ЧИН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ФОРМАТИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

Осиёи Марказӣ таърихан аҳамияти бузурги иқтисодӣ, геополитикӣ ва мавқеи хуби стратегиро доро буд. Аз қадимулайём минтақа ҳамчун пайвандгари Роҳи бузурги Абрешим ва ҳамзамон тамаддуни Шарқ ва Ғарб буда, маҳз тавассути он дастовардҳои бузурги Чин (борут, қутбнамо, дастгоҳи чопӣ) ба Аврупо роҳ ёфтааст. Инчунин минтақа дар ҷавори тамаддунҳои славянӣ, конфутсия, буддоия ва ҷаҳони ислом қарор дорад.

Баъди касби истиқлолияти кишварҳои минтақа, Ҷумҳурии Мардумии Чин фавран оид ба эътирофи онҳо изҳор дошта, алоқаҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодиро бо онҳо оғоз намуд. Далели он боздиди Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Пэн дар соли 1994 ба Тошканд мебошад. Зимни сафар ӯ чор самти рушди алоқаҳоро бо кишварҳои минтақа муайян намуд:

1) Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ манфиатҳои бисёри умумӣ доранд, ки метавонанад асоси равобити дӯстона гарданд;

2) Рушди ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишвараҳои Осиёи Марказӣ ба муқобили кишварҳои сеюм равона нашудааст;

3) Чин нияти рақобат дар минтақа бо Россияро надорад;

4) Байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ манфиатҳои ғаразнок набуда, он ба кишварҳои минтақа таҳдид наменамояд.

Дидору мулоқот ва машваратҳо дар формати “+Осиёи Марказӣ” ё “Осиёи Марказӣ+” аввалин маротиба аз ҷониби Ҷопон соли 2004 роҳандозӣ гардид. Баъдан, соли 2007 формати мазкур бо Кореяи Ҷанубӣ рӯйи кор омад. Иттиҳоди Аврупо соли 2013 чунин форматро ба роҳ монд ва Амрико аз соли 2015 ба тарзи зерини муколама оғоз бахшид (аксари коршиносони фурсатталаб формати мазкурро эҷоди Амрико медоданд, ки комилан ғалат аст). Соли 2018 аз ҷониби Ҳинд, тобистони соли 2020 аз ҷониби Чин, пойизи соли 2020 аз тарафи Русия, пойизи соли 2022 аз ҷониби кишварҳои арабии Халиҷи форс чунин форматҳо роҳандозӣ шуданд ва дар назар аст, ки муколамаи Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором + Осиёи Марказӣ ба наздикӣ баргузор мешавад.

Санаи 18-19 дар Ҷумҳурии мардумии Чин Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур аввалин маротиба дар чунин формат баргузор гардид ва Чин модели нави ҳамкориҳои худро дар самти давлатҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд. Намояндаи вижаи ВКХ-и Чин Ван Вэнбин чанд рӯз қабл аз баргузории ин саммит ба хабарнигорон гуфта буд, ки саммити Чин-Осиёи Марказӣ аҳамияти даврониро хоҳад дошт ва саҳифаи навро дар рушди равобити кишварҳо заминагузорӣ мекунад.

Зимни суханронии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи масъалаҳои рушди кишварҳо пешниҳод карданд, ки Чин барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин мақсад, ӯ изҳор намуд, ки ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард Юан ҷудо хоҳад намуд. Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд. Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардиданд.

Ёдовар кардан лозим аст, ки 19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ва истиқболи гарму меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги Абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад. Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.

Дар радифи суханронии пурмуҳтаво Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад. Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад. Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд. Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем. Дар доираи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд. Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд, ки фарогири самтҳои гуногунро дар бар мегиранд аз қабили иқтисод, сиёсат, илм-фарҳанг, гуманитарӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва ғайра мебошад. Ҳамчунин бояд қайд намоем, ки дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмуъ 25 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Оид ба натиҷаҳои кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.

Дар охир Роҳбари Чин Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намуданд: «Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад». Бори дигар ин суханҳо мавқеи калидӣ доштани Тоҷикистонро бо сарвару Пешво, роҳбари ҷаҳонбину арҷгузор ба манфиатҳои умумибашарӣ ва ташаббускорро дар минтақа эътироф намуд.

Пас аз анҷоми кори Саммит Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо нишони таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ниҳоли “дӯстӣ” шинониданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуданд.

Ҳамин тариқ, мақоми Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин хислати муҳим дошта, ҳамкорӣ бо он таъмини манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амниятии ин кишварро фароҳам меорад. Ҳамзамон истифодаи дурусти иқтидори сармоягузорӣ ва иқтисодии он дар баробари пеш гирифтани сиёсати мутавозини хориҷӣ омили таъминкунандаи манфиатҳои мутақобила буда, ба нафъи ҷонибҳо хизмат менамояд. Аз ҷониби дигар, муносибат бо Чин барои ҳар як кишвари минтақа бо назардошти иқтисоди он ва имкониятҳои сармоягузорӣ муҳим мебошад.

ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ

ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