Муаллиф: ИОМДОА
Ба таъсиси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 2 сол пур шуд. Ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад. Дар робита ба корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои дарпешистодаи ин пажӯҳишгоҳ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад НИЁЗӢ суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Ҳадафи асосии таъсиси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо аз он иборат аст, ки муносибатҳо ва манфиатҳои миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо таҳлилу баррасӣ шаванд. Институт бештар кадом самтҳои давлатҳои Осиё ва Аврупоро таҳлилу баррасӣ мекунад?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Институт фаъолияти худро аз 15 марти соли 2017 шурӯъ намуда, дар тӯли фаъолият шуъбаҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Аврупо ва Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъсис дод ва самтҳои фаъолияти илмии худро муайян кард. Инҳо масоили кишваршиносӣ, геополитикӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангӣ дар умум ҳамчун самти минтақашиносӣ мебошад.
Ҳамзамон зимни омӯзиши ин масоил таҷрибаи кишварҳои пешрафта мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, моделсозӣ мешавад. Барои татбиқи амалии ин таҷрибаҳо дар самти сиёсату иқтисод, фарҳангу адаб ва ҳунар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Дар доираи ин самтҳо ду лоиҳае, ки аз собиқ Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рудакӣ ба мо интиқол шудаанд, бештар болои ин масоили зикргардида мутамарказ шуда, натиҷаҳои назаррас комёб гаштааст.
Аз ҷумла, дар тӯли фаъолияти дусола Институт бо давлатҳои Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Афғонистон, кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳо ҳамкории дутарафа ба роҳ мондааст. Дар доираи ин ҳамкорӣ дар оянда олимон, ходимони ҷавон, магистрон ва докторантон дар самтҳои гуногун дар хориҷи кишвар таҳсили илм менамоянд ва барои тавсеаю густариши робитаҳои байналмилалии кишвар саҳми худро мегузоранд.
АМИТ «Ховар»: Тавре зикр намудед, дар Институт шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият мекунад. Аз рӯи таҳлилҳои кормандони Институт, имрӯз ба амнияти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон чӣ гуна хатарҳо таҳдид менамоянд ва бояд Тоҷикистон ба кадом масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ кунад?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Тавре ки маълум аст, тайи чанд соли охир низоми амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ бештар аз ҳар вақти дигар осебпазир шудааст ва афзоиши нооромӣ ва низоъ дар дигар гӯшаву канори олам низ мушоҳида мешавад. Мушкилоти гуногун ба ҳам гиреҳ хӯрда, барои Осиёи Марказӣ маҷмӯаи таҳдиду чолишҳои бузургеро, мисли густариши терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, рушди ҷинояткориҳои фаромиллӣ ҳамчун омили густариши бесуботӣ ба вуҷуд овардаанд.
Хусусан, вазъияти сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон, қувват гирифтани ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ, ҷои по пайдо намудани гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин кишвар таҳдиди билқувва ба вазъияти кишварҳои Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Афзоиши ҷанг ва хушунатҳо дар Афғонистон баъд аз соли 2007 густариши соҳаи нуфузи гурӯҳҳои ифротии марбут ба ҳаракати «Толибон», ки тибқи оморҳо, ҳудуди 40% қаламрави Афғонистонро дар назорати худ доранд, мояи нигаронӣ ва таҳдид ба Осиёи Марказӣ мебошанд.
Гузашта аз ин, баъди шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ бино ба хабарҳои матбуот, қисме аз ҷангиёни ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон паноҳ ёфтаанд. Ва дар сафи ин гурӯҳҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ҳам кам нестанд. Ҳадафи ин гурӯҳи террористӣ, тавре медонед, барҳам задани қаламравҳои давлатҳои миллӣ ва таъсиси хилофат мебошад, ки ин андеша таҳдиди мустақим барои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Ин гурӯҳҳо дар қаламрави Афғонистон, хусусан дар минтақаҳои шимолии он пойгоҳ ва ҳавзаи нуфуз пайдо намудаанд. Ин дар ҳолест, ки мо бо ин кишвар марзи муштараки 1400 километрӣ дорем. Худи ҳузур ва нуфуз пайдо кардани ин гурӯҳҳо дар Афғонистон метавонад боиси афзоиши рӯҳияи андешаҳои ифротӣ миёнаи ҷавонон дар кишварҳои дигари минтақа шавад.
Масъалаи дигар афзоиши рақобати қудратҳои фароминтақавӣ ва минтақавӣ барои густариши ҳавзаи нуфуз дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Рақобати қудратҳо барои таҳкими нуфузи худ гоҳо боис мешавад, ки гурӯҳҳои ифротӣ тақвият ёфта, андешаҳои ифротгароёна ва ё ҷудоихоҳона доман зада шаванд.
Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки чолишҳои асосии амниятӣ барои Осиёи Макарзӣ, хосса Тоҷикистон, густариши нуфузи гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ дар Афғонистон, паҳншавии андешаҳои ифротии мазҳабӣ, густариши кишвар ва қочоқи маводи мухаддир ва тавсиаи ҷинояткории фаромиллӣ мебошад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки мушкилоти дигари минтақавӣ ва иҷтимоие вуҷуд доранд, ки метавон аз онҳо ба унвони чолишҳо ва таҳдидҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳалнашудаи экологияи минтақавӣ, ки рӯз аз рӯз афзоиш меёбанд. Дар баробари он буҳрони молии байналмилалӣ ва посухгӯ сохтани низоми бозор ва шохисҳои иқтисоди кишварҳои минтақа ба меъёрҳои ҷаҳонӣ низ масъалаҳое мебошанд, ки бояд ба он таваҷҷуҳ сурат бигирад.
АМИТ «Ховар»: Институт ба муносибатҳои муштарак миёни давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунад?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ яке аз манотиқи стратегӣ маҳсуб шуда, бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон равобити муҳими минтақавӣ ва фароминтақавӣ дорад, ки метавонем оид ба якчанд нукоти он равшанӣ андозем. Қабл аз ҳама, бояд зикр кард, ки минтақаи мазкур аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайванди стратегӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дорад. Дар ҳудуди ҷуғрофии он ҳашт кишвар- Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал, Покистон ва Шриланка ҷойгир шудаанд.
Сокинони он зиёда аз 1,7 миллион нафар буда, 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳанд. Ин минтақа дорои имконоти хуби саноатӣ, сайёҳӣ ва сохтмониву кишоварзӣ буда, ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавии он бо Осиёи Миёна, алалхусус бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шудааст. Аз ин сабаб ҳамгироии минтақавии муҳим маҳсуб шуда, ҳамкории байни тарафайни он мавриди таваҷҷуҳ хос бояд қарор гирад, то масъалаҳо ва чолишу дурнамои онон мавриди баҳс гашта, пайванди онҳо ба таври хуб тавсеа ва рушд намояд.
Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна дар ҷаҳон аз кампайвасттарин минтақаҳо шуморида мешаванд, ки то ҳол равобити коммуникатсионии худро ба таври бояду шояд ҳаллу баррасӣ накарданд. Бо вуҷуди ҳамаи он ин манотиқ дорои зарфиятҳоеанд, ки тавассути он метавонанд монеаҳоро убур карда, ба ҳадафи асосии худ, ки ҳамгироии минтақавӣ ва фароминтақавӣ мебошад, комёбӣ ба даст оваранд. Ин дороиҳо аз манбаҳои энергетикии бехатар, имконоти комилу мукаммали тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, интиқоли молу маҳсулот, фарҳангу таърихҳои муштарак, чолишҳои сиёсиву иқтисодии ҳамонанд иборат мебошанд.
Бояд зикр кард, ки пул ё сарвати асосии асри 21-ин доштани равобити иқтисодӣ, муомилоти инсонгароёна ва ҳамгироии минтақавӣ мебошанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳамгирои минтақавии кишварҳои рӯ ба рушд мавриди баррасии махсус қарор доранд, ки бидуни он ин кишварҳо наметавонанд вазъу ҳолоти худро беҳтару олитар гардонанд ва зиндагии мардуми худро рушду беҳбудӣ бахшанд.
Аз ҷониби бисёре аз таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ рушди равобити иқтисодӣ, амниятӣ ва кашмакашу ихтилофот, коммуникатсия, радду бадал ва аз худгузариву таҳаммулпазирӣ аз масоили умдаи ин минтақа арзёбӣ шудаанд. Яке аз дигар масоили ин манотиқ- ин афзоиши баҳсу равандҳои геополикии дунё, ба мисли ҷангҳои сард, кашмакашу ҷангҳои таҳмилии Афғонистон, нофаҳмиҳои мазҳабиву динӣ, ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм низ ