Сиёсати хориҷӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

    (Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019)

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти чунин неъмати бебаҳо  чун истиқлолият худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти ў ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол, равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-и Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ,  консулӣ, тиљоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».

    Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Тайи  28-сол аст, ки давлату  миллати тоҷик дар фазои озоду ороми мустақилият арзи ҳастӣ менамоянд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди зиёди кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои сиёсӣ-дипломатӣ барқарор кардааст, ба узвияти чандин созмонҳо ва ниҳодҳои  байналмилаливу минтақавӣ дохил гардидааст ва бо ҳамаи онҳо пайваста муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро анҷом медиҳад. Ҷомеаи муосир бо тамоми шебу фарозҳояш, бо тазодҳои ба худ хоси замон, дар машғулият барои ҳаллу фасли мушкилиҳое, ки ба вуҷуд омадаанд ва омада истодаанд, раванди таърихии худро паси сар карда истодааст. Чун маълум аст, ҳар як зинаи раванди таърихӣ дорои хусусиятҳои хоси худ буда, асоси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ташаккул медиҳад, ки он, албатта, ба фаъолияти нерӯҳои инсонӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин маврид, даврони муосир низ истисно нест ва дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад, ки марҳилаи кунунӣ ва дурнамои қарибулвуқӯи онро якчанд падидаи хусусияти ҷаҳонӣ дошта, ба мисли мушкилиҳои экологӣ, амният ва истиқрори сулҳи устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ, мушкилоти алоқаманд ба соҳаи демография ва ғайра муайян мекунанд. Яке аз падидаҳои хеле мураккаб ва воқеӣ, ки пеши роҳи онро гирифтан имконнопазир мебошад, раванди ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Падидаи мазкур ҳама кишварҳо ва манотиқи оламро ба худ кашидааст ва дар ҷараёни он ҳамон миллату кишварҳое фаъолона иштирок карда метавонанд, ки тавон, имконот ва сатҳи бояду шояди рушд дошта бошанд.

    Баррасии ҷонибҳои мухталифи ин масъала яке аз рукнҳои асосии паёмҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ба шумор меравад.

      Бинобар ин, лозим донистем, то роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам дар шароити ривоҷи иқтисоди бозаргонӣ дар миқёси олам ва ҳамчун маҳаки асосии чунин муносибатҳо маҳсуб меёбанд, баъзе мулоҳизоти хешро дар партави паёми имсолаи Пешвои миллат иброз дошта бошем.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият, бахусус солҳои охир ин тамоюлу равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳимми ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро дар мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии ватан ва мардуми худро дар чаҳорчубаи сиёсати “дарҳои кушода” дар сатҳи шоиста таъмин намояд.

         Баъди ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод. Муносибати Тоҷикистон ба амалиёти зиддитеррористии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон дар машварат бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанбаи амалиро пайдо намуд. Мубориза бо терроризм Тоҷикистонро бо ИМА ва кишварҳои Аврупо ва дигар китъаҳо наздик сохт. Бо дарназардошти чунин ҳолат дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) изҳор намуданд, ки “Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.” Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар пояи «дарҳои кушод» омодагӣ ва барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ устувор мебошад. Баъди эълони чунин тасмим дар самти муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ такони ҷиддӣ ба амал омад. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт. Чунончи дар паём қайд гардид “Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст”  вобаста ба ин метавон дарҷ намуд, ки самти муҳимми сиёсати хориҷӣ - иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳо чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, ҷудоихоҳӣ тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти қазияи Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд. Тоҷикистон минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳояшро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорад.

         Нуқтаи дигари ирогардида дар паём  ин “Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ки  яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад ба ҳисоб меравад. Тавре дар Паём омадааст, раванди ҷаҳонӣ шудан беш аз пеш кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, Тоҷикистонро вориди сиёсатҳои байналмилалӣ кардааст. Дар чунин шароит Тоҷикистон хостори ҳамкории ҳар чи бештар дар ҳаллу фасли мушкилоти дохилии Осиёи Марказӣ ба хотири коҳиши паёмадҳои номатлуби чаҳонӣ шудан ва таъмини ҷойгоҳи муносиби мантақа дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин аст, ки ошкоро ва бо далоили қотеъ эълом мешавад, ки барномаву тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ва аз ҷумла, сохтани нерӯгоҳҳо на танҳо бар зиёни манофеи миллии ҳамсояҳои ин кишвар нест, балки судеро ба ҳамроҳ дорад, ки онро танҳо шарики воқеӣ метавонад бо дигарон қисмат кунанд. Ба ибораи дигар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки аз роҳи ҳаллу фасли мушкилоти дохилии худ метавонад ба афзоиши сатҳи куллии рушди мантақа ва пойдорӣ дар баробари таҳдиди берунӣ мусоидат намояд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ имруз мавзеи талоши абарқудратон бо назардошти вазият дар Афғонистон қарор дорад. Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Ин аст, ки дар тамоми конфронсҳову ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаҳониён даъват ба миён меоварад, ки барои ҳарчи зудтар анҷоми низоъ дар Афғонистон кумаку машваратҳои худро пешниҳод намоянд. Зеро дарди ҳамсояро ҳамсоя хубтару возеҳтар дарк менамояд. Вазъияи  ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабони мо  тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли зуриву низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, музокироту машваратҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Чандин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат ин нуқта ҳангоми суханрониҳои худ дар конфронсҳои вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон садо додааст. Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Зеро алакай кишвари мо таҷрибаи бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъро дорад ва таҷриба низ кардааст. Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Дар паёми имсола бори дигар Президенти кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд.

         Нуқтаи дигари дар паём зикргардида ин ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳо ва созмонҳои хислати гуногундоштаи минтақавию байналхалқӣ  мебошад, ки мавриди ироа қарор гирифт “Мо робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳем дод. Бемуболиға тайи солҳои соҳибихтиёриву соҳибистиқлоли Тоҷикистон ташаббускор ва узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналхалқӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Дар шаҳри Душанбе дар як вақт пазироӣ намудани ҳамоишҳои сарони давлатҳои се созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва СААД 5-6 октябри соли 2007, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон 28 августи соли 2008, мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чор ҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия 30 июли соли 2009, Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ, 6-8 сентябри соли 2007, Симпозиуми байналмилалии “Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олиму мутафаккир ва шахсияти барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлоси 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкории Исломӣ 18-20 майи соли 2010, Конфронси байналмилалии Созмони милали муттаҳид оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10 – солаи амалиёти ҷаҳонии “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюми он 8-9 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин, баргузошавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигари соли 2018 баргузор гардида аз қабили Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” (22-24 илюл), Иҷлосияи Сарони давлатҳои узви ИДМ, Сарони ҳукуматҳои узви давлатҳои СҲШ, гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонианд. Чунончи дар паём дарҷ гардид, танҳо соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд. Ҳамчунин Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт, ки ин далели пешсафии ҳамкориҳои кишварро бо ниҳодҳои гуногун муайян месозад. Дар паём таъкид низ гардид, ки соли оянда яъне 2020 раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки барои дар фазои амну субот ва  сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаҳои сиёсӣ талошу заҳматҳои худро ба роҳ монанд.

   Дигар самти муҳим - иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳо чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи тероризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд. Тоҷикистонро дар сайёра ҳамчун кишвари ташаббускори дипломатияи обӣ мешиносанд ва эътироф низ намудаанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд.  Ин нуқта дар паёми имсола низ мавриди истифода қарор гирифт: "Дар ин радиф, мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем”, ки ин ҳам мантиқан муаррифии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳалли масоили оби байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

    Имрўз ҳама эътироф кардаанд, ки Тоҷикистон тавонист бо туфайли сиёсати воқеъбинона ва прагматикии  хориҷиву дохилӣ дар муқобили ДОИШ, Ҷунбиши Толибон ва дигар гурўҳҳои террориству экстремистии байналхалқӣ мавқеи устувор ва босубот ишғол намояд ва дар рафъи ин мушкил ба мардуми ҳамҷавори Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ кӯмаки воқеии худро расонад. Дар шароити кунунӣ кам кишварҳо ба чунин хатарот истодагарӣ карда метавонад. Ин нуқтаро Пешвои муаззами миллат дар паёми чунин дарҷ намуданд: “Мо минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард”.
 

Ҳабибҷон Мирзоев,

ходими илмии Институт

Ғуломҷон Ҳобилов,

муаллими ММТУ 4 н. Айнӣ,

Одинаев Аҳмадҷон, 
ходими илмии Институт

БОЗГАШТ