Муаллиф: Меҳр Собириён
Дар мақолаи мазкур ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ду кишвари ҳамсоя бо ҳам ҳамкориҳои зиёд дорад, ки ин омӯзиши масъаларо аҳамиятнок месозад. Дар ин мақола ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар асоси гардиши умумии мол, сохтори қарзи хориҷӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ инъикос ёфтааст. Ҳамчунин мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар охир якчанд таклифҳо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани муносибатҳои дуҷониба пешниҳод гардидааст.