Яке аз хусусиятҳои идеяи миллӣ аз он иборат мебошад, ки он фақат ба ҳадафи бузург – сифатан тағйир додани воқеият ва бо ин роҳ тағйир намудани тақдири миллат равона аст. Вобаста ба ҳар як давру замон вазифаҳои идеяи миллӣ тағйирпазиранд. Рисолати идеяи миллӣ дар он таҷассум меёбад, ки як миллати мушаххасро аз як нуқтаи таърих ба марҳилаи нави тараққиёти ин миллат, яъне ба пешрафт ва ба фардои муваффақ интиқол медиҳад. Маҳз идеяи миллӣ моро илҳом мебахшад ва ба мо баҳри хизмат барои рушди Ватан неруи тозаи мудаввом медиҳад. Ба ғайр аз ин, идеяи миллӣ мунтазам бо амалия ва таҷрибаи муосири миллат дар ҳамоҳангӣ қарор ёфта, ба чолишҳои замони худ вокуниш нишон медиҳад.
Аслан идеяи миллӣ барои амалишавии чор падида зарур аст: ташаккули миллат, ҳимояти миллат аз таҳдидҳо, маҳфуз доштани миллат ва таъмин намудани рушду нумӯи миллат вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ - сиёсии ҷаҳони муосир.
Баъд аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба миллати тоҷик як хатари нав эҷод гардид, яъне аз байн рафтани давлати миллӣ ва эъмори давлати динмеҳвар. Дар ин лаҳзаҳо маҳз ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз пойдеворҳои идеяи миллӣ мебошад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуда, бо ҳамин восита яке аз рисолати идеяи миллӣ, яъне ҳимояти миллат аз таҳдидҳоро, амалӣ созанд. Ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Сарвари давлат идеяи миллии тоҷикон дар шакли олии назариявӣ - методологӣ яъне дар идеологияи миллӣ бо номи “ваҳдати миллӣ” таҷассуми худро пайдо намуд.
Ба назари мо ваҳдати миллӣ на танҳо дар таърихи муосири тоҷикон, балки дар воқеияти сиёсии минтақаи мо бисёр як падидаи нодир ба ҳисоб меравад. Ин арзиш дар зеҳни мардуми тоҷик тасаввуротро оид ба арзиши олии ҳар як миллат – истиқлоли сиёсии Ватан такмил дод. Ватан ҳамчун арзиши олии ҳар як тоҷик, маънии ҳастии тоҷикро муайян мекунад, яъне ҳар як тоҷик баҳри Ватан зиндагӣ дорад ва агар лозим шавад худро қурбони ин Ватан мекунад. Консепсияи Ваҳдати миллӣ, ки муаллифаш Пешвои миллат мебошанд, маснуияти идеологии моро аз таҳоҷуми арзишҳои зиддимиллӣ, афкори тахрибкори экстремизми динӣ, таҳдидҳо дар фазои воқеӣ, хушунати иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ ҳифз мекунад.
Чуноне ки зикр кардем, яке аз рисолати идеяи миллӣ ин дигаргунсозии сифатан беҳтари воқеияти кунунӣ ва эҷоди замина баҳри гузаштан ба марҳилаи нав дар рушди миллату Ватан мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо назардошти ҳамин рисолати идеяи миллӣ чор ҳадафи стратегии кишварро муайян намуданд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар. Расидан ба ин чор ҳадафи стратегӣ воқеияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дигаргун хоҳад сохт ва миллати моро ба марҳилаи сифатан нави рушди устувори миллӣ меоварад. Имрӯз вобаста ба расидан ба ҳадафҳои стратегӣ лоиҳаҳои бузург дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистон амалӣ мешаванд ва дар оянда ҳам идома хоҳанд ёфт.