистифода намояд”. Ин маънои онро надорад, ки сохти давлатӣ дар заминаи динӣ бунёд карда шавад.

Дар баробари манъи истифодаи дин алайҳи давлат дар Конститутсия  оид ба таълимоти динӣ низ гуфта шудааст: “ Омӯзиш  ва таълими дин ва ахлоқ таҳти назорати давлат амалӣ карда мешавад ... дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар байни фанҳои ҳатмӣ ҷойгоҳро дорост."

Пас аз табаддулоти 1980, ҳукуматдорон ба идеологияи нав - "синтези туркӣ-исломӣ" таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Дар соли 1983 ба таъсис додани ҳизбҳо иҷозат дода шуд ва соли 1986 системаи ҳизбӣ аз нав ба вуҷуд оварада шуданд. Аслан ҳизбҳои нав дар асоси ҳизбҳои қаблан пароканда карда шуда таъсис дода шуданд. Хислати махсуси онҳо ногузирии рӯй овардан ба таносуби лаитсизм ва дин буд, ки дар изҳороти баъзе ҳизбҳо ба он таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Ин бо доман паҳн намудани нуфузи дин шарҳ дода шудааст. Ҳамин тавр, Ҳизби марказгарои рости Ватан, ки соли 1983 таъсис дода шудааст, ба зарурати баланд бардоштани нақши дин дар ҳаёти ҷомеа таъкид кард. Ҳизб аз тафсири атеистии лаитсизм даст кашида, изҳор намудаст, ки охирин "ба дин бояд халал нарасонад."

Ҳизби фаъолияти Миллӣ, ки дар соли 1983 зери номи Консервативӣ (Муҳофизакор) таъсис дода шуд ва пас аз ду соли номгузорӣ, худро  ҳизби миллатчигии шадид нишон дод. Ҳизби мазкур, инчунин зидди фишори сиёсӣ ба дин буд, зеро рушди тарбияи рӯҳонӣ (динӣ) ва миллатчигиро ба он алоқаманд донистааст. Ҳамчун як ҳизби риоякунандаи қонун, лоақал, дар робита бо дин, ҷонибдори вусъат додани ҳамкорӣ бо кишварҳои мусулмонӣ буд.

Дар моҳи апрели соли 1983 Ҳизби исломгарои Рифоҳ (ҲР) зери роҳбарии А. Туркмен таъсис дода шуд. ҲР аслан мавқеи ҲНМ-ро гирифта, барои баланд бардоштани арзишҳои исломӣ ва таблиғи озоди онҳо дар доираи демократия баромад кард. ҲР ба таълимоти динӣ дар муассисаҳои одии таълимӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. ҲР чунин меҳисобид, ки лаитсизм ба озодии виҷдон ва дин мухолифат надорад. Ақидаҳои миллатчигиро тарафдорӣ намуда, ҲР зикр кардааст, ки ба онҳо арзишҳои маънавӣ хосанд. Мушоҳида карда шуд, ки ҳизбҳои  миллатчии шадид аксаран исломгаро буданд, дар ҳоле ки охирин миллатчӣ буданд. Дар ин ҷода, ҳизбҳои пас аз табаддулоти ҳарбӣ ташкил ёфта, аз гузаштагони идеологии худ пайравӣ мекарданд. Кадрҳои (кормандон, аъзоён) онҳо бо вуҷуди ин ба дараҷае ҳамон кадрҳо буданд. Исломгароӣ ва миллатгароӣ ба устувории (матонат) худ тавофут доштанд. ҲР ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои мусулмонӣ эътибори хоса зоҳир менамуд.

Дар миёнаҳои солҳои 80-ум дар кишвар маъракаи демократикунонӣ, аз ҷумла, барои ворид намудани тағйироти лозима дар Конститутсия вобаста ба баргардонидани ҳуқуқҳои сиёсӣ ба роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ки пеш аз табаддулоти ҳарбӣ дар соли 1980 вуҷуд доштанд, оғоз ёфт. Натиҷаҳои раъйпурсии 6 сентябри соли 1987 баргузор гардида барояшон қонеъкунанда буд, ки  боиси бозгашти онҳо ба фаъолияти сиёсӣ гардид. Наҷмиттин Эрабакан дубора раиси генерали ҳизби клерикалии Рифоҳ ва роҳбари Ҳизби ҷунбиши миллӣ-ҲҶМ (то ин замон  Ҳизби фаъолияти миллӣ) бори дувум Алпаслан Туркеш интихоб гардиданд. Пас аз эҳёи фаъолияти ҳизбҳо, ки барояшон тамоюли исломгароӣ хос буд, дар ҳаёти сиёсии кишвар мавқеи онҳо устувор гардид.

Дар интихоботи парлумонии моҳи октябри соли 1991 Ҳизби исломгарои Рифоҳ муваффақ гардида, 16,8% овоз ва 62 мандатро ба даст овард. Дар интихоботи моҳи декабри соли 1995 бошад муваффақияти исломгароён дар таърихи кишвар бемисл буд. ҲР аз дигар ҳизбҳо бештари овози интихобкунандагон 21,3% ба даст оварда, соҳиби 158 то ҷой аз 550 ҷой дар парлумон гардид. Заминаи бавуҷудовардаи интихоботи соли 1995 буҳрони шадиди иҷтимоию иқтисодӣ, афзоиши бекорӣ ва сатҳи хеле баланди таваррум - то 150% дар як сол буд. Ҳизбҳои сиёсии бонуфузе, ки байни ҳам рақобат доштанд, ба афзоиши нуфузи исломгароён дар ҷомеаи мусулмони Туркия кам аҳамият доданд. Дар вазъияти ба вуҷудомада, барои як қисми назарраси аҳолии мусулмони кишвар мавқеи ҲР, ки дар биниши "миллӣ" ё идеяи "миллӣ" асос ёфта буд, бештар ба назар мерасид.

Пирӯзии Ҳизби Рифоҳ дар интихоботи соли 1995 боиси нигаронӣ ва норозигӣ дар системаи сиёсии Туркия, асосан дар системаи ғарбгароӣ гардид. Натиҷаҳои ин интихобот ба он оварда расонданд, ки мухолифати байни ҳизбҳо дар тӯли зиёда аз ним сол, бидуни иштироки Ҳизби исломгарои Рафоҳ таъсис ҳукуматро иҷозат надод. Н. Эрбакан дар парлумон савганд ёд карда, гуфт, ки Туркия давлати дунявӣ мебошад. Лекин пеш аз интихобот, барои ҷалби овозҳои аксарияти кулли аҳолии ба ислом эътиқоддоштаи кишвар, вай ба моддаҳои 2 ва 24 Конститутсия, ки дар онҳо дар бораи хусусияти дунявии давлат ва манъи истифодаи дин барои мақсадҳои зидди давлатӣ оварда шудааст, ишора намуда буд.

Соли 1996 роҳбарони ду ҳизб, Н.Эрбакан ҳизби исломгарои Рифоҳ (ҲР) ва Тансу Чиллер ҳизби роҳи ҳақиқат (ҲРҲ) тавассути бастани протоколи коалитсионӣ ва ивазшавии намояндагии худ дар он,  ҳукумати дуҳизбиро таъсис доданд. Дар марҳилаи аввали дусола Н.Эрбакан мебоист сарвазир мебуд, дар ҳоле ки Т.Чиллер муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ буд. Ғайр аз ин, онҳо мебоист мубодилаи вазифа мекарданд. Ҳукумати коалитсионӣ (Рафохуол) дар соли 1996 раъйи эътимод ба даст овард. Аммо, дере нагузашта дар фаъолияти ҳукумати коалитсионӣ ихтилофи назарҳо байни Т.Чиллер, ки дар сиёсат ва иқтисод ҷонибдори Ғарб буд ва аз тарафи дигар Н.Эрбакан, ки дар сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ равияи наздик ба исломгароиро авлотар медонистанд, ба миён омад. Роҳбари ҲР,  ба барномаи мӯътадили аз тарафи ҳукумат таҳия гардида, ки дар он мавқеи ҲP ва ҲРҲ, инчунин дигар ҳизбҳои номдори мухолифини аз иштирок дар ҳукумат бо ҲP даст кашида дарҷ ёфта буд, ба тарзи худ нигоҳ кард. Ин боиси ҳушёрӣ дар артиш ва мақомоти қонунӣ гардид. Дар барномаи коалитсионӣ (Рафохуол) қайд карда шуд, ки роҳи пайвастани Туркия ба Иттиҳоди Аврупо ва садоқат ба созишномаҳои ҳарбӣ-сиёсии иттифоқчиён нигоҳ дошта шуда, тезис дар бораи сохти дунявии кишвар боқӣ хоҳад монд. Вале дар амал Н.Эрбакан даррав нерӯи худро барои «нигоҳ доштани арзишҳои исломӣ», ки бо «идеяи миллӣ» мувофиқат доштанд, равона кард. Вай ба сиёсати хориҷӣ хеле фаъолона машғул гардида, афзалиятҳоро дар он ба ҷаҳони ислом дод. Дар асл, Н.Эрбакан имкониятҳои Т.Чиллерро дар иҷрои вазифаҳои муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ маҳдуд намуд. Самтгирӣ дар ҷаҳони ислом аз ҷониби Вазири давлатӣ, муовини Н.Эрбакан оид ба ҳизб Абдуллоҳ Гул амалӣ мегардид. ҲP барои "ҳифзи арзишҳои исломӣ" чораҳо андешид. Аз ҷумла, дар сиёсати ҳизб, ҳатто ба "нигоҳдошти" забони туркӣ аз омехташавӣ бо калимаҳои бегона таваҷҷӯҳи зиёд дода шуд. ҲP нисбати барканор кардани афсарони исломгаро аз артиш, зидди манъи зуҳури донишҷӯдухтарони сатрпӯш дар муассисаҳои таълимӣ ва инчунин хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳо, муқобил баромад. Мавқеи ҲP дар бисёр масъалаҳои сиёсатҳои дохилӣ ва  хориҷӣ боиси ба миён овардани норозигӣ дар афкору амали ҷомеаи лаитсистӣ гардид. ҲР ҳатто дар робита бо ҷангиёни исломӣ доштан айбдор карда шуда буд. Шӯрои амнияти миллӣ 28 феврали соли 1997 ба "маҳдуд"  кардани фаъолияти исломгароён даъват кард. Моҳи январи соли 1998, Суди конститутсионӣ фаъолияти ҲP-ро бо иттиҳоми "нияти ҷорӣ кардани идории (идоракунии) исломӣ дар кишвар" манъ кард. Сарвазир Эрбакан ва чаҳор ҳамсафонаш бо ҷурми "кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати конститутсионӣ ва иваз кардани низом бо принсипҳои динӣ" айбдор карда шуданд. Табдирҳои андешида шуда тибқи Конститутсия буданд.

Илова бар он, бинобар таҳдид дар болои ҲР ба миён омада, Ҳизби исломгарои фазилат (ҲФ) таъсис дода шуд.  17 декабри соли 1997 ҳизби мазкурро 33 вакили ҲР бо роҳбарии Реҷай Катан таъсис доданд. Он замон, ҳизб аллакай 144 вакил, ки аз ҲP интиқол ёфта буданд, дошт. Дар Ҳизби Фазилат ихтилофи ақидаҳо мушоҳида гардид. Тарафдорони консервативҳо ва ислоҳталабон ташкил шуданд. Аз як тараф ҷонибдорони роҳбари собиқи ҲР Эрбакан, аз дигар тараф ислоҳталабон бо роҳбарии Раҷаб Тайип Эрдуғон, дар он вақт шаҳрдори Истанбул, шомил буданд. Дар натиҷаи мубориза, дар моҳи июли соли 1999 баъзе ислоҳталабон,  ки дар байни онҳо Абдуллоҳ Гул низ буд истеъфо доданд. Онҳо нақшаи таъсис ҳизби навро кашиданд. ҲФ дар интихоботи парлумонии 18 апрели 1999 бомуваффақият ширкат варзид. Ҳизб 15,5% овоз ба даст оварда, соҳиби 111 мандат гардид. Ҳамчун ҳизби сеюм аз натиҷаи интихоботи баргузоргардида, дар ташкили хукумат ҷалб карда нашуд.  Шояд, ин тасодуфӣ набуд. Гап дар он буд, ки Суди конститутсионӣ пас аз интихобот  барои бастани ҳизб бо иттиҳоми фаъолияти зидди лаитсистӣ ва далели он, ки он вориси ҳизби мамнӯи Рифоҳ аст, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. ҲФ, баробари исломӣ буданаш,  дар муносибат бо баъзе масъалаҳои муҳим аз ҲP фарқият дошт. Ҳизби Фазилат талоши Туркияро барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҷонибдорӣ менамуд, дар ҳоле ки Ҳизби Рифоҳ дар ҳама замон муқобил буд. Дар давраи ҲФ, нисбати занон бо эътимоди хоса муносибат карда, онҳоро дар вазифаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъин менамуданд. ҲФ шиори ҳизбҳои қаблии исломгароро оид ба "рисолати исломӣ" бо меъёрҳои муосири вазъи ҷомеа: демократия, ҳуқуқи башардӯстона, озодии шахс, иваз намуд. Бо вуҷуди ин, дар мавқеъ ва амали ҲФ анъанаҳои бунёдгароӣ (фундаменталистӣ) низ мушоҳида мегардиданд. Дар нимаи моҳи июни соли 2001, сардори ситоди генералӣ генерал Ҳусейн Кирвикоглу бо пахши як изҳорот аз таҳдиде, ки исломи сиёсӣ ба демократияи лаитсистӣ дар Туркия дорад, изҳори нигаронӣ кард. Пас аз ин, дар таърихи 23 июн гузорише пахш гардид,  ки дар он Суди конститутсионӣ ҲФ-ро барои фаъолияти исломгароӣ ва амалҳои тахрибкорона бар зидди низоми лаитсистӣ дар кишвар, манӯъ эълон кард. ҲФ бо гуноҳи ҳамчун маркази фаъолияти зидди сохти дунявӣ ва пайрави махфии собиқ ҲР-и манъшуда, айбдор карда шуд. Додситон далел овард, ки ҲФ иғвову муноқишаи диниро ба вуҷуд овард. Роҳбарони ҳизбҳо айбномае, ки онҳоро барои нобуд кардани низоми лаитсистӣ дар кишвар гунаҳгор медонист, рад карданд ва изҳор доштанд, ки ҳизби онҳо танҳо имон ба арзишҳои диниро инъикос менамуд.

Идома дорад...
 

Поцхверия Б.М.”Эволюция исламизма в республиканской Турции”  /Ислам на современном Востоке: Регион стран Ближ. и Сред.Востока, Юж. и Центр. Азии / Ин-т востоковедения Рос. акад. наук, Ин-т изучения Израиля и Ближ. Востока; [Огв. редакторы: : В.Я. Белокреницкий и А.З. Егорин]. - М.: Ин-т востоковедения РАН: Крафт+, 2004. стр. 56-70

https://book.ivran.ru/book?id=642&from=1061

 

Тарҷума ва таҳияи

ходими калони илмии

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт

Салимов А.Ҳ.

НАЗАД