БАРХУРД Ё БАРХУРОНДАНИ ТАМАДДУНҲО? НИГОҲИ ҒАРБ БА ТАМАДДУНҲОИ ДИГАР

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Доктрина, ё таълимоти “Бархурди тамаддунҳо” ва хусусан асари Сэмюэл Ҳантингтон «Бархӯрди тамаддунҳо ва азнавсозии низоми ҷаҳонӣ» (The Clash of Civilizations and the Remaking of World Order, 1996) беш аз 25 сол мавриди интиқод қарор гирифтааст. Китоби зикршуда идома ва тавсеаи мақолаи муаллифи мазкур бо номи «Бархӯрди тамаддунҳо?» мебошад. (The Clash of Civilizations?), соли 1993 дар маҷаллаи машҳури илмии амрикоии Foreign Affairs нашр шудааст. Ба ақидаи бархе аз донишмандон, хусусан донишмандону муҳаққиқони амрикоӣ ба мисли Эдвард Саид, Ҳантингтон мақолаи худро ба андозаи як китоб вусъат дода, кӯшиш мекунад исбот кунад, ки сиёсати ҷаҳонӣ ба марҳалаи нав ворид шудааст. Агар дар гузаштаи наздик низоъҳо байни лагерҳои идеологии ҷаҳонӣ ба амал меомаданд, баъди соли 1991 ва минбаъд бо конфигуратсияи нави муносибатҳои байналмилалӣ бошад ихтилофу низоҳо байни тамаддунҳои гуногун аланга мезананд. Ҳантингтон чунин мешуморад, ки фархангҳои гуногуни ҷаҳон боиси низоъҳо гардида, дар оянда барои тамоми башарият манбаи ихтилофҳо хоҳанд шуд.
  Мувофиқи ақидаи Ҳантингтон доктринаи «Бархӯрди таммадунҳо» дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳукмрон буда, таълимоти илмии он дар илмҳои сиёсӣ, хусусан илми муносибатҳои байналмилалӣ ва конфликтология мақоми марказиро ишғол хоҳад кард. Ин мавқеи худро Хантингтон бар он асоснок мекунад, ки баъди ба итмом расидани “ҷанги сард”, ки ин ҳам масъалаи баҳсталаб то ҳанӯз боқӣ мондааст, ихтилоф ва низоъҳо байни тамаддуни Ғарб ва ғайриғарб хоҳад буд, дар назар дорад, тамаддунҳои исломӣ, конфутсионӣ ва славяниро. Аз ҷумла, ӯ ба тамаддуни исломӣ бештар аз тамаддунҳои дигар таваҷҷуҳи манфии бадбинона дорад. Тавре худи Ҳантингтон қайд мекунад, пас аз анҷоми “ҷанги сард” чандин кӯшишҳо дар илми сиёсатшиносӣ барои аз нав матраҳ сохтани харитаи сиёсии умумиҷаҳонӣ ба назар мерасанд, дар байни онҳо рисолаи илмии сиёсатшиноси амрикоии дигар Фрэнсис Фукуяма бо номи “The End of History and the Last Man, 1992” – “Конец истории и последний человек” – “Анҷоми таърих ва одами охирин” мақоми хоса дорад. Бояд тазаккур дод, ки Фукуяма шогирди Ҳантнгтон буда, Ҳантингтон ҳамин асарашро аввал дар шакли мақолаи илмӣ ва сипас дар шакли китоб дар чавоби асари Фукуяма эҷод кардааст. Асоси консепсияи Ҳантингтон идеяи бархӯрдҳо ва низоъҳои пайваста дар фазои сиёсии ҷаҳон мебошад, ки ҳамчун ҷанги хомӯшнашавандаи ғояҳо ва арзишҳои фарҳангиву тамаддунӣ сар мезананд. Ин назария ё доктрина, ки бознигарӣ ба “ҷанги сард” буд, Ҳантингтон бо воситаи он мустақиман ба интеллектуалон ва сиёсатмадорони бонуфузи пеш аз ҳама амрикоӣ ва умуман ғарбӣ муроҷиат карда мегӯяд, ки баҳсҳо, масъала, ихтилофот ва низову ҷангҳо дар ҷаҳони имрӯзу фардо аслан на иқтисодиву иҷтимоӣ, балки идеологӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ хоҳанд буд. Ва агар ин тавр бошад, пас танҳо як идеология - идеологияи ғарбӣ - як нуқтаи собит ва мутамаркази ягона бояд боқӣ монад, ки ба назари Ҳантингтон ҳама тамаддунҳои дигар дар атрофи он давр хоҳанд зад.
