Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафари Аврупо аввал аз Шоҳигарии Белгия 19 октябри соли 2021 дидан карда, бо Аълоҳазрат Алберто Филипп мулоқот карданд. Баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Халак суҳбат карданд. Яке аз мавзуъҳои асосии музокироти Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Иттиҳоди Аврупо оид ба амният Жозеф Борелл мушкилоти Афғонистон, инчунин таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз ин кишвар сар мезананд буд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки рушди ҳамкорӣ яке аз мавзуъҳои нишасти қариб-ул-вуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба шаҳри Париж дар як чорабинии фарҳангӣ - намоишгоҳи экспонатҳои таърихии "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" ширкат варзида, дар Рӯзи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО суханронӣ карданд.
13 октябр "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" - бузургтарин намоишгоҳи экспонатҳои таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон дар Осорхонаи миллии санъати шарқии Париж - Осорхонаи Гимет кушода шуд. Намоишгоҳ то 10 январи соли 2022 идома ёфт. Дар намоиши фарҳанги дар Фаронса 1 млн. фаронсавиҳо аз таърих ва фарҳанги тоҷикон аз наздик ошно шуданд. Эммануэл Макрон таассуроташро пас аз боздиди намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт ва иброз намуд: “Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун” мебошад.
Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар чахорчӯби сафари расмии худ аз Белгия ва Фаронса аз Брюссел дидан кард ва 11 октябр дар он ҷо бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохгор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд. Дар рафти суҳбат ҳарду ҷониб бо дар назардошти вазъи мураккаби Афғонистон ба вазъи минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел пас аз мулоқот бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зарурати Ҳукумати фарогир дар Афғонистон суҳбат карданд. Презитенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи бостоншиносии кишвари моро дар Париж “ҳайратангез” номид ва ин таваҷҷуҳи фаронсавиёнро нисбат ба фарҳанги тоҷикон зиёд намуд. Эммануэл Макрон аз муносиботи Қотеъонаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занони Афғонистон истиқбол кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таъкид намуд. Маълум аст, ки ҳадафи сафар ва мулоқот пеш аз ҳама барқарор кардани муносибати хуб бо Тоҷикистон ва баррасии вазъи Афғонистон буд. Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раҳбарони баландпояи ин кишвар доир гардид, ки мавзӯи асосии музокирот вазъи Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон буд.
Моҳи ноябри соли 2019 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсия Швейтсария қарор дошта, бо Президенти Швейтсария Ули Маурер вохӯрданд. Дар мулоқот роҳбарони давлатҳо баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ибрози ақида намуданд. Ули Маурер қайд намуд, ки ҳарду кишвар кӯҳистонӣ буда, дар марзи болооб зиндагӣ менамоем, мо омода ҳастем ҳама лоиҳаҳои Шуморо дастгирӣ намоем. Дар натиҷа мубодилаи савдо байни ду кишвар ба ҳаҷми 132 млн ба имзо расид.
Асосгузори судҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳо, ки дар қасри Белвю қароргоҳи Президенти Олмон, дар Берлин баргузор шуд, иштирок карданд. Чунин чорабинӣ дар сатҳи олӣ бо роҳбарони кишварҳо имкон медиҳад, ки масоили гуногунҷанба, аз қабили сиёсат, иқтисод, амният ва мубодилаи фарҳангиро баррасӣ намоянд. Дар ин вохӯриҳои судманд чанд созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ оид ба тадқиқот ва инноватсия, маориф ва илм ҳамкориҳои энергетикӣ, фарҳангӣ, амнияти ва ғайраҳо ба имзо расиданд. Ногуфта намонад, ки мулоқоти сарони давлатҳо дар қасри Белвю қароргоҳи Президенти Олмон Франк Валтер Штайнмайер баргузор гардида буд.
Бояд қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа бо захираҳои бой ва мавқеи геосиёсӣ нақши муҳим доранд. Чунин таваҷҷуҳ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки манфиатҳои миллии худ ва иқтидори кишварҳои худро ба чунин воситаҳо истифода ва амалӣ намоянд. Олмон дорои иқтидори рушди соҳаҳои стратегии миллии давлатҳои Осиёи Марказиро дорост.
Хулоса, бояд қайд кард, ки кишварҳои Аврупо дар сиёсати берунаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, дар сафарҳои пурсамар, ки қариб дар ҳама соҳаҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоӣ уфуқҳои нави робитаҳоро кашф намуд. Сиёсати беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кориашон ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Шоҳигарии Белгия, Олмон, Фаронса ва Шветсария буд, ки хело муваффақ шуданд. Дар натиҷаи сафари хеш бо як қатор роҳбарон ва шахсони воломақоми ин кишварҳо вохӯрда, қариб бо ҳама самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки кишвар аҳдномаҳо ва созишномаҳо ба имзо расидааст. Пеш аз ҳама саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ шаҳодат медиҳад.
Воҳидова Санавбарбону,
доктори илмҳои таърих профессор,
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка