Муаллиф: Шамсиддин Каримов
ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ШМА ДОНАЛД ТРАМП ГУНАҲГОР ДОНИСТА ШУД:
АСЛИ ГАП ЧӢ АСТ?
Ба таърихи 30 майи соли равон бори нахуст дар таърихи ШМА собиқ президенти кишвар аз тарафи ҳайати ҳакамони суди шаҳри Ню Йорк гунаҳгор дониста шуд. Ҳама 12 аъзои ҳайати ҳакамон (7 нафар мард ва 5 нафар зан) президенти собиқ Доналд Трампро дар 34 парвандаи тақаллуби ҳуҷҷатҳои марбут ба 130 ҳазор доллар маблағе, ки гӯё ба ҳунарпешаи собиқи порнографӣ Сторми Даниэлс дар арафаи интихоботи соли 2016 пардохта шудааст, гунаҳкор донист. Дар назар аст, ки ҳукмро рӯзи 11 июл довар Хуан Мерчан эълон хоҳад шуд ва он ҳамчун ҳукми ниҳоӣ ба раванди пурсару садову моҷароангези мазкур дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии шаш ҳафтаи ахири Амрико нуқта хоҳад гузошт.
Асли қазия чӣ аст? Гап дар сари он аст, ки Дэниэлс даъво дорад, ки Трамп дар соли 2006 бо ӯ алоқаи маҳрамона доштааст ва вакили собиқи президент Майкл Коэн ба ӯ 130 ҳазор доллар пардохтааст, то дар ин бора Сторми хомӯш бошад. Аслан, сабаби тафтишот ба муқобили президенти пешини ШМА нашри мақолае дар The Wall Street Journal дар моҳи январи соли 2018 будааст. Бино ба навиштаи ин нашрия, як моҳ пеш аз пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии соли 2016 вакили ӯ Майкл Коэн ба Даниэлс 130 ҳазор доллар пардохт кардааст, то вай дар бораи муносибати ҷинсии худ бо Трамп, ки тақрибан 10 сол пеш сурат гирифтааст, маълумот паҳн накунад. Бояд қайд кард, ки оғои Трамп дар чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ҳамла ба Капитолия, нигоҳдории нодурусти ҳуҷҷатҳои махфӣ ва дахолат ба интихоботи президентии соли 2020 дар ШМА низ айбдор карда мешавад, ки то ҳанӯз ба итмом нарасидааст.
Пас аз баромадан аз толори маҳкама Доналд Трамп ба хабарнигорон шарҳи кӯтоҳ дод ва гуфт, ки "ин ҳанӯз поёни кор нест". «Мо муборизаро давом медиҳем, то охир мубориза мебарем ва ғалаба хоҳем кард, зеро имрӯз кишвари мо ба дузах табдил ёфтааст: мо дигар як кишвари муназзам нестем, балки кишвари мо ба майдони бесарусомониҳо мубаддал гаштааст", - изҳор намуд Трамп.
Дафтари Президент Ҷо Байден ба намояндагӣ аз демократхоҳони кишвар изҳор намуд, ки “дар назди қонун ҳама баробаранд”. Бояд фаромӯш накард, ки муқаррароти қонун бояд ҳамеша муроот шаванд ва ба ҳеҷ кас иҷозат нест, ки бо истифодаи аз мавқеъ ва мақоми худ аз қонунҳои ҷорӣ суъистифода намояд. Намояндагони ҷумҳурихоҳон бошанд, ба ин фикранд, ки раванди муҳокима ва парвандаи судии мазкур алайҳи Трамп танҳо ба бадном сохтани собиқ Президенти ШМА нигаронда шудааст, то ӯ натавонад дар интихоботи қарибулвуқъи Амрико барои мақоми Президенти ШМА дар моҳи ноябри соли ҷорӣ комёб шавад. Ба ақидаи Майкл Ҷонсон, сухангӯи Конгресси ШМА, ин ҳама ҷои шарм аст ва қабули чунин тасмим шармандагист.
Хулоса, чунин ба назар мерасад, ки вазъи сиёсию иҷтимоии ШМА торафт чигилтар мешавад ва ин ҳолат дар фазои номатлуби муносибатҳои байналмилалии ҷаҳони имрӯз бештар тақвият меёбад ва ба худ ҳолати воқеан ҳам нигаронкунанда ва хатарзоро касб мекунад. Зеро фазои нобасомони сиёсии ШМА бо назардошти мақом ва нақши боризи он дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври ҳатмӣ ба вазъияти сиёсию иҷтимоии кишварҳои дигар ба таври манфӣ таъсиргузор хоҳад буд. Аз як тараф, раванди мазкур дар бобати муттаҳам сохтан ва ба курсии айбдорӣ кашидани собиқ Президенти ШМА аз он гувоҳӣ медиҳад, ки арзишҳои аслии демократия ва ҷаҳони озод мусаллам ва муқаддаманд. Аз тарафи дигар, ба миён кашидани ғаразҳои сиёсӣ дар либоси демократия ҳам ба нафъи демократия нахоҳад буд ва ҳам на ба рушду инкишоф ва фазои солим, таъмини амният ва суботи сиёсӣ оварда хоҳад расонд.
КАРИМОВ Ш.Т.,
доктори илмҳои сиёсӣ,
сарходими илмии Шуъбаи
ШМА ва Канадаи Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон