НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Таҷлили Наврӯз дар мамлакатҳои араб

Автор: Давлатова Фарида

Расм

Таҷлили Наврӯз дар мамлакатҳои араб

Ҷашни Наврӯз мутааллиқ ба мардуми ориёест, ки ҳазорон сол пеш дар минтақаи ҷуғрофии сарзамини Форс зиндагӣ мекарданд. Наврӯз ягона ҷашнест, ки аз ҷониби қавмҳо, динҳо ва миллатҳои гуногун дар қитъаҳои гуногун бо шукӯҳ ва шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, оварандаи файзу баракат, ғалабаи рӯшноӣ ба торикӣ, некӣ бар бадӣ, иди эҳсону бахшишҳо ба дилҳо фараҳу нишот оварда, ғаму андӯҳро дур месозад.

Ин ҷашн  дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Ироқ, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва ғайра ҷашни расмӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи гузориши ЮНЕСКО соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарони бархе аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашн ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шуда, айни замон беш аз 300 миллион нафар дар саросари ҷаҳон Наврӯзро хамасола чашн мегиранд.

Агар нигоҳе ба пасманзари таърих андозем, таҷлили Наврӯз дар Эронзамин таърихи чандҳазорсола дорад, ки мардуми форсизабон онро ҳамчун иди пирӯзии нур бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ҷашн мегирифтанд. Дар мавриди таҷлили Наврӯз миёни мамолики араб танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки аз замони фиръавнҳо дар Миср ҳар сол вуруди баҳорро бо рақсу сурудхонӣ ҷашн мегирифтанд, ки онро “шаму-н-насим”- бӯи баҳор меномиданд. Аммо ҳамчун ҷашни Наврӯз таҷлил намудани арабҳо ба асри VIII- и мелодӣ, яъне баъди омадани арабҳо ба Осиёи Марказӣ рост меояд. Ин ҳамон давраест, ки сарлашкари форсу тоҷик Абумуслими Хуросонӣ мардуми арабу форсро ба ҳам муттаҳид намуда, на танҳо забони форсӣ, балки ҷашнҳои форсинажодон- Наврӯз ва Меҳргонро миёни арабҳо роиҷ намуд. Маҳз шурӯъ аз ҳамин давра таҷлили Наврӯз аз ҷониби арабҳо оғоз гардида, то имрӯз идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки новобаста аз дину қавмият ҷашни Наврӯз миёни арабҳо мавқеи хоса дошта, ҳатто мавзӯи эҷодии шоирони араб ба монанди Муҳаммад ал- Куфӣ, Абу убода ал- Валид ал- Буҳтурӣ ва ғайраҳо баёнгари он аст. Имрӯз мамлакатҳои араб дар баробари дигар кишварҳо ин ҷашнро тариқаи худ таҷлил менамоянд, ки бархе аз онро мисол меорем.

Наврӯз дар Сурия. Маросимҳои Наврӯз дар Сурия аҳамияти назаррас доранд. Албатта, бештари ин маросимҳоро курдҳои Сурия ташкил намуда, ба Наврӯз аҳамияти хоса медиҳанд. Урфу одатҳои курдҳои Сурия ба урфу одатҳои курдҳои Лубнон хеле монанд аст. Мардуми курди Сурия низ дар баробари рӯзи аввали баҳор ва таҷдиди табиат ба дашту биёбонҳо рафта Наврӯзро ҷашн мегиранд. Маросими Наврӯзи курдҳо таҳти назорати бевоситаи давлати Сурия баргузор мегардад. Курдҳои Сурия Наврӯзро аз ду ҷиҳат шарҳ медиҳанд. Яке ба унвони "Иди Азадӣ" ва дигаре "Иди Баҳор". Ба эътиқоди асотирии онҳо, шахсе бо номи "Кавҳ" курдҳоро гирд овард ва онҳо бо сарварии ӯ бар зидди золим "Заҳҳок" шӯриш бардоштанд ва Кавҳ аз аввалинҳо шуда ба қасри он ҳокими зишт ҳамла карда, ӯро куштааст. Бад-ин тартиб, курдҳо аз зулми Заҳҳок раҳо шуданд ва пас аз расидан ба неъмати озодӣ дар кӯҳистон оташ афрӯхта, ҷашну шодӣ барпо намуданд. Ба кавли курдҳо, рӯзи Наврӯз ба рӯзи аввали баҳор рост омад ва аз ин ҷиҳат курдҳо ҳамасола ин рӯзро ба унвони “Иди Баҳор” таҷлил мекунанд ва ба ин муносибат суннати оташ афрӯхтани шаби Наврӯз дар миёни курдҳо то ҳол боқӣ мондааст. Ин анъанаи ҷашнгирӣ ба маросиме, ки курдҳои Лубнон ва Ироқ мегузаронанд, шабоҳат дорад. Худи хамон рӯз ба қуллаҳо мебароянд ва оташ афрӯхта, шодмонӣ мекунанд.

