Муаллиф: Шамсиддин Каримов
Чанд сухан оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ
дар Тоҷикистон[i]
Мавзўи ташаккул ва такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бештар аз ду ҳазор сол аст, ки таваҷҷўҳро ба худ ҷалб кардааст. Асрҳои аср донишмандони назаридон бо ҳам баҳс кардаанд, ки кадомаш муқаддамтар ва беҳтар аст – ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё давлат, алоқа ва таносуби байни давлат ва ҳуқуқ, озодиҳои шаҳрвандон ва масъулияти онҳо дар баробари қонун, демократикунонии ҷомеа ва таҳкими мақомоти давлатӣ ва ғайра чӣ гуна бояд бошад. Маҳсули ин ҳама баҳсҳо нуктаи маъруферо ба бор овард, ки дар баробари давлат фазои дигаре ҳам ҷой дорад, ки мутобиқи қонуниятҳои худ амал мекунад ва на ҳамеша зери итоати давлат аст ва ин фазо ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати беандозаи СҒД яке аз падидаҳои мусбат ва воқеияти аслии замони мост. Ин раванд дар охири солҳои садаи XX шакли мукаммал ва муназзам ба худ гирифта, дар ибтидои ҳазорсолаи нав тақвияти бештареро касб кард. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ниҳодҳои демократии он ба императиви замони нав мубаддал гардид. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори дунё, ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам кишварҳои рӯ ба инкишоф, ҳаракат ба сӯи таҳкими бештари низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз як тараф (дар кишварҳои пешрафта), ва ташаккул, такомул ва вусъати ҳамаҷонибаи он, аз тарафи дигар (дар кишварҳои рӯ ба инкишоф), аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти низомҳои сиёсии миллӣ ба шумор меравад. Ба ҳамин тариқ, баҳсҳо оид ба мафҳум ва моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ хусусияти амалӣ ба худ касб карда, андеша ва ормонҳои ҳазорсолаи мардумон дар бобати ҷомеаи умумиинсонии комил ҷомаи амал мепӯшад.
Қобили қайд аст, ки ин андешаву ормонҳо дар бобати ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ниёгони мо ҳам бегона набудааст. Таърихи бостонии кишвар ва осори гаронмояи ниёгонамон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷустуҷӯи ҷомеаи адолатпарвар ва инсонҳои комил ва озодандеш ҳамеша гавҳари афкор ва андешаи иҷтимоии миллати моро ташкил додааст. Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибистиқлолии миллии Тоҷикистон, ки дар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид, аз тарафи мардуми кишвар гарму ҷӯшон пазироӣ шуд; умеду орзу ва боварии онҳоро ба бунёди ҷомеаи навин ва воқеан демократӣ тақвият дод, марҳалаи наверо дар раванди бозсозии кишвар, инкишофи иқтисоди муттаҳаррик ва пешқадам, танзими низоми сиёсии мадумсолор, ташаккул ва такомули ниҳодҳои нави ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи устувори онҳо ба хотири баланд бурдани сатҳи рифои тӯдаҳои васеи аҳолӣ ва ғайра боз намуд. Дар Тоҷикистон раванди демократисозии ҷомеа ва давлатдории миллии нав оғоз гардид.
Дар қаринаи ташаккул ва инкишофи андеша ва мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои алоҳидаи он, анъанаҳои таърихӣ ва назарҳои мухталиф оид ба ин падидаи иҷтимоӣ масъалаи омӯзиши таҷрибаи таърихии инкишофи андешаву афкори иҷтимоии халқи тоҷик низ аз аҳамият холӣ нест. Оё андеша ва афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ то чӣ андоза барои мо бегона нест? Агар воқеан ҳам бегона нест, кадом заминаҳое вуҷуд доштаанд, ки ба ташаккул ва инкишофи он имрӯз мусоидат намояд? Омӯзиши дақиқи ин масъала имконият медиҳад, то заминаҳои аслии ташаккули чунин як андешаи иҷтимоӣ дар иртибот бо ҷаҳонбинӣ, афкори миллӣ ва ҷанбаҳои равонии тоҷикон муайян ва унсурҳои асосии чунин як падида мушаххас карда шаванд. Аз тарафи дигар, ба даъвоҳои беасосе, ки гӯё дар кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ имконнопазир аст, ҷавоб хоҳад дод.
Чуноне ки дар боло ишора кардем, мавзӯи ташаккул ва такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давоми садсолаҳои зиёд мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши муттафаккирони Аврупо будааст. Донишмандони мо низ, аз қабили Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Сино, Низомии Ганҷавӣ, Хоҷа Насараддини Тӯсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон аз ин падидаи иҷтимоӣ бо номҳои «мадинаи фозила», «утопиё» /ормоншаҳр/, «шаҳри офтобӣ», «атлантиси ҷадид», «шаҳри зебоӣ», «мадинаи одила», «шаҳри некӣ», «фаромӯшхона» ва ғайра ёд овардаанд. Ҳаким Фирдавсӣ барои аввалин бор тасвири шаҳри ормонҳоро бо номи Сиёвушгард ба риштаи назм кашид, ки онро метавон намунаи барҷастае дар раванди ташаккули андешаи иҷтимоии озодипарастии мардуми эронинажод номид.
Мадинаи фозила /одила/ ё ормоншаҳре, ки саромадони илму адаби Шарқ бунёдашро орзу намудаанд, ҷоест, ки дар он барои бошандагонаш беҳрӯзӣ ва саодати комил таъмин буда, онҳо озоданд, ҳама бо ҳам баробаранд, тамоми корҳояшонро бо маслиҳату машварат ҳаллу фасл менамоянд ва ғ. Агар дуруст мулоҳиза шавад, метавон дид, ки дар он ҷомеаи камоли матлуб хусусиятҳои аслӣ ва зотии ҷомеаи шаҳрвандии муосир ба назар мерасад. Ва ин худ далели мӯътамади он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ на шарқӣ асту на ғарбӣ, балки умумиинсонист .
Андеша ва мафкураи озодандешӣ, ҷустуҷӯи ҷомеаи комил ва инсонҳои саоатманди он ҳамеша дар осори шифоҳӣ ва хаттии ниёгонамон вуҷуд доштааст. Барои гузаштагони халқи тоҷик озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ ҳамеша арзиши махсус дошта, бо гузашти солҳо ин мавзӯъ аҳамияти худро гум накардааст, балки мақоми бештареро соҳиб гаштааст. Гавҳари идеологияи Монӣ, Маздак, «сафедҷомагон»-и Муқаннаъ, «қарматиҳо»-и Нахшабӣ, «сарбадорон»-и Самарқанд ва дигар равияҳо ва ҷунбишҳоеро, ки дар тӯли солиёни дароз арзи вуҷуд кардаанд, маҳз андешаи озодипарастӣ ва баробариву адолати иҷтимоӣ ташкил додааст. Ин равандҳо на ҳамеша ба мақсади ниҳоии худ расидаанд, аммо ҳамеша дар дили инсонҳо тухми умеду боварӣ ба рӯзи нек ва саодати ҳамешагиро коштаанд. Маҳсули ин ҳама кӯшишҳо дар шаклҳои гуногуни ҳамкориҳо ва дастгирии ҳамдигар арзи вуҷуд кардааст. Бо роҳи ҳашар ҳал кардани мушкилоти маҳалли зист, ба тарзи шарикӣ ба роҳ мондани соҳибкорӣ, аз тариқи иштироки бевоситаи шӯроҳои маҳалла ва ҷамоа ба танзим овардани кору фаъолияти истиқоматкунандагони ҳамон маҳал ва ғайра аз мисолҳои барҷастаи озодандешӣ ва тарзи дастаҷамъии ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии мардумони мо дар гузаштаҳои дур ва замони имрӯз аст. Мисоли дигари равшани унсурҳои ибтидоии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ меҳмонхона, чойхона, алавхона, масҷид ва ғайра буда метавонад, чун ҷомеаи шаҳрвандӣ фазоест, ки дар он ҷо мардумон ҷамъ меоянд, табодули назар мекунанд ва аз ҳамин роҳ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҳаёташон мусоидат менамоянд. Муаллифони зиёде, аз қабили Табарӣ, Берунӣ, Масъудӣ ва дигарон дар осори худ, масалан, аз мавҷудият ва аҳамияти оташкадаҳо дар замони суғдиён сухан рондаанд ва таъкид кардаанд, ки чунин сохторҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҳамон замонҳо дорои аҳамияти махсус будаанд. Мавқеъ ва мақоми ҳар шахс вобаста ба саҳми ӯ дар ҷомеа ва маҳалли зист дараҷабандӣ шуда, барои ифодаи ин ҳама дар доираи оила ва авлод, дар сатҳи маҳалла ва гузарҳо, шаҳру деҳот, муассисоти ҳирфаӣ ва касбу кори мухталиф анъанаи эҳтиром гузоштан бо истифода аз номҳое чун «кадхудо», «раис», «усто», «саркор» ва ғайра ба роҳ монда шуда буд.
Осори классикони адабиёти форсии тоҷикӣ саросар фарогири таърихи андешаи иҷтимоӣ ва озодипарастии мардуми мост. Муборизаи ҷовидонии байни некиву бадӣ дар анъанаи қиссанигории ниёгонамон, ки ҳазорсолаҳо вуҷуд доштааст, равшан ба назар мерасад. Достонҳои қаҳрамонии бахшида ба муборизаи зидди Заҳҳоки морон, корномаҳои шоён ва ибратбахши Гаршосп, Барзу, Исфандёр, Рустами Дастон, Сиёвуши ҷавонпаҳлавон ва ғайра намунаи барҷастаи қиссаҳои қаҳрамонист, ки дар худ рӯҳи озодипарастӣ ва матонату шуҷоати ниёгонамонро таҷассум кардаанд. Ин қиссаҳои қаҳрамонӣ ва моломол аз андешаи озодпарастӣ ҳам дар осори замони паҳлавӣ /«Бундахишн», «Денкард», «Меноги хирад» ва ғайра/ ва баъд аз он, махсусан дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар осори адабиёти форсии тоҷикӣ ба шеваҳои гуногун тасвир ёфтаанд. Ин андеша ва мафҳумҳо дар санъати ҳунарӣ ва рассомии давраҳои қадим низ инъикос карда шуд. Масалан, дар харобаҳои Панҷакенти бостонӣ тасвири саҳнаи задухӯрди Рустам бо девҳо, силсилаи наққошиҳое бахшида ба муборизаи шоҳони замон зидди қувваҳои аҳриманӣ ва саҳнаҳои муборизаи Кова ва шоҳзода Фаридун зидди Заҳҳок дар Истаравшан дар кофтуковҳои бостоншиносон ба даст омадаанд. Дар санъати кулолгарии давраи сосониҳо ва сомониҳо низ ифодаи ин мафҳумҳо ба чашм мерасад. Мавҷудияти фалсафаи Авесто ва таълимоти Маздак, дар ҳамин замина тасвири муборизаи некӣ бар зидди бадӣ ва инъикоси васеи он дар осори адабӣ ва тасвириву наққошии гузашта гувоҳи равшани андеша ва ормонҳои озодихоҳӣ ва адолати иҷтимоии ниёгонамон дар гузаштаҳои дур будааст, ки бо гузашти солҳо аз шакли ибтидоӣ ва чандон номукамали худ дар давраҳои баъд як шакли мукаммал ва мушаххаси ифодаи ормонҳо ва андешаи иҷтимоиро ба худ касб кардааст. Онро метавон ҳамчун замина ва унсурҳои ибтидоии ташаккул ва такомули андешаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таърихии афкори иҷтимоии мардуми тоҷик баррасӣ кард.
Абӯнасри Форобӣ /873-950/ бо осори пурбаҳои худ саҳифаи наве дар раванди ташаккул ва инкишофи андешаи иҷтимоии халқи тоҷик боз намуд. Назари ӯ дар бораи ҷомеаи адолатпеша ва шаҳрвандони бомаърифату масъулиятшинос ҷараёни нави муназзами илмиеро бо номи "илм-ал-маданиа" ба бор овард. Форобӣ як силсила осорашро ба мавзӯи сохтори ҷомеа ва махсусиятҳои он бахшид, ки "Китоб ороъ алмадина алфозила", "Китоб аттаҳсил ассаодат", "Рисола фиттанбеҳ ало асбобассаодат", "Китоб ассиёсат алмадания", "Иҳсоал-улум" аз ҷумлаи онҳоянд.
Таълимоти Форобӣ баъдтар ба таври васеъ дар осори мутаффакирони адабиёти форсии тоҷикӣ Абӯалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомулмулк, Низомии Ганҷавӣ, Ғаззолӣ, Саноӣ, Фахриддини Гургонӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Насарриддини Тӯсӣ, Аттор, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Беҳзод, Зайнидинни Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Самандархоҷаи Тирмизӣ, Сайдои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддини Айнӣ ва дигарон таъсири мусбати худро гузошт. Ин таълимот ҳамчунон дар осори давраи адабиёти классикиамон, аз қабили "Китобушшифо", "Осор улбоқия", "Сафарнома", "Сиёсатнома", "Қобуснома", "Абумуслимнома", "Кимиёи Саодат", "Ҳақиқатулҳақиқа", "Панднома", "Вис ва Ромин", "Махзануласрор", "Ҳафт пайкар", "Искандарнома", "Маснавӣ", "Бӯстон", "Гулистон", "Баҳористон", "Ҳафт авранг", "Бадоеъ-улвақоеъ", "Наводирулвақоеъ", "Рисола дар назми тамаддун ва таовун", дар шеъри оламгири форсии тоҷикӣ аз Рӯдакӣ то ба Ҷомӣ, дар илми мусиқии миллӣ ва адабиёти даҳонии халқ, "Шашмақом" ва "Фалак" ба таври васеъ инъикос гардид.
Чунин ба назар мерасад, ки андешаи шаҳри ормонӣ, саодати ҳамешагии инсонҳои баробарҳуқуқ ва эҷоди як ҷомеаи адолатпарвар барои гузаштагони мо бегона набудааст. Ба қавли шоири паштузабони афғон Хушҳолхони Хатак, «Як соли давлатдории одилона баробар аст ба 40 соли ибодат». Барои расидан ба ин мақсад халқи мо як роҳи «бузург ва тӯлонӣ» -и ташаккули андешаи иҷтимоӣ ва раванди инкишофи онро тай кардааст.
Хулоса, мафҳум ва моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҷомеаи ормонӣ барои ниёгонамон бегона набудааст. Фарҳанги исломӣ ба ташаккул ва инкишофи он такони бештар бахшид. Дар қаринаи ислом ва фарҳанги исломӣ мафҳуми инсон ва инсоният моҳият ва арзиши бештареро ба худ касб кард. Агар Хоҷа Ҳофиз, масалан, ҳамеша дар ҷустуҷӯи «инсони комил» буд, аллома Иқбол ва Мавлоно Румӣ мақом ва арзиши инсоният (инсони нек будан)-ро болотар ва муққаддамтар аз ҳама чизи дигар донистаанд:
Ҳазорсола роҳ аст то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Албатта, мафҳум ва моҳияти иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маънӣ ва мақоми имрӯзааш худ маҳсули гузаштаи начандон дур аст. Ин мафҳум аз ормон ба як воқеият аввал дар Амрико ва баъдтар дар кишварҳои аврупоӣ мубаддал гашт. Ин раванд баъд аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани низоми сиёсии кишварҳои сотсиолистӣ дар охири солҳои 80-уми садаи XX ривоҷи тозае ба худ касб кард. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳанӯз дар оғози марҳалаи демократикунонии ҷомеа ва саргаҳи роҳи дурударози ташаккули давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Дар тӯли солҳои Истиқлолият мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти кишварамон, ки ба арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Эътирофи силсилаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии изҳори ақида, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштироки бевоситаи мардум дар идораи корҳои давлат барои амалӣ намудани талаботи ҷомеаи комилан нав роҳ кушод ва пайдоиши унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд. Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд .
Давлати тозабунёди тоҷикон минбаъд низ сиёсати демократикунонии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро устуворона идома хоҳад дод. Таҳкурсии чунин давлатро ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ки он аз одамони озод, баробарҳуқуқ, соҳибмаърифат ва эҷодгару ташаббускор иборат аст.
Мафҳуми «созмони ғайридавлатӣ» (СҒД) низ чун ифодаи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» нав аст. Дар ин маврид, мутаассифона, на дар қонунгузории ҷории Тоҷикистон ва на дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва амалияи ҷаҳонӣ то имрўз фаҳмиши ягона ва ақидаи қобили қабули ҳамагон вуҷуд надорад. Дар оинномаи Созмони милали муттаҳид (СММ), ки аксари муҳаққиқон дар ин маврид ба он ҳамчун сарчашмаи мўътамад истинод мекунанд, ин истилоҳ дар шакли «созмони ғайридавлатӣ» (неправительственная организация – дар забони русӣ, non- governmental organization – дар забони англисӣ) мавриди истифода қарор гирифтааст. Муродифи ин истилоҳ дар кишварҳои ҳамзабонамон Афғонистон ва Эрон мутаносибан «муассисаи ғайридавлатӣ» ва «созмони ғайридавлатӣ» аст. Дар Эрон ибораи «созмонҳои мардумниҳод» низ ҳамзамон мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истилоҳи “нодавлат нотижорат ташкилотлари” роиҷ аст.
Мафҳуми «созмони ғайридавлатӣ», чуноне ки ишора рафт, аз падидаҳои нав дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон аст. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки арзишҳои демократӣ мақом ва мавқеи аразанда доранд, ин мафҳум як рукни муҳимми ҳаётии ҷомеаро ташкил дода, дар баробари сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ бахши алоҳидаи онро муаррифӣ мекунад. Ин бахшро бо номи «бахши сеюм» ва ё «сектори сеюм» ном мегиранд , ки ҳамчун қисмати муҳимми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мегардад. Пас, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ниҳодҳои мухталиф, ба монанди Парламент, низоми озоди интихоботӣ, ҳизбҳои сиёсӣ//низоми бисёрҳизбӣ, матбуоти озод, гуногунандешӣ ва озодии сухан, моликияти хусусӣ, иқтисоди озод ва ғайра иборат буда, созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) фақат як қисмати онро ташкил медиҳанд. Миқдори созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамчун маҳсули давраи нави инкишофи он рўз то рўз меафзояд ва инро ҳамчун падидаи мусбат бояд арзёбӣ кард. Агар дар давоми солҳои 1991- 2001 миқдори умумии иттиҳодияҳои ҷамъиятии расман номнависшуда андаке бештар аз 800 адад бошад, охири соли 2005 ин миқдор бештар аз 2600, дар соли 2006 – 2800 ва дар соли 2007 – 3130 ададро ташкил додааст. Имрўз дар асл соҳае нест, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат намеварзида бошанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомўзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқукиву сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст. Аввалин марказҳои бозомўзии замонавӣ, кор бо занону кўдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани аввалин кўмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кўтоҳмуддат бо истифода аз васоити пешқадами рўз барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо – чунинанд номгўйи нопурраи фаъолиятҳое, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми бештар аз 30 соли охир ба он сару кор доранд.
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки фазои ҳуқуқӣ барои инкишофи устувори СҒД дар Тоҷикистон созгор аст. Як миқдор қонунҳое қабул шуданд, ки барои фаъолияти СҒД доираи васеи фаъолиятро таъмин намуданд. Таҳрири нави қонун дар бораи сабти давлатӣ тарзу низоми бақайдгириро хеле осон ва дастрас кард. Сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии СҒД ба таври назаррас боло рафт. Ширкатҳои махсуси машварати ҳуқуқӣ ба миён омаданд, ки ба СҒД хизмат расонда, ба ҳалли мусбати мушкилиҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат мекунанд. Ҳолати сабти номи созмонҳои тозабунёд ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар маҳалҳо осонтар гардид. Тағйирот дар Кодекси андози ҷумҳурӣ имкон дод, ки то 10 % даромади соҳибкорон ва шахсони алоҳида аз фоида ба ҳисоби СҒД ҷиҳати дастгирии онҳо ба таври мақсаднок гузаронида шавад. Агар ба назар гирем, ки дар ибтидо ин ҳамагӣ 2% (баъдтар 5%)-ро ташкил медод, метавон ин падидаро як иқдоми мусбат ва қадами назаррас дар роҳи дастгтрии воқеии СҒД арзёбӣ кард.
Воқеиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии замони нав, тағйиротҳои куллие, ки дар асари раванди умумиинсонии ҷаҳонгароӣ ба бор омадаанд, дар низоми сиёсии давлатҳо ба таври умум ва дар шеваи давлатдории онҳо аз он ҷумла бетаъсир намондааст. Мафҳуми давлатдории хуб мазмун ва моҳияти наверо ба худ касб кард. Зарурате ба миён омад, ки шеваи нави давлатдорӣ ҳатман ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ асос ёфта бошад, то тавонад хостаҳои мардумро бештар бароварда созад, иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда таъмин намояд, боварӣ ва эътимоди мардумро ба давлат ва сохторҳои мухталифи давлатӣ афзояд. Чунин ҳамкории иҷтимоӣ ва чунин тарзи солими давлатдорӣ бидуни иштироки бевоситаи сохторҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла СҒД ғайримкон гардид. Маҳз бо иштироки васеи онҳо метавон муҳимтарин усули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории хубро дар амал татбиқ кард, ки иборат аст аз:
• ҳисобгузор будан (accountable//отчетность): ҳисобгузорӣ аз усули асосии низоми хуби давлатдорист. Ҳам давлат, ҳам сохторҳои хусусӣ ва ҳам ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадоранд, то дар баробари ҷомеа ҳисобот диҳанд. Низоми ҳисобгузорӣ бояд ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар маҳалҳо ба муқаррароти аслӣ ва доимӣ мубаддал гардад, чун қарорҳо ва фаъолияти ин сохторҳо ба ҳаёти тӯдаҳои мухталифи мардум таъсир хоҳад кард ва ба ҳамин сабаб ҳам ин сохторҳо вазифадоранд, ки дар баробари ин тӯдаҳо ҳамеша ҳисобот диҳанд. Ҳисобгузорӣ фақат дар сурати мавҷуд будани усули шаффофият ва волоияти қонун мувфаффақ буда метавонад;
• шаффоф будан (transperent// прозрачность): ба таври озод ва ошкоро мавриди муҳокима қарор гирифтани тамоми масъалаҳое, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон иртибот дорад. Лозим аст, ки маълумоти мушаххас ва иттилоот дар бобати таҳия ва қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо ба мардум дастрас ва фаҳмо бошад, чун қабули ин қарорҳо дар зиндагии онҳо таъсир хоҳад дошт;
• масъул//ҷавобдеҳ будан (responsive//ответственность): низоми хуби давлатдорӣ тақозо мекунад, ки хостаҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа ва намояндагиҳои онҳо сари вақт ва дар доираи мувофиқатҳои тарафайн дар амал татбиқ карда шавад;
• майл ба мувофиқат доштан (cosensus oriented// ориентированность на единогласие): дар ҷомеа мавқеъ ва назари тарафҳо метавонад мухталиф бошад. Лозим аст, ки манфиатҳои тамоми тарафҳо ба инобат гирифта шуда, ҳангоми қабули қарорҳо инкишофи усутувори ҷомеа ва шукуфоии ояндаи он дар мадди назар бошад. Чунин тарзи давлатдорӣ фаҳмиши дурусти махсусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии ҷомеаро тақозо мекунад;
• баробар ва фарогир будан (equitable and inclusive//преставляющее все слои общества): лозим аст, ки дар ҷомеа фазои созанда ва боварӣ ба ҳамдигар вуҷуд дошта бошад, шаҳрвандон ва махсусан қишрҳои осебпазири ҷомеа эҳсоси комили адолат ва баробариро дошта бошанд, эътимод дар мавриди баробарҳуқуқии ҳар як фарди ҷомеа мавриди шакку шубҳа набошад;
• иштирок (participatory//участие): иштироки фаъол ва воқеии марду зан дар раванди таҳия ва қабули қарорҳои ҳаётан муҳим, то ҳуқуқҳои аслии онҳо, аз як тараф, дар амал бароварда шавад, аз тарафи дигар, ҳисси масъулият дар онҳо парвариш ёбад. Иштироки васеъ танҳо дар сурати мавҷуд будани сохторҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фазои озоди иттилоотӣ ба таври пурра ва комил амалӣ мегардад;
• волоияти қонун//пайравӣ аз қонун (follows the rule of law// верховенство закона): низоми воқеан демократии ҳуқуқ, ки қодир аст ҳуқуқ ва манфиатҳои тӯдаҳои васеи мардумро ҳимоят кунад. Чунин ҳолат мавҷуд будани низоми боадолатонаи ҳуқуқро, ки ба мавҷуд будан ва мустақилона амал кардани мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ асос ёфтааст, тақозо мекунад;
• муфид ва муассир будан (effective and efficient//эффективно дествующее): фаъолият ва раванди таҳия ва қабули қарорҳо ба он бояд асос ёфта бошад, ки имкониятҳои мавҷуда ба тавру бояду шояд мавриди истифода қарор гирифтаанд ва натиҷаҳои он ба манфиати умумии ҷомеа хоҳад буд. Дар ҳамин қарина муҳим аст, ки аз захираҳои табиӣ дуруст ва оқилона истифода шавад ва муҳити солими зист ҳамеша дар мадди назар бошад .
Созмонҳои ғайридавлатӣ воқеан ҳам як падидаи мусбат дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии замони муосир аст. Теъдод ва нуфӯзи онҳо рӯз то рӯз меафзояд, доираи фаъолияташон фарохтар мегардад. Агар дар ибтидои пайдоиши хеш фаъолияти онҳо бештар барои фароҳам сохтани кӯмакҳои башардӯстона ва анҷом додани амалҳои хайрия равона шуда бошад, баъдтар масъалаҳои марбут ба маърифат ва фарҳанги умумии шаҳрвандон, ки аз тариқи барномаҳои омӯзишӣ сурат мегирифтанд, қисмати муҳимми амалиёти СҒД-ро ташкил дод. Бо гузашти солҳо СҒД ба фактори муҳими иқтисодӣ низ мубаддал гаштанд ва дар асл нерӯи ангезанда ва пешбарандаи инкишофи ҷомеа ва қисмати таркибии раванди умумии ташаккул ва такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ гардиданд. Мусоидат ба инкишофи устувори ҷомеа ба рисотаи аслии СҒД мубаддал гардид. Инак, имрӯз соҳае нест, ки дар он СҒД саҳми пурарзиши худро нагузошта бошанд, онҳоро метавон ба маънои том паёмбарон ва намояндагони дигаргуниҳои ҷиддӣ ва мусбат, нерӯи пуриқтидори созанда ва рамзи ҳаёти нав хонд .
Дар Тоҷикистон ҳам СҒД ҳамчун падидаи нав аз дастовардҳои замони Истиқлолият аст. Заминаҳои хуби ҳуқуқӣ ва иродаи неки роҳбарияти сиёсии кишвар ба он мусоидат кардааст, ки ин сохторҳо ба майдон оянд, инкишоф ёбанд ва устувор гарданд. СҒД метавонанд ба дастгирии давлат ва сохторҳои давлатӣ умед банданд, чун ин заминаҳои хуберо барои ҳамкориҳои тарафайн дар ҳалли масоили иҷтимоӣ муяссар хоҳад кард. Аммо ин ҳамкориҳо бояд дар асоси усули баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гиранд ва СҒД ҳаргиз набояд ба дастнишондод ва ё «пайравони давлат» мубаддал шаванд. Албатта, СҒД Тоҷикистон дар инкишоф ва маҳорати касбии худ ҳанӯз ба дараҷае, ки бояду шояд, такомул наёфтаанд. Метавон гуфт, ки онҳо марҳалаи аввали инкишофро дар ташаккули хеш ба поён расондаанд. Ба вуҷуд омадани низоми муайни қонунҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои инкишофи муназзами СҒД дар Тоҷикистон, афзоиши теъдод ва доираи фаъолияти онҳо дар саросари кишвар, мушаххастар гаштани самтҳои асосии фаъолият ва беҳбуди сифати кори онҳо, ба миён омадани гурӯҳҳои муайяни СҒД, ки ба ин ё он масъалаи алоҳида ихтисос дода шудаанд, пайдо шудани шабакаи пурсамари кори СҒД дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз тариқи форумҳо, ассотсиатсияҳо ва торномаҳои умумимиллӣ, ба камол расидани гурӯҳи муайяни кормандони бахши СҒД, қабули Барномаи миллии инкишофи СҒД, Одобномаи СҒД, таъсиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон ва ғайра аз нишонаҳои равшани ин иддаост. Барои ин давра ҷустуҷӯи роҳҳои муассири фаъолият, омӯзиш ва инкишоф, мавқеъгирӣ ва шинохти хеш хос аст. Муҳимтарин раҳоварди ин давраи инкишоф (ибтидои солҳои 90-ум – охири соли 2008) пайдо кардани мақом ва мавқеи муайян дар ҷомеа, шинохт ва эътирофи СҒД аз тарафи давлат ва сохторҳои давлатӣ, доираҳои мухталифи соҳибкорон, ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони оддии кишвар ба шумор меравад.
Акнун марҳалаи нав фаро расидааст. Ин марҳаларо метавон давраи камолоти касбӣ, инкишофи устувор ва бемайлони СҒД махсусан аз нигоҳи сифат ва маҳорат ном гирифт. Муҳимтарин хусусияти ин давраро таҳкими ҳарчи бештари ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо сохторҳои мухталифи ҳам давлатӣ ва ҳам ҷамъиятӣ ташкил хоҳад дод, зеро инкишофи устувори минбаъдаи СҒД-ро бидуни дастгирӣ ва пуштибонии давлат ва соҳибкорони кишвар тасаввур кардан мушкил хоҳад буд. Чунин дастгирӣ ва ҳамкориҳо ба манфиати умумии ҷомеа буда, дар ниҳояти кор ба шукуфоӣ ва иқтидори иқтисодии мамлакат, мустаҳкамтар шудани пояҳои давлат ва давлатдории миллӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти ҷомеа, афзудани эътимод ва эътибори ҳам давлат ва ҳам соҳибкорон дар баробари аҳолии кишвар ва бештар моҳияти иҷтимоӣ ба худ касб кардани онҳо мусоидат хоҳад кард. Аз тарафи дигар, раванди нотакрори демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, низоми хуби давлатдорӣ ва таъмини инкишофи устувори кишвар бидуни иштироки фаъолонаи СҒД имконпазир нахоҳад буд. Чуноне ки дар боло қайд гардид, давлат имрӯз ба кӯмаки сохторҳои дигар бештар эҳтиёҷманд гаштааст. Дар асл низоми хуби давлатдорӣ дар шароити имрӯз бидуни иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дигар наметавонад пурсамар бошад. Ин яке аз падидаҳои мусбат дар раванди умумии ҷаҳонгароӣ ва воқеияти нави замони мост. СҒД метавонанд ба ҳайси беҳтарин ҳамкорони давлат дар низоми давлатдории муосир нақши муҳимеро анҷом диҳанд. Ва ин бесабаб нест, чун симо ва моҳияти СҒД ҳам аз нигоҳи теъдоду сифат ва ҳам доираи фаъолияташон ба куллӣ тағйир кардааст. Акнун дар ин замина фаъолияти СҒД бо фароҳам сохтани кӯмакҳои башардӯстона, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таъмини адолати иҷтимоӣ, назорат аз болои фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва танқиди камбудиҳои мавҷуда маҳдуд нагардида, балки дар тамоми ин фаъолиятҳо дар баробари давлат бевосита иштирок мекунанд, дар ҳалли дурусти масъалаҳои мавриди назар фаъолона саҳм мегиранд, ба нерӯи созанда ва замонати инкишофи устувори ҷомеа мубаддал гаштаанд. Махсусиятҳои зерин сохторҳои давлатиро водор месозанд, ки ба имконот, тавоноӣ ва самараи кори СҒД таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва онҳоро ҳамчун шарикони ҳамкор бипазиранд:
• СҒД инъитофпазиранд, дар муддати кӯтоҳ ва бо харҷи камтар амалҳоро ба анҷом расонида метавонанд;
• СҒД барои ба даст овардани фоида кор намекунанд, баръакси сохторҳои тиҷоратӣ манфиатҳои ҷамъиятро ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд;
• СҒД бо мардум ва мақомоти қудрати давлатӣ ҳам дар маҳалҳо ва ҳам дар сатҳи миллӣ робитаи хуб доранд;
• СҒД шабакаи хуб ва пурсамари ҳамкориҳоро дар саросари кишвар ба роҳ мондаанд, ки фаъолияти муназзами онҳоро ҳам дар дохили худи онҳо ва ҳам дар муносибат бо дигар сохторҳо таъмин менамояд;
• СҒД дар сафҳои худ қисмати пешқадами ҷомеаро муттаҳид сохтаанд, ки ба нисбати донишу таҷриба ва маҳорати касбиашон аз ӯҳдаи ҳамагуна вазифаҳо ба осонӣ мебароянд;
• СҒД аз нигоҳи мақсаду маром ва вазифаҳои оинномавиашон бо давлат ва сиёсати миллии кишвар мушобеҳанд: ҳам давлат ва ҳам СҒД барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум хизмат мекунанд.
Лозим аст, ки дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан соҳибкорон, ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон дар ин замина СҒД-ро дастгирӣ кунанд. Соҳибкорони кишвар бояд моҳияти чунин ҳамкориҳоро бо СҒД дуруст дарк намоянд, ҳамкориҳои иҷтимоиро қисмати муҳимми фаъолияти хеш қарор диҳанд. ВАО барои дарки дурусти моҳияти масъала бояд ҳамаҷониба мусоидат кунанд. Ҳизбҳои сиёсии кишвар доираи фаъолиятҳо ва ҳамкориҳои дутарафаро бо СҒД дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ва баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии шаҳрвандон тақвият бахшанд. Созмонҳои бонуфӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бояд давлат ва ҳукумати кишварро мутааққид созанд, ки СҒД-ро ба таври бояду шояд шиносанд ва эътироф намоянд, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам маҳаллӣ имконот ва тавоноии СҒД-ро ба таври васеъ мавриди истифода қарор диҳанд. СҒД дар навбати худ метавонанд ҳаргуна фазои холиро дар муносибатҳои мутақобилаи байни давлату соҳибкорон ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пурра созанд ва ба ҳайси нерӯи ангезанда ва созандаи ҷомеа хидмат кунанд. Барои ин, албатта, лозим аст, ки СҒД Тоҷикистон маҳорати касбии худро ҳарчи бештар инкишоф диҳанд ва аз ҳамин тариқ мавриди эътимод, писанд ва ҳавасмандии ҳам давлат ва ҳам соҳибкорон қарор гиранд; дар фаъолияти худ махсусан усули шаффофият, ҳисобгузорӣ дар баробари ҷомеа ва пайравӣ аз қонунро сармашқи кор қарор диҳанд; низоми босуботи кор, иттиҳод ва пайвастагии худро дар саросари кишвар тавассути шабакаҳои умумимиллӣ ва иттиҳодияҳои мухталиф вусъат бахшанд.
Таҳияи
Ш.Т.Каримов,
сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада
[i] Мазмун аз китоби тозанашри муаллиф: Каримов Ш. Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. - Душанбе: Дониш, 2024.