Муаллиф: Қодиров Ғиёсиддин
Адабиёти муосири дарӣ, ки мероси гаронбаҳое аз бузургони гузаштаи хеш дар ганҷина ва суннатҳои дурахшони дерини адабӣ дар ҳофиза дорад, тайи беш аз сад соли таърихи навини хеш, бо таъсирпазирӣ аз дастовардҳои адабиёти милали мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳамзабон ва ҳамсоя таҷрибаҳои зиёди амалӣ ва назариявӣ андӯхта аст. Ин бозёфту дастовардҳои нави адабӣ аз ҳамон ибтидо мавриди ташвиқу ҳимояти адибони кишвар қарор гирифтанд ва бо мурури замон ва зуҳури намунаҳои арзанда таваҷҷуҳи ховаршиносони Ғарбро низ ба худ ҷалб намуданд, то ҷое, ки дар шарқшиносии асри XX ба тадриҷ риштаи наве бо номи “афғоншиносӣ” (афғонистоншиносӣ) боз гардид.