  Аслан, “ҷанги сард” идома дорад, аммо акнун бошад дар асоси арзишҳо ва ғояҳои асосан тамаддуни исломӣ, конфутсионӣ, православӣ ва дину фарҳангҳои дигар дар муқобили фарҳанг ва тамаддуни Ғарб барои бартарӣ ва афзалият доштан дар тамоми ҷаҳон мубориза мебаранд. Тааҷҷубовар нест, ки Ҳантингтон мақола ва сипас китобашро бо таҳқиқи мухтасар ва тавсияҳо дар бораи он, ки Ғарб бояд чӣ кор кунад, то қавӣ боқӣ монад ва рақибони худро заиф ва ҷудоӣ нигоҳ дорад, анҷом медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Ғарб бояд аз ихтилофҳо ва низоъҳои байни давлатҳои конфутсионӣ ва исломӣ истифода кунад ва бо ҳар гуна роҳҳо намояндаҳои фарҳанг ва тамаддунҳое, ки арзишу манофеи Ғарбро тарафдоранд, дастгирӣ намояд. Ниҳодҳои байналмилалие, ки манфиатҳо ва арзишҳои Ғарбро инъикос ва дастгирӣ мекунанд бояд тақвият дода шаванд ва инчунин давлатҳои ғайриғарбӣ барои иштироки дар ниҳодҳои дар боло зикршуда бояд бештар ҷалб карда шаванд. Ва ин муносибати интервенсионистӣ ва басо таҷовузкорона нисбат ба тамаддунҳои дигар ба он нигаронида шудааст, ки онҳоро бештар «ғарбӣ» кунанд. Ба ақидаи Ҳантингтон, тамаддунҳои дигар хоҳу нохоҳ бо Ғарб бархӯрд хоҳанд кард ва аз ин рӯ, Ғарб бояд ҳама корро кунад, то пайваста пирӯз шавад. Ошноӣ бо осори Ҳантингтон ва хусусан ҳамин таълимоташ олимону муҳаққиқонро ба чунин хулосае меорад, ки ба ҷои пешниҳод ва таҳияи ғояҳое, ки метавонанд ба дарки вазъи кунунии ҷаҳон ва муколамаи фарҳангҳо мусоидат кунанд, ӯ воқеан манфиатдори бештари идома ва густариш додани “ҷанги сард” бо роҳҳо ва василаҳои дигар мебошад.
  Низову бархурд байни тамаддунҳо на танҳо идома хоҳад ёфт, балки марҳилаи охирини таҳаввулоти низоъ дар ҷаҳони муосир хоҳад буд. Ин тезиси хотимавии Ҳантингтон як хулосаи хеле дағалу хом барои нигоҳ доштани рӯҳияи ҷанг дар зеҳни амрикоиҳо ва хонандагони дигари ғарбӣ буда, барои стратегҳои Пентагон ва роҳбарияти саноати мудофиавии ИМА, ки дар натиҷаи аз байн рафтани мизони пуриқтидори чахонӣ, монанди Иттиҳоди Шуравӣ, баъди як марҳилаи ба қавле ороми «ҷанги сард» фаъолияти асосии худро муваққатан аз даст дода буданд, уфуқҳо ва дурнамои нав барои анҷом додани фаъолияти васвосии (манякиашон) дар роҳи несту нобуд кардани давлатҳои осоиштаи ба ақидаҳои онҳо мухолиф ва ба таври сунъӣ ҷорӣ ва паҳн кардани демократия дар фаҳмиши онҳо, фароҳам меоянд. Ин асари Ҳантингтонро метавон ҳамчун дастур ва тавсияи сиёсии стратегӣ арзёбӣ кард, на таҳлили муфассали илмии фарҳангҳо ва тамаддунҳо. Хантингтон, ба назари мо, ҳанӯз бо тарзи гуфтор ва рафти татбиқи тадқиқоташ хонандагони асараш ва муҳаққиқи таълимоташро гумроҳ месозад. Аксари далелҳои ӯ ба ақидаҳои ҷонибҳо ва шахсиятҳои дуюм ва сеюм асос ёфтаанд, ки фаҳмиши моро дар бораи он ки фарҳангҳо чӣ гуна таъсир, рушду таҳаввул мекунанд ва чӣ гуна онҳоро беҳтар фаҳмидан ва дарк кардан мумкин аст, маҳдуд мекунад.
  Устодон ва олимони амрикоии сиёсатшиносу ҷомеашиносон ва инчунин мунаққидони илмӣ ба монанди профессори Донишгоҳи Колумбияи ИМА Эдвард Саид, профессори Донишгоҳи Стенфорд Фуад Аҷамӣ, профессори Донишгоҳи христиании Техас М. Дорраҷ, профессори Донишгоҳи Токио Сейзабуро Сато, профессори Донишгоҳи Ҷорҷтаун Шайрен Хантер, устод ва инттелектуали бузургтарини амрикоӣ ва умуман Ғарб Ноам Чомски ва дигарон бар он ақидаанд, ки сарчашмаҳои асосии ҳамин асари Ҳантингтон – публитсистика ва демагогияи оммавӣ мебошанд, на асосу натиҷаҳои таҳқиқоти ҷиддии илмӣ ва методҳои тадқиқоти илмӣ-назариявӣ. Олимони номбарда хатои асосӣ ва дағалтарини этикаи илмии Ҳантингтонро дар он мебинанд, ки ӯ фарҳангу тамаддунҳоро шахсан наомӯхта, балки таълимоташро бар ақидаи “нафарон”-и ангуштшумори баргузида ва ақидаи таҷовузкоронаи онҳо нисбат ба ин, ё он тамаддуни мушаххас асоснок мекунад.
  Баромад, ё тавлиди ибора ва мафҳуми “бархӯрди тамаддунҳо” аз мафҳуми “бархӯрди фарҳангҳо” буда, он дар замони колониалӣ ё истисморгароӣ ва даврони Зебои Аврупо (Прекрасная эпоха, La Belle Époque, Beautiful Epoch), ки аз соли 1870 то соли 1914 давом дошт, бармеояд.
  Дар адабиёти Ғарб ибораи “бархӯрди тамаддунҳо” бори аввал дар соли 1926 аз ҷониби таърихнигор ва нависандаи англис Базил Ҷозеф Мэттюс дар китобаш дар бораи Шарқи Наздик бо номи “Young Islam on trek: A study in the clash of civilizations, яъне «Исломи ҷавони дар масир: тадқиқоте дар бархӯрди тамаддунҳо», сониян аз ҷониби файласуф ва нависандаи фаронсавӣ Алберт Камю дар соли 1946 ва “таърихнигору шарқшиноси” британиягӣ ва амрикоӣ Бернард Люис дар мақолаи худ таҳти унвони (The Roots of Muslim Rage, Atlantic Monthly, September 1990) “Решаҳои хушунати мусалмонон”, ки дар шумораи сентябрии соли 1990 дар маҷаллаи илмии Atlantic Monthly чоп шудааст. Бернард Люис шахсан пайваста намояндагони тамаддунҳои шарқӣ ба мисли мусулмонон ва пайрвони конфутсийро зери таҳқир қарор медиҳад. Дар саҳифаи охирини эссеи мазкури Люис дар бораи воқеаҳои кунунии ҷаҳони ислом менависад: “Дар ҳоли ҳозир, ин аллакай ошкор аст, ки фаъолияти дини Ислом ва таъсири он аз доираи давлатҳои мусулмоннишин берун баромадааст”.
  Ин воқеан бархӯрди тамаддунҳост, мегӯяд Люис. Дар асл рӯҳи қадими душмани таърихӣ бар зидди мероси яҳудӣ ва насронии мо, бар зидди густариши арзишҳои дунявии муосири мо боқӣ мондааст, дар назар дорад ӯ мусуомононро. Хеле муҳим аст, ки мо, аз тарафи худ, ҳатто дар мубориза ва набарди одилонаи таърихӣ ҳам бошад, ба мукобили душман мисли онҳо баромад накунем”, яъне мо набояд мисли онҳо девона бошем, менависад, Бернард Люис.
  Хушбахтона, имрӯз олимону муҳаққиқоне ҳастанд, ки ба суханҳои чунин “олимони” иғвогар бовар накарда, онҳоро фош мекунанд ва онҳо боз ҳам хушбахтона, аксаран аз донишгоҳу марказҳои илмӣ-тадқиқотии давлатҳои Ғарб ва пеш аз ҳама аз ИМА мебошанд.
  Ҳантингтон ва Бернард Люис дар бораи ҷомеаи зиёда аз якуним миллиардаи мусалмонони дунё, ки дар панҷ қитъа умр ба сар бурда, дорои даҳҳо забон, анъана ва таърихи мухталиф ҳастанд, ба тариқи тахминӣ ва умумӣ нофаҳмо ва ҳатто таҳқиромез менависад, ки “онҳо аз дунявият ва муосир будани Ғарб хашмгину хушунатомезанд”. Гӯё беш аз якуним миллиард нафар як нафар одам буда, тамаддуни ғарбӣ ҳам бошад як ибораи оддӣ дар ҷумлаи соддаи ҳикоягӣ аст.
  Аз нигоҳи Ҳантингтон, тамаддунҳо яксон ва якранг ҳастанд ва сониян, ба мисли Люис, вай ба табиати тағйирнопазири дугонаи муносибати байни “мову онҳо”-ро эътироф мекунад. Яъне ҳар дуи онҳо мо гуфта Ғарбро ва намояндагони онро ҳамчун актори мусбат мепиндоранд ва “онҳо” гуфта, намояндагони тамаддунҳои конфутсионӣ, православӣ ва мусулмононро бо нақши манфӣ дар назар доранд. Ба ибораи дигар, бояд таъкид кард, ки Ҳантингтон ба мисли Люис назари объективӣ надошта, балки полемистест, ки суханрониаш на танҳо ба далелҳои қаблӣ дар бораи ҷанг вобаста аст, балки воқеан онҳоро абадӣ мегардонад. Ҳантингтон дар асари худ, ки бо он даъвои ҳаками байни тамаддунҳоро дорад, як тамаддунро дифоъ карда, онро болотар аз ҳама тамаддунҳо медонад. Ӯ низ мисли Люис тамаддуни исломӣ ва кишварҳои мусулмоннишинро хеле содда ва ибтидоӣ дониста, моҳияти онро зидди Ғарб муайян кардааст. Ба ақидаи ӯ, ҷомеаи якуним миллиардаи мусалмонӣ дар рӯи замин ба ҷуз аз андешаи бадбинии Ғарб кори дигаре надорад. Пас аз мутолиаи ин китоб хонанда, бахусус хонандаи ғарбӣ ба чунин таассурот меафтад, ки мусалмонон танҳо дар бораи он фикр мекунанд, ки чӣ гуна Ғарб ва тамоми ҷаҳонро бо он нобуд созанд. Люис кӯшиш мекунад, ки ба манфиати таърифи худ як қатор далелҳо оварад, мисли он ки мусулмонон ҳеҷ гоҳ замонавӣ нахоҳанд шуд.
  Бояд гуфт, ки имрӯз аз номи падидаҳои бузург, абстрактӣ ва умумӣ, ки аслан онҳо мафҳумҳои пурмазмуни мураккаб мебошанд, ба мисоли «Ғарб», Шарқ, «фарҳанги ҷопонӣ», «фарханги славянӣ», «Ислом» ё «тамаддуни конфутсигӣ» ва дигарон сухан рондан як кори осону маъмулӣ шудааст. Ярликҳое, ки ба мазҳабҳо, нажодҳо ва гурӯҳҳои этникӣ бо номи як идеологияи мушаххас гузошта шудаанд, нафратовар ва иғвоангезанд.
  Таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки асари Ҳантингтон таҳқиқи илмии дақиқ набуда, он дар рӯҳияи густариши гегемонияи Амрико навишта шудааст ва дар асл дастур барои амалигардонии стретегияҳои мағруронаи ИМА ва татбиқи сиёсати империалистӣ ва мустамликадории Америка нисбат ба халкҳои дигар, хусусан ба тамаддунҳои «ғайриғарбӣ» мебошад. Ҳантингтон ба хотири сиёсати хориҷии Амрико, ба хусус пас аз анҷоми “ҷанги сард”, назарияи бархӯрди тамаддунҳоро ба миён гузошта, Ғарбро ситоиш мекунад ва тамаддуни ғарбиро аз дигарон болотар мегузорад.
  Ғарб ва тарзи ҳаёти ғарбӣ падидаи олии муқаддас дониста мешаванд, ки ҳама бояд барои он саъй кунанд, дар ҳоле ки тамаддунҳои дигар, ба хусус ҷаҳони кишварҳои мусулмоннишин ва кишварҳои пайравони Конфутсийро таҳдиде барои Ғарб медонанд ва аз ин рӯ, душманони мустақими он эълон кардаанд. Ҳам Ҳантингтон ва ҳам Люис ҳеҷ гоҳ кӯшиши додани тавсияҳоро ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани низову бархурдҳоро накардаанд. Баръакс, иғвогарии доираҳои сиёсии Амрико ва роҳбарияти харбии ИМА барои гузарондани амалиёти харбӣ дар тамоми ҷаҳон, сарнагун кардани сохтори қонунии барояшон номатлуб, моҳирона рупӯш ва асоснок кардани кирдорҳои худ бо паҳн кардани “демократия” ва “озод кардани” мардуми ин ё он кишвар, гӯё аз диктаторҳо, хеле равшан мушоҳида карда мешавад.

Юсуфҷонов Ф.М.,
номзади илмҳои сиёсӣ,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 
 

БОЗГАШТ