СИЁСАТИ ҶАВОНОН ҲАМЧУН УНСУРИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУОСИР

Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ

Расм

Ба истиқболи  23 май-Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

“Сиёсати ҷавонон” ҳамчун истилоҳи мустақил дар адабиёти илмӣ дар солҳои 60 – ум таъриф шудааст, ки бештар бо пайдоиши ҷавонон ҳамчун як қувваи мустақили иҷтимоӣ ва худмуайянкунии он дар фазои иҷтимоию сиёсӣ алоқаманд буд. Инчунин, то солҳои 70 – уми асри XX дар аксарияти кишварҳои пешрафта “Сиёсати ҷавонон” ба самти мустақили сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ табдил меёбад.

Ба андешаи муҳаққиқони рус Л.Б. Осипова ва Е.А. Панфилова мафҳуми “Сиёсати ҷавонон” дар айни замон тафсирҳои гуногун дорад. Сабаби зиёд тафсир шудани “Сиёсати ҷавонон ин тағйирёбии ҷиддие мебошад, ки дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон ба амал омадаанд. Ҷаҳонишавӣ чолишҳои наверо ба миён овард, ки пеш аз ҳама дар муҳити ҷавонон зуҳур меёбанд. Аз ин рӯ, бо ҷалби фаъолонаи ҷавонон дар раванди ташаккули низоми чаҳони мусоидат намуда, дар тағйири фазои ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳанги нақши назаррас мебозад.

Дар ибтидои асри ХХ1 Созмони Милали Муттаҳид панҷ ҷанбаи мушкилотеро, ки бевосита ба ҷавонон таъсир мерасонад, таъкид кардааст:

  • ҷаҳоншавӣ;

  • истифодаи афзояндаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки ба ҳаёти ҷавонон таъсири зиёд мерасонад;

  • паҳншавии ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам);

  • ҷалби бештари ҷавонон дар муноқишаҳои мусаллаҳона, ҳамчун қурбонӣ ва ҷанговар;

  • аҳаммияти афзояндаи муносибатҳои наслҳо дар шароити пиршавии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар ҷои аввал меистад.

Дар марњалањои минбаъдаи рушди давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон љињати пешбурди сиёсати давлатии љавонон ва фароњам овардани шароити мусоид барои инкишофи соња як силсила њуљљатњои дахлдор, аз љумла “Стратегияи сиёсати давлатии љавонон дар Љумњурии Тољикистон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати љавонон дар Љумњурии Тољикистон” ва дигар барномањои соњавї ќабул гардиданд.

Инчунин, дар Стратегияи сиёсати давлатии љавонон дар Ҷумҳурии Точикистон маҷмӯи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии љавонон муайян гардидааст, ки ба љавонон нигаронида шудааст ва вазифањоеро фаро мегирад, ки ба иштироки љавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд мебошанд.

Дар ин радиф Сиёсати давлатии ҷавонон барои муттаҳид сохтани захираҳои давлатї ва ғайридавлатї даъват шудааст, ки он барои мақсадҳои зайл хусусияти байниидоравии ҳамкориҳои муштаракро дар назар дорад:

  • љалби босуботи ҷавонон ба њаёти ҷамъиятӣ ва инкишофи малакаи фаъолияти мустақилонаи ҳаётан муҳими шаҳрвандони ҷавони кишвар, иттилоотонї дар мавриди рушду такомули минбаъдаи онҳо ҳам дар ҷумҳурї ва ҳам дар љомеаи ҷаҳонї, инчунин фарҳанги истифодаи инкишофи шахсият ва ҷомеа, ки имкон медиҳад ҷавонон нерӯи худро дар амал татбиқ намоянд, ба қувваи худ ва ояндаи худ боварї дошта бошанд;

  • муайян намудан, пешбарї кардан ва дастгирии фаъолнокии ҷавонон ва дастовардҳои онҳо дар соҳаи иҷтимоию иқтисодї, ҷамъиятию сиёсї, эҷодию варзишї, ки имконият медиҳад ҷавонон қобилияти худро зоҳир намоянд, нерӯи худро дар амал татбиқ кунанд ва дар кишвари худ шоистаи эътироф гарданд;

  • ба ҳаёти комил ҷалб намудани ҷавононе, ки ҷиҳати ҳамгирої бо ҷомеа ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, маъюбон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимї барои кӯдакони ятим, кӯдакони бесаробон, муассисаҳои махсуси таҳсилотї барои онҳое, ки дорои қобилияти мањдуд мебошанд, муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии шакли пӯшида, љабрдидагони зӯроварї, кӯчбастагон ва муҳоҷирон, шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодї ҷавоб шудаанд, намояндагони халқҳои маҳаллӣ ва камнуфуз, инчунин ҷавонон аз оилаҳое, ки дар вазъи ногувори иљтимої қарор доранд, бекорон, шахсони бо ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) сироятшуда ва шахсони истеъмолкунандаи маводи сахттаъсир.

Ба андешаи як зумра коршиносон, дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ ҷавонон худро дар сафи пеши тағйироти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор доданд. Олими амрикоӣ К. Гриффин бевосита қайд мекунад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ маҳз ҷавонон бояд ҳамчун “ба сифати нишондиҳандаи асосии вазъи миллат” баррасӣ шаванд.

Бисёре аз муаллифони ғарбӣ бар он назаранд, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти ҷавонон таъсири мустақим ва қавӣ дорад, зеро он боиси тақсимоти босуръати иҷтимоӣ мегардад. Инчунин, мақоми ҷавонон ба куллӣ тағйир меёбад.

Тањлили адабиёти илмї ва њуљљатњои расмї равшан гувоњї медињад, ки мафњуми ягонаи мафњуми “Сиёсати љавонон” имрўз вуљуд надорад. Зеро он ба дарки гуногуни худи љавонон, мавќеъ ва наќши он дар љомеаи муосир вобаста мебошад.

Маврид ба қайд аст, ки сиёсати давлатии љавонон бояд њамчун сиёсати дохилии давлат ва њамчун ќисми таркибии сиёсати иљтимої дар љанбаи башардўстонаи худ фањмида шавад, ки он ба љавонон нигаронида шудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аслан “Сиёсати љавонон” аз сиёсати умумии давлат фарќ накарда, он њамчун як љузъи сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.  

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми “Сиёсати ҷавонон” тамаркузи функсионалии он мебошад. “Сиёсати ҷавонон” бар хилофи бисёр дигар самтҳои сиёсати давлатӣ барои ҳамгироии насли наврас ба ҷомеаи муосир тарҳрезӣ шудааст. Дар демократия, ваќте озодї “дар љомеа тавассути иштироки шахс дар ќабули ќарорњо ва амалисозии њокимияти сиёсї таъмин карда шавад”, шомил шудани њар як фард ба њаёти сиёсии љомеа шарти њатмї мебошад. Аз ин рӯ, “Сиёсати љавонон” – ро метавон ҷиҳати фаъолияти давлат ба ташаккули субъективии иљтимої ва иљтимоию сиёсии љавонон равона кард. Маќсади асосии он бояд њамгироии бомуваффақияти љавононро ба фазои љамъиятї, иљтимої гардонидан ва аз объект ба субъект табдил додани он бошад.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир принсипҳои иштирок, ки ба фаъолияти чамъиятии аъзоёни ҷамъият асос ёфтаанд, нақши калон мебозанд. Мусаллам аст, ки дар ин бобат маҳз ҷавонон ҳаракаткунандатарин гурӯҳ мебошанд, ки аз рӯи синну сол ва нерӯи худ бояд ба равандҳои иҷтимоӣ бештар ҷалб шаванд. Имрўз ду намуди фаъолияти иљтимої ва иштироки иљтимоии љавонон мављуд аст:

  • бевосита бо фаъолияти шаҳрвандӣ;

  • бо иштирок дар тағйирёбиҳои иҷтимоӣ.

Бо назардошти наќши љавонон дар рушди иљтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии кишвар барои дурнамои миёнамуҳлат дар Ҷумҳурии Тољикистон сиёсати давлатии ҷавонон чунин самтҳои афзалиятнокро дарбар мегирад:

  • ҷалби ҷавонон ба амалияи иҷтимої ва иттилоотонии онҳо дар мавриди имкониятҳои воқеии рушд;

  • инкишофи фаъолияти эҷодкоронаи ҷавонон;

  • ҳамгироии ҷавонони дар вазъи душвори зиндагї қарордошта ба ҳаёти ҷомеа.

“Сиёсати ҷавонон” ҳамчун низоми тадбирҳое, ки давлат ба инкишофи ҳаматарафаи ҷавонон, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъият нигаронида шудааст, амал мекунад.

Дар як ќатор мавридњо гуфта мешавад, ки “Сиёсати љавонон” фароњам овардани имкониятњоро барои рушди дониш, малака ва мањорату малакаи онњо барои шањрванди фаъол дар љомеаи худ пешнињод менамояд. Ин, дар навбати худ, танњо тавассути сиёсатњое ба даст овардан мумкин аст, ки ба љавонон имкони шањрванди мустаќил бо њуќуќи баробар шуданро таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи ақидаи худи ташкилотҳои ҷавонони Ғарб, ки дар тамоми ҷаҳон амал мекунанд. Аз ҷумла, Алянси умумиҷаҳонии ассотсиатсияҳои насронии ҷавонон, Ташкилоти умумиҷаҳонии Ҳаракати Скаут, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ассотсиатсияи ҷаҳонии масеҳии занони ҷавон ва ғайра мебошад. “Сиёсати миллии ҷавонон бояд шароитеро фароҳам оварад, ки ба ҷавонон имкон диҳад, ки ба калонсолоне, ки ҷомеа барои некӯаҳволии ояндааш зарур аст, инкишоф ёбад. Он бояд нақши ҳамаҷонибаи ҳамоҳангсозро бозад ва ба тамоми сиёсатҳое, ки бевосита ё ғайримустақим ба рушди ин ҷавонон ҳамчун аъзои ҷомеа таъсир мерасонад, роҳнамоӣ кунад”. Ташкилотњои љавонони мазкур тавсия медињанд, ки сиёсати љавонон бояд сиёсати тамоми давлат бошад, он бояд табаќањои гуногуни љавононро фаро гирад, муносибати пайгирона дошта бошад, байнисоња, байниидоравї ва бисёрсоња ва ѓайра бошад.

Тибқи санадҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии сиёсати ҷавонон, самтҳои зеринро метавон муайян кард:

  • таъмини иштироки ҷавонон дар раванди қабули қарорҳое, ки метавонад ба ҳаёти онҳо таъсир расонад;

  • фароҳам овардани дастрасии ҷавонон ба хизматрасониҳои муҳим ва имкониятҳо барои рушди онҳо;

  • фароҳам овардани шароити мусоид ва бехатар барои истиқомати онҳо;

  • таъмини рушди ҳамаҷонибаи қобилият ва истеъдоди ҷавонон.

Барномаи умумиҷаҳонии амал барои ҷавонон то соли 2000 ва баъда аз он 10 самти афзалиятноки “Сиёсати ҷавонон” – ро муқаррар кардааст:

  • маориф;

  • шуғ;

  • гуруснагӣ ва камбизоатӣ;

  • масъалаҳои тандурустӣ;

  • муҳити зист;

  • нашъамандӣ;

  •  ташкили ҷинояткории ноболиғон;

  • ҷавонзанон;

  • иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъият ва дар қабули қарорҳо.

Илова бар ин, таҳлили ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид ба мо имкон медиҳад, ки дигар самтҳои афзалиятнокро муайян кунем, ки ба давлатҳо ҳангоми таҳияи барномаҳои сиёсати худ оид ба ҷавонон тавсия дода мешаванд:

  • рушди нерӯи маънавї, ахлоќї, зењнї, касбї ва љисмонии љавонон бо маќсади ташаккули шањрвандони масъул ва посбонони мероси фарњангї;

  • бо маќсади њифзи њуќуќи љавонон ва дар онњо ташаккул додани њисси масъулиятшиносї, ҷиҳати аъзои фаъоли љомеа гардидан, шароит муњайё карда шавад;

  • тањияи барномањои мубодила барои таъмини иштироки љавонон дар њамкорињои фарњангии байналмилалї;

  • таъмини њифзи љисмонии љавононе, ки дар шароити вазнини иљтимої, дар оилањои номусоид ва дар шароити табъизи нажодӣ зиндагї мекунанд.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, принсипҳои умумии сиёсати ҷаҳонии ҷавонон инҳоянд:

  • иштироки ҷавонон дар ташаккул ва татбиқи чорабиниҳое, ки ба манфиатҳо ва ҳуқуқҳои бевоситаи онҳо дахл доранд;

  • гузаштан аз барномањои мутамарказ барои њамаи љавонон ба лоињањои мањаллї, рад кардани барномањои дарозмуддат ба нафъи барномањои кўтоњмуддат бо бартарияти маќомоти мањаллї (шањрї) ва дигар сохторњое, ки мушкилоти љавононро дар њудуди муайян хубтар дарк мекунанд;

  • муносибати фарқиятӣ ба гуруххои гуногуни ҷавонон бо нигох доштани кафолатҳои ягонаи иҷтимоии ҷавонони ҳамаи категорияҳои иҷтимоӣ;

  • дастгирии гурўњњои љавонони ѓайрињукуматї.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, “Сиёсати љавонон” њамчун унсури муносибатњои байналмилалии муосир дар ҷаҳон падидаи бисёрҷанба мебошад. Бо вуҷуди ин, сиёсати ҷавонон 44 қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ дар ҳама кишварҳои пешрафта ба як самти муҳимми сиёсати давлатӣ ва ҳатто фаромиллӣ табдил ёфтааст. Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба љавонони замони муосир ва мањз замони Истиќлоли давлатӣ зикр намуданд, ки “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинї, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”.

 

РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ

ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих

БОЗГАШТ