Инчунин дар устураҳои курдҳо омадааст, ки чун киштии Ҳазрати Нӯҳ дар шаби Наврӯз дар кӯҳи Ҷудои Курдистони Туркия фуруд омад, тӯфон поён ёфт. Ҳамчунин бар ин боваранд, ки ҳазрати Иброҳими Халил (а) дар Наврӯз аз оташи мушрикон раҳоӣ ёфта, оташ барои ӯ ба гулистон табдил ёфтааст. Дар Наврӯз курдҳо либоси нав ба бар мекунанд, беҳтарин ғизои суннатии ба худашон писандидаро омода мекунанд, бо ҳам ба истироҳатгоҳҳо мераванд ва ҷашнҳои баҳорро бо шодӣ мегузаронанд.

Наврӯз дар Аморати Муттаҳидаи Араб

Ба далели дар рӯзҳои Наврӯз сафари бисёре аз эрониён ба ин кишвар, ба вижа Дубай ва дар умум муҳоҷирати шумори бузурги эрониён ба Аморот, Наврӯз дар ин кишвар бо шукӯҳи хоса таҷлил мешавад. Албатта, бештари маросимҳоро эрониҳо ташкил мекунанд. Аз ҷониби дигар, аҳамияти вижае, ки ниҳоди раҳбарии Амороти Муттаҳидаи Араб ба фарҳангҳои мухталиф медиҳад, боис шудааст, ки маросими Наврӯз аз сӯи эрониён бо фазои вижа баргузор шавад.

Дар рӯзҳои Наврӯз фазои Амороти Муттаҳидаи Араб низ наврӯзӣ аст. Илова бар ин, аморати Дубай низ талош мекунад, ки ҳамасола ба сайёҳони эронӣ хидматҳои вижае ироа кунад. Эрониҳо бар асоси расму ойин ва суннатҳои худ озодона маросими Наврӯзро оғоз мекунанд, аз ҷумла дастархони ҳафт “Син” ва ҳафт “Шин” ва либосҳои нав ба бар намуда ба зиёрати ҳамдигар мераванд. Бояд зикр намуд, ки дар Аморат ҳиндуҳо, покистониҳо, туркҳо, афғонҳо, курдҳо ва қавмҳои дигар, ки фарҳанги наврӯзӣ доранд, низ мисли эрониён Наврӯзро бо ҳам ҷашн мегиранд.

Ҳамин тавр аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса кард, ки имрӯз ҳавзаи кишварҳои Наврӯз тавсеа ёфта, ҳар кишвар мутобиқ ба анъанава эътиқоди худ онро таҷлил менамояд. Бинобар ин метавон гуфт, Наврӯз на танҳо ҷашни табиат ҳамчунин ҷашни васлкунанда ва иттифоқкунандаи фарҳангҳои ҷаҳонист.

Давлатова Фарида,

ходими хурди илмии

Институти  омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД