(Ба муносибати ҷашни истиқлоли Покистон-14 августи 2021)
Тоҷикистон баъд аз дарёфти истиқлолият санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун давлати мустақилу озод робитаҳояшро бо кишварҳои ҷаҳон оғоз намуд. Ҳамин тавр, роҳбарияти кишвар равобити дипломатиро бо давлатҳои ҷаҳон шурӯъ карда, ҳамкориҳоро дар бахши сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшиданд.
Кишвари Покистон яке аз аввалин кишварҳое маҳсуб мешавад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва робитаи дипломатиашро аз ҳамон давр оғоз намуд. Бояд зикр кард, ки Покистон ҳамасола 14-уми августи соли 1947 Истиқлояти худро ҷашн мегирад.
Ин кишвар тавонист дар тӯли 74 соли истиқлол ба пешравиҳои хуби саноативу иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саёҳатӣ ва фарҳангӣ ноил гардад ва яке аз ҳамкорони фаъоли узви СММ, ЭКО, СААРК ва СҲШ интихоб гардад.
Бо ҳамин муносибат хостем, назари кӯтоҳе ба муносибатҳо ва созишномаҳои ҳар ду кишвар дар доираи сафари ахири Президенти Тоҷикистон дошта бошем.Бояд зикр кард, ки тибқи торнамои расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикиситон муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.
Аз моҳи феврали соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Насредин Исматулло пешбарӣ шудааст. Аз моҳи июни соли 2019 бошад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар интихоб гардидааст.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн рушд меёбанд. Давоми 30 соли Истиқлолият сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015, 2017 ва 2021) сурат гирифтаанд.
Мавриди зикр аст, ки аз 2-3 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Покистон сафари расмӣ анҷом доданд. Тавре маълум аст, сафари мазкур бо даъвати Сарвазири Покистон Имрон Хон сурат гирифт.
Дар ин сафар Президенти кишварро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ низ ҳамроҳӣ карданд.
Барои пазироии меҳмон фурудгоҳи Исломобод бо аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста шуда,мутобиқи муқаррароти расмӣ бо нишони эҳтироми хос нисбат ба меҳмони олимақом 6 ҳавопаймои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Покистон ҳавопаймои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро то вуруд ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод ҳамроҳӣ карданд ва аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик дода шуд. Сипас тибқи протоколи давлатӣ вохӯрии ихтисосӣ миёни роҳбарони ҳарду кишвар ва музокирот дар шакли васеъ гузаронида шуд.
Зимни мулоқоти муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва хусусан Покистонро муҳим арзёбӣ карда, чунин қайд карданд: «Мо ҷойгоҳи геостратегии Покистон ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мешуморем. Мо омодаем тамоми имкониятро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем».
Бо чунин арзёбиҳои минтақавиву фароминтақавӣ роҳбарони ҳарду кишвар рафти иҷрои амалии санадҳои дуҷонибаи қаблан имзошударо муҳокима намуда, сатҳи баланди рушди муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ѓайра таъкид карда, ҷонибдории хешро изҳор намуданд. Ҳар ду роҳбар изҳори итминон карданд, ки робитаҳои устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон ба манфиатҳои мардумони ду кишвар буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа кӯмак хоҳанд расонд.
Тибқи торнамои расмии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки рушди муносибатҳоро тақвият мебахшад. Дар ҷараёни сафар санадҳои зерин ба имзо расиданд, ки имконияту шароитҳои муҳим ва лозимиро барои робитаҳои баъдӣ байни ҳарду кишвар тақвият хоҳанд бахшид:
- Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;
- Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Дар хулоса метавон қайд кард, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистони навин рушди муносибатҳо ва дӯстиро миёни ҳар ду кишвари дӯст ва ҳамҷавор тавсеа дода, ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла мавори, илм, тиҷорат ва саноат таҳким мебахшад.
Раҳмонов Мирсаид,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