NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Набарди Ҳиндустон бо душмани ноайён

Author: Lutfullo Barotov

Расм

                              
Тайи 9 рӯзи охир вазъияти кишвари ба мо дӯсту бародари Ҳиндустон хеле вазнин гардидааст. Бемории сироятии “COVID-19”, ки аз мавҷи якуми он мардуми ин кишвар, бо раҳбарии дурусту ҳисобии ҳукумати он, тавониста буд хеле зуду сабук берун барояд, дар мавҷи дуюм ин бурдборӣ насиби онҳо нагашт. Нуҳ рӯз боз пайи ҳам Ҳиндустон аз рӯйи гирифторшавӣ бо бемории мазкур рекордшиканӣ мекунад. Мутаасифона, шумораи гирифторшудагони рӯзона он чунон зиёд аст, ки дар ҳеҷ кишваре то имрӯз назирашро надида будем. Намудори боло муқоисаи кишварҳои ҷаҳон бо бештарин гирифторшавии рӯзонаро инъикос менамояд, ки додаҳои рӯзи 27-уми апрели 2021 мебошанд. Мебинем, ки Ҳиндустон на танҳо дар ҷойи якум меистад, балки аз кишвари баъдии худ тақрибан панҷ маротиба зиёдтар гирифторшавӣ дорад.

Намудори зерин нишон медиҳад, ки чи тавр Ҳиндустон тавонист дар мавҷи нахустини ин беморӣ онро идора кунад ва бо сарбаландӣ аз он берун ояд. Ҳатто то оғози моҳи ҷорӣ коршиносон аз идораи дурусти буҳронӣ аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон дар баробари бемории сироятии “COVID-19” сухан мегуфтанд. Ҳеҷ кас интизор надошт, ки вазъияти ин кишвари меҳварӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ то ин дараҷа буҳронӣ ҳоҳад шуд. Беморҳонаҳо аз уҳдаи расидагӣ бо мавҷи зиёди беморон намебароянд ва ин қурбониҳои зиёдеро дар пайи хоҳад дошт. Аммо интизориҳо хато баромад. Аз ин намудор мебинем, ки мавҷи дуюм зарбаи шадидтар ба ин кишвар задааст.

 

Дар намудори навбатӣ мо омори ҳафтрӯзaи охири COVID-19 дар Ҳиндустонро мебинем. Аз ин намудор дида мешавад, ки дар воқеъ шумораи гирифторшудагон хеле зиёд аст. Дар рӯзи охирин (27.04.2021) он ба зиёда аз 360 ҳазор нафар расидааст.  Вале нишондиҳандаи умедворкунанда ин шумораи ками фавтидагон мебошад. Дар ҳоле, ки садҳо ҳазор инсон гирифтори ин беморӣ мешавад, қисмати нисбатан ками онҳо вафот мекунанд. Мо агар нисбати шумораи фавтидагон дар ин рӯзи 27-уми апрелро бо шумораи гирифторшудагон дар рӯзи 21-уми апрел бинем, маълум мешавад, ки мизони фавт каме зиёдтар аз як дарсадро ташкил медиҳад. Ин мизон дар баъзе кишварҳо то 10 дарсад мерасид. Ин метавонад ба маънои камхатар будани ин мавҷ дар Ҳиндустон бошад.

 

Бо вуҷуди буҳронӣ будани вазъ дар Ҳиндустон умеди мо бар ин аст, ки дар муддати кутоҳ ҳукумати ин кишвар онро ба пуррагӣ таҳти идора мегирад ва саранҷом шикаст медиҳад. Ҳукумати Ҳиндустон ин таҷрибаро дорад ва дар баробари ин соҳаи тандурустӣ ва дорусозии ин кишвар хеле пешрафта мебошад. Тамоми дуруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар ин кишвар истеҳсол мешаванд ва табибони он имкониятҳои хеле фаровон доранд. Дар баробари ин чандин кишвари ҷаҳон аллакай ба Ҳиндустон дасти ёрӣ дароз карда истодааст. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ, ба эҳтимолӣ зиёд, мушкили мазкурро ба манфиати мардуми ба мо дӯсту бародари Ҳиндустон ҳал хоҳанд кард. Бошад ки дар ин набард бо душмани ноайён Ҳиндустон пирӯз гардад!
 

(Ин мавзуъро метавонед дар линки “ravzana.ru/images” пайгирӣ кунед)
 

Меҳр Собириён

29,04,2021

BACK