НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Тоҷикистону Қазоқистон - ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Тоҷикистону Қазоқистон - ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ

Дар воқеъ таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат муносибатҳои неки ин ду ҳамсоякишвар - Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳу самтҳои гуногун рушду инкишоф намуда, айни замон дар ин ҷода корҳои зиёде баҳри таҳкими муносибатҳои тарафайн идома доранд. Мусаллам аст, ки барқарор намудан ва рушду инкишоф додани муносибатҳои барои ҳамдигар фоидабахш дар заминаи тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва иҷтимоӣ пайдо намуда аст. Метавон иброз намуд, ки қабл аз ҳама вобастагии иқтисодии давлатҳо, омили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ асоси рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро тақозо мекунад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду инкишофи муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ва минтақаҳо актуалӣ маҳсуб меёбанд. Таърих исбот намуд, ки ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва бисёрсамт барои давлатҳои нави мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аҳамияти ҳаётан муҳим ва ниҳоят мусбат доранд. Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчун давлатҳои тозаистиқлол манфиатҳои умумимиллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ доранд, ки ин ҳама дар таҳкими ҳамаҷонибаи пояҳои истиқлолият, рушди устувор, сулҳу суботи дохилӣ, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ асоснок карда мешавад. Мавриди зикри хос аст, ки Тоҷикистон ва Қазоқистонро риштаҳои дӯстии таърихӣ, робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ, техникӣ, анъанаҳо ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ба ҳам пайваст мекунанд. Ҳамин тавр аз нигоҳи таърих дар як давраи нисбатан кӯтоҳи истиқлоли давлатӣ ду мамлакати ҷавон Тоҷикистон ва Қазоқистон тавонистанд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои пурмазмуну фаъоли тарафайн таҷрибаи нодири гаронбаҳою ғанӣ ба даст овардаанд. Дар воқеъ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба решаҳои қадимаи таърихӣ такя намуда, бо риояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эҳтироми тарафайн ва ҳамфикрӣ муносибатҳои гуногунҷанбаро дар заминаи сифатан нав эҳё намуда истодаанд.

Сазовори ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд. Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, яксонӣ ё наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Сатҳи баланди муносибатҳоро беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар бар мегирад. Қайд кардан ба маврид аст, ки моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ - Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Ҳамзамон санади дигари муҳим ин Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 сентябри соли 2015 мебошад. Дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба - эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, адами дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд. 19-20 майи соли 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба густариши ҳамкории стратегии ду кишвари бародар такони тоза бахшид. Дар доираи ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ ҷаласаи 3 -юми Гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содира байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он чораҳои лозим ба афзун гардонидани тиҷорат ва рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар доираи ин ҷаласа форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Пӯшида нест, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба густашири муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ мешавад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳо байни доираҳои илмию эҷодӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барқарор шуданд ва бемайлон густариш меёбад. Шаҳрвандони ҳар ду кишвар имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси квота таҳсил кунанд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба - СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва МҲТБО бомуваффақият ҳамкорӣ менамоянд. Чуноне, ки иттилоъ дорем, сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев ба Тоҷикистон санаи 19-20 майи соли 2021 дар таърихи робитаҳои дўстонаи ҳарду кишвар саҳифаи нав боз намуд. Дар ҷараёни мулоқотҳои судманд сарони ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Жомарт Токаев зарурати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахшро байни кишварҳо таъкид намуданд. Дар фарҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев 8 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Ҳамзамон, имрӯзҳо муносибати ду ҳамсоякишвари соҳибистиқлол ба пешрафти минбаъда нигаронида шудааст. Қобили зикр аст, ки рушду ташаккули ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо, бахусус дар соҳаи тиҷорат ва иқтисодиёт назаррас аст. Хотирнишон бояд намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба таҳкими рӯҳияи дӯстӣ, саҳмгузорӣ, шарикии стратегӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба муҳити минтақавӣ таъсири мусбат хоҳад расонд, мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаю гуногунҷанбаро бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобила ва шарикии стратегӣ таҳким бахшад.

Хулоса, бояд таъкид кард, ки заминаи ҳуқуқии байналмилалии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон басо мустаҳкам буда, барои ҳамкориҳои минбаъдаи ду давлати соҳибистиқлол хизмат мекунад, ки ин пояи устувори асосии ҳамкориҳои судманд ва амнияти ду давлати ҳамсоякишвар дар оянда мебошад.

Умеди бузург аст, ки сафари расмии навбатии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши дӯстиву бародарии халқҳои ду кишвари соҳибистиқлол такони ҷадид бахшида, ба ҳарду кишвар шукуфоӣ ва нафъи мутақобила меорад. Хайра мақдам ба Тоҷикистони азизи мо.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи милли илмҳои Тоҷикистон,

номзади илмҳои фалсафа

НАЗАД