НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Таҳаввули исломгароӣ дар Ҷумҳурии Туркия. Қисми - 3

Автор: Салимов Акбар

Расм

Дар ҷаласаи Маҷлиси Бузурги миллии Туркия рӯзи 25 июн дар робита ба манъи фаъолияти Ҳизби Фазилат аз ҷониби Суди конститутсионӣ, раҳбари он Реҷай Кутан гуфт: «Суди конститутсионӣ парвандаеро ба анҷом расонид, ки зиёда аз ду сол давом ёфт ва Ҳизби Фазилат баста шуд. Дар ҳафтаи гузашта ман раиси  ҳизби асосии мухолифин будам. Ҳоло ман шуморо ҳамчун депутати мустақил истиқбол менамоям”. Чун дар қарори Суди конститутсионӣ гуфта шудааст, ки мутобиқи муқаррароти Конститутсия ва Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, ҲФ барои фаъолият зидди принсипи лаитсистӣ  баста гардид, лекин Кутан таъкид кард, ки то ҳол дар Туркия низоми 20 сол қабл таҳия намудаи ҳарбиён Конститутсияи 12 сентябр, ки демократияро таҳриф намуда озодиро маҳдуд мекунад,  амал карда истодааст. “ Далели он, ки ҳизб зидди Ҷумҳурӣ, ин танҳо тӯҳмат аст... Далелҳои бе асос вобаста ба фаъолияти мо, ки гӯё хилофи лаитсисзм бошад... Ҳадафи мо-демократикунонии Ҷумҳуриамон аст”.  Илова бар ин, Кутан вобаста ба зарурияти татбиқи принсипҳои давлатдорӣ, ки дар моддаи 2-и Конститутсия Туркияро ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ гуфтааст, таъкид кард. Ҳамзамон, Кутан зикр кард, ки "Туркия бо чунин Конститутсия ва чунин қонунҳо минбаъд наметавонад ба пеш ҳаракат кунад, наметавонад бо ҷаҳони озод як ҷо бошад ва миллат наметавонад арзишҳои ҷаҳони озодро ба даст орад." Кутан ба тағйир додани Конститутсия, аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи изҳори андеша, озодии имон ва виҷдон, ҳуқуқи таъсиси озоди ташкилот ва сиёсати озод,  даъват намуд. Даъватҳои Кутана дар Барномаи Ҳукумати AKP, ки соли 2002 ба қудрат омада буд, инъикос ёфтанд. Исрори Кутан соли 2002 дар барномаи ба сари қудрат омадаи Ҳизби адолат ва тараққӣ (АКП) акси худро ёфт.

3 ноябри соли 2002 дар раванди интихоботи парлумонӣ ҳизби исломгарои муътадил Ҳизби адолат ва тараққии Раҷаб Тайип Эрдоған бо ба даст овардани 34% овози интихобкунандагон ва 363 ҷой аз 550 дар Парлумон, пирӯз гардид.  Мақоми дуюм насиби Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявии (ҲХҶ) Дениз Байкал бо ба даст овардани 19 % овози интихобкунандагон ва 177 курсӣ дар Парлумон гашт. Ҳизбҳои дигар меъёри 10 % -ро гузашта натавонистанд. Натиҷаи интихобот диққати махсусро ба худ барои он ҷалб кард, ки ҳизбҳои дар парлумони қаблӣ набуда муваффақ гардиданд ва ҳизбҳои то интихоб дар  сари қудрат буда пирӯзиро аз даст доданд. Дар ин самт як қатор омилҳо нақши худро гузоштанд, аз ҷумла: шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши шумораи бекорон тибқи ахбори омма то як миллион нафар, коҳиши қурби лира 50%, афзоиши қарзи хориҷӣ дар ҳаҷми 15 миллиард доллар, авҷи фасод, сӯиистифода, мубориза байни ҳизбҳои иттифоқчиёни (коалатисия) рангоранги ҳукумати Эҷевит, ки  аз чапмарказҳо (Ҳизби чапи демократӣ), ростмарказҳо (Ҳизби Ватан ва Ҳизби роҳи дуруст) ва миллатчиҳо (Ҳизби ҷунбиши миллӣ) иборат буд. Ин иттифоқ дар давоми дуюним сол натавонист роҳи ягонаи сиёсиро таъмин кунад. Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ба афзоиши нуфузи доираҳои исломӣ мусоидат намуда, ба интихобот таъсири худро расонид. Илова бар ин, қисми аз интихобкунандагон дар шароити душвори зиндагӣ "дар шакли эътироз" овоз доданд ва ҳамин тавр норозигии худро аз сиёсати ҳизбҳои собиқи ҳукумат, иброз намуданд. Интихобкунандагон ба тарафдории ду ҳизбе овоз доданд, ки масъулияти мушкилоти ҳалношудаи мардумро, бар дӯш нагирифта буданд.

Барои ҳизби сари қудрат омади AKP ва пешвои он Раҷаб Эрдоған, ки 9 марти соли 2003 дар интихоботи иловагии парлумон пирӯз гашт, хислати тамоюли маъруф ба либерализм ва наздикшавӣ бо Ғарб, хос буд. Ӯ пеш аз интихоботи парлумонӣ беҳуда нагуфта буд, ки ба рӯйхати номзадҳои ҳизб ашхоси шинохта бо унвони радикал дохил карда нахоҳад шуд. Дар Туркия қайд гардид, ки Ғарб нисбати AKP ақидаи нодуруст надорад, зеро АКР истиқрори "демократияи мусулмонӣ", "ҳамдигарфаҳмӣ" -и исломро бо модернизм, ҳамгироиро бо Аврупо ҳадафи худ эълом кардааст. Ҳамзамон, хоҳиши ба роҳ мондани ҳамкории AKP бо артиш, ки  ҳифзкунандаи принсипҳои лаитсизми аз Отатурк боқӣ гузошта мебошад, изҳор гардид. Дар Туркия артиш кафили суботи кишвар, омили муҳими татбиқи сиёсати дунявӣ дар муносибати қонунӣ бо дин ва пешгирии ифротгароии динӣ  маҳсуб меёбад.

Дар барномаи ба парлумон пешниҳод намудаи ҳукумати якҳизбаи AKP дар таърихи 23 ноябри соли 2002 аз ҷониби Абдуллоҳ Гул, ки то замони интихоб шудани Эрдуғон аъзои парлумон ва сипас сарвазир таъин шуданаш, сарвазири муваққатӣ буд, эҳтиром ба Камол Отатурк ва нақши ӯ дар бунёди Ҷумҳурӣ таъкид гардида буд. Барномаи ҳукуматии AKP бо суханони зерин оғоз меёбад: «Дар тамоми саъю кӯшишҳои мо, асос ҳадафи расидан ба сатҳи тамаддуни муосир хоҳад буд, ки асосгузори Ҷумҳурии мо, пешвои муаззам Мустафо Камол Отатурк диққати моро ба он ҷалб кард ва дар қисмати маорифи ҳалқ  аҳамияте, ки" Отатурки бузург ба тарбияи ҷавонон бо озодии андеша ва виҷдон дода буд "махсус қайд карда шудааст.

Раҳбари AKP Эрдуғон пас аз пирӯзии ҳизбаш дар интихобот ғайричашмдошт гуфт, ки ҳизб заминаи динӣ надорад. Гузашта аз ин, дар барномаи ҳукуматии AKP муқаррароти Конститутсияи амалкунандаи соли 1982  таҷдид карда шуда, дар он оид ба монеа шудан дар истифодаи дин бо мақсадҳои сиёсӣ, шахсӣ ва ё нияти бад, дарҷ гардидааст.

Барои барномаи ҳукуматии як ҳизби муътадили наздик ба исломгароӣ мақсаддор будан хос аст. Дар он робитаи  рушди иқтисодӣ ва демократии кишвар бо мушкилоти пайвастани Туркия ба Иттиҳоди Аврупо, ки дар самти сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад, таъкид карда шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои рақобати озод ва бартараф сохтани монеаҳо дар соҳаи соҳибкории ватанию хориҷӣ, тағйир додани сектори давлатӣ ва такмили идоракунӣ дар назар дошта шудааст. Муҳим тезонидани хусусигардонӣ мебошад. Ба ин вазифаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод  бо ҳама зуҳуроти он, аз ҷумла бо коррупсия, ки барои он таъсиси судҳои махсус ба нақша гирифта шудаанд, алоқаманд аст.

Пешгирии поймолкунии ҳуқуқ ва истисмори занон аз вазифаҳои афзалиятноки барномаи ҳукуматии ҳизби наздик ба исломгароӣ аст. Диққати асосӣ ба мубориза бар зидди камбизоатӣ, тарбияи ҷавонон дода шудааст.

Хусусияти муҳими барнома дар пешниҳоди модернизатсияи қонунҳо дар бораи ҳизбҳо, интихобот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисод, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ниҳоят, тағйирот ба Конститутсия мебошад.

Дар Туркия қайд гардид, ки ин ҳама ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдиро (фундаменталӣ) тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои Копенгаген, ки татбиқи онҳо шарти қабули кишвар ба Иттиҳоди Аврупо аст, бояд таъмин намояд.

Дар барномаи ҳукумат қайд карда шудааст, ки дар таърихи Туркия марҳилаи нав дар сиёсат, марҳилаи тарки кишвар аз фарҳанги сиёсии бо раванди муосир ҳамоҳанг набуда, оғоз гардид. Дар Туркия ва Аврупо чунин ақида  ба вуҷуд омад, ки ба сари қудрат омадани АКР- и исломгаро ба принсипҳои лаитсистии ҷомеаи Туркия таҳдид намекунад.

Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад,  фарқият дар афзалиятҳои Ҳизби Рифоҳи наздик ба исломгарои Эрбакан (моҳи июли соли 1996 дар сари қудрат буд)  ва  Ҳизби адолат ва тараққӣ (АКР), мушоҳида мегарданд. Сарвазир Эрбакан ва вазири давлатӣ Абдуллоҳ Гул ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои мусулмонӣ бештар аҳамият додаанд. Ҳам замон, Эрбакан ба ташкили як созмони ҳамкории мусулмонӣ миёни кишварҳои Туркия, Эрон, Покистон, Бангладеш, Малайзия, Индонезия, Миср, Нигерия диққат дод. Ҳадафҳои таъсиси созмон возеҳ набуданд. Ин созмони мусулмонӣ таҳти унвони "D-8" (рушди ҳашт) наметавонад мавқеи ширкати фаъолонаи Туркияро дар Созмони конференсияи Исломӣ иваз кунад.

Пешвои AKP Эрдуғон бошад, ҳатто пеш аз соҳиб гардидан ба мақоми сарвазир, ба кишварҳои Ғарб таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, яке паси дигар ташриф овард, гуфтушунидҳо анҷом дода, ақидаҳои сиёсии худро муаррифӣ намуд. Ҷидду ҷаҳди Эрдоған ба он мусоидат намуд, ки Ғарб ба сари қудрат омадани исломгароёни муътадилро хуш пазируфт, ҳарчанд, албатта, Туркияро ҳанӯз мебояд исбот кард, ки сазовори қабул кардан ба Клуби Аврупо барояш дар пеш аст.

Ба сари қудрат омадани АКР дар Туркия боиси баҳсу мунозира дар бораи “демократияи мусулмонӣ” ва таҳаммулпазири демократияи масеҳӣ дар кишварҳои аврупоӣ гардид. Ҳамзамон, дар васоити ахбори омма зикр гардид, ки аъзоёни АКР «наметавонанд низоми лаитсистии давлатро тағйир диҳанд». «Агар онҳо ба ин дастдарозӣ кунанд, он вақт бо мо, яъне муҳофизони низом дучор хоҳанд гардид. Онҳо бо  ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вомехӯранд".

Барои мубориза бар зидди ифротгароии исломӣ ҳукуматдорон аз манъ кардани фаъолияти ҳизбҳои исломӣ истифода намуданд. Дар охир, исломгароён сиёсатҳои худро ба эътидол дароварданд.  Дар матбуоти Туркия ва Ғарб гуфта шудааст, ки Туркия ба марҳилаи нав қадам мегузорад. Бо вуҷуди ин, Ғарб дар муносибат ба AKP ақидаи нодуруст надорад, зеро ҳадафи АКР   рушди ҳамдигарфаҳмии ислом бо модернизм аст. Дар ин бора барномаи ҳукуматии АКР низ, ки ҳадафи он рушди ҳамкорӣ бо Ғарб аст, гувоҳӣ медиҳад.

Сиёсати AKP аз таҳавуллот дар исломи сиёсӣ ва тамоюлҳои ислоҳталабона дар он шаҳодат медиҳад. Гумон аст, ки агар ҳамкории артиши содиқ ба ақидаҳои лаитсистии Отатурк ва АКР бомуваффақият амалӣ гардад, наздикшавии ниҳоят зарур ба Аврупо ва рушди иқтисодиёт таъмин хоҳанд гашт.

 

 

Поцхверия Б.М.”Эволюция исламизма в республиканской Турции”  /Ислам на современном Востоке: Регион стран Ближ. и Сред.Востока, Юж. и Центр. Азии / Ин-т востоковедения Рос. акад. наук, Ин-т изучения Израиля и Ближ. Востока; [Огв. редакторы: : В.Я. Белокреницкий и А.З. Егорин]. - М.: Ин-т востоковедения РАН: Крафт+, 2004. стр. 56-70

https://book.ivran.ru/book?id=642&from=1061

 

Тарҷума ва таҳияи

ходими калони илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт

Салимов А.Ҳ.

НАЗАД