Ба сӯйи ҷомеаи идеалӣ (Ҷомеаи идеалӣ сохтан раванд аст, на ҳадаф)

Муаллиф: Меҳр Собириён

Расм

 Аз бомдоди пайдоиши ҷамъият ва зиндагии иҷтимоии инсон донишмандон дар баробари дидани камбудиҳо дар ҷамъият дар фикри сохтани як ҷомеаи идеалӣ буданд ва намунаҳое аз онро коркард карда буданд. Ҷомеаи идеалӣ-ҷомеаест, ки дар он баробарӣ ва бародарӣ ҳукмфармо буда, зиндагии шоиста барои ҳар як узви он фароҳам бошад. Тақсимоти баробари захираҳо, баробарии ҳама дар назди қонун, озодии виҷдон ва баробар меҳнат кардани ҳар як шаҳрванд аз хусусиятҳои ҷомеаест, ки инсоният дер боз орзуяшро мекунад. Аммо то имрӯз ягон шакли ҷомеа ва ягон маҷмӯи қонуну қоидаҳо дар онҳо натавонистаанд ин орзуи деринаро амалӣ намоянд.

      Низоми демократия, ки имрӯз аксари ҷомеаҳо онро қабул ва амалӣ кардаанд, дар баробари дигар низомҳо агар бартариҳо дорад, аммо боз ҳам аз он ҷомеаи идеалие, ки мавриди назари соҳибназарон буд, дур аст. Уинстон Черчилл гуфта буд: “Демократия бадтарин низоми давлатдорӣ аст, аммо инсоният аз ин беҳтарашро то ҳол ихтироъ накардааст”.

      Чаро инсоният наметавонад ҷомеаҳои идеалии худро созад? Пеш аз ҳама, бояд эътироф кард, ки инсон бо вуҷуди он ҳама пешравиҳо дар нисбати дигар бошандагони ҷангал, боз ҳам яке аз ҳамон бошандагони ҷангал аст. Ҳамин ғаризаи ҷангалӣ аст, ки инсонҳоро то имрӯз дар мубориза барои ҳаёт қарор додааст ва ин муборизаҳо бо омадани пул боз ҳам хашинтар ва бераҳмонатар шуданд. Пеш аз он як инсон монанди дигар бошандашгони ҷангал танҳо барои таъминоти рӯзонааш мубориза мекард. Ӯ агар шикор мекард, танҳо як сайдро мегирифт ва то рӯзҳои дигар ором мегирифт. Аммо пул шароити хосеро фароҳам овард, ки “сайёдон” дигар қаноатро фаромӯш карда, он қадар даст ба куштору дуздӣ мезаданд, ки ба тамоми системаи табиат таҳдид эҷод мекарданд ва мекунанд. Дигар на танҳо шикор барои таъмини имрӯзи худ, балки мехоҳанд имрӯз агар имкон шуд, барои тамоми зиндагии худ ва ояндаи фарзандонашон сарват ҷамъ кунанд.

      Ин раванд ногузир ба нобаробарӣ ва беинсофӣ дар ҷомеаҳо меовард ва имрӯз ҳам меоварад. Онҳое ки қудрат доштанд, қисмати зиёди сарватҳоро аз худ мекарданд ва онҳое ки қудрат надоштанд, нодору гурусна мегаштанд. Сарватмандон бо пайдоиши низоми ғуломдорӣ, дигар даст ба кор ҳам намезаданд, дар ҷомеа онҳо танҳо фармонраво буданду истеъмолкунанда. Низомҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва капиталистӣ дар шаклҳои алоҳида сарватҳоро тақсимоти нобаробар мекарданд. Ин боиси норозигии мардум шуда, зарурати ислоҳот ва ҳалли мушкилро пеш меовард.

      Кӯшишҳои бевосита бо роҳи зурӣ гирифтани сарвати дороҳо ва бозтақсими он миёни мардум натиҷаҳои дилхоҳ намедоданд. На кӯшиши Маздакиён ва на Коммунистон натиҷаи дилхоҳеро надоданд. Чунки инсоният тартиби дурусти бозтақсими сарватҳоро надошт ва агар ба қисме даромади муфт мерасид, дигар кор намекард, ки ин боиси фалаҷ шудани иқтисод ва аз даст додани дороиҳо мешуд. Бинобар ин инсоният ба хулосае омад, ки дар ҷодаи бозтақсими захираҳо револютсия ба кор намеравад ва бояд қадам ба қадам бо роҳи андозбандиҳои махсус қисме аз дороиҳо ё даромади сарватмандонро гирифта, миёни ниёзмандон тақсим кард. Ин то дараҷае мушкилоти ҷомеаро ҳал мекард, аммо боз ҳам мушкилот зиёданд ва то ба ҷомеаи идеалӣ роҳи дарозе дар пеш аст.

      Футурологи шинохтаи амрикоӣ Жак Фреско лоиҳаи “Венера”-ро пешкаш мекунад, ки метавонад тақсимоти дурусти захираҳои ҷаҳониро ба роҳ монад. Аммо ин лоиҳа дар ҳоле кор карда метавонад, ки тамоми ҷаҳон аз рӯйи он дар якҷоягӣ кор кунад ва низоми идораи ҷаҳон ягона буда, захираҳои табии молӣ умумибашарӣ бошад. Дар ҳоле ки имкони идораи ягона дар сатҳи ҷаҳонӣ айни замон вуҷуд надорад, ин лоиҳа ҳам наметавонад амалӣ шавад.

      Бо дидани ин, ки бо дастрасӣ ба технологияи пешрафта дар асри 21 инсоният натавонистааст ҷомеаи идеалие созад, метавон ба хулосае расид, ки аслан сохтани чунин ҷомеа номумкин аст. Инсоният ҳарчи метавонад кунад, ин аст, ки бо роҳҳои гуногуни идоравӣ захираҳоро то дараҷае бозтақсими одилона кунад. Чуноне, ки на касе гурусна бошад ва на касе бо гирифтани кумаки муфт дар меҳнат танбалӣ кунад. На корфармо тавонад, ки аз меҳнати коргар сӯистифода кунад ва на коргар тавонад, ки аз пуштибонии ҳуқуқии худ сӯистифода карда, танбалӣ кунад ва ба кордиҳанда зарари молӣ расонад. Нақши низоми ҳуқуқии дуруст ва одилона дар амалисозии ин ҳадафҳо ҳалкунанда аст. Низоми ҳуқуқие, ки дар он ҳама инсонҳо, новобаста аз дороӣ ва ё пайванди дӯстиву хушутаборӣ ба касе, баробар бошанд. Бо ҳамин роҳ метавон як ҷомеаи нисбатан одилона ва қобили қабули аксарият сохт, ки дар он ҳар як инсон мақоми арзандаи худро сазовор мегардад. Роҳ ба сӯйи хубтару беҳтар кардани ҷомеа ҳам маҳдудият надорад ва метавон ҷомеаи идеалӣ сохтанро ба як раванд табдил дод, ки ин раванд қадам ба қадам зиндагии инсониятро нисбатан беҳтару бехатартар месозад. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи идеалӣ сохтан раванд аст, на ҳадаф.

      Меҳр Собириён

      15.01.2018

БОЗГАШТ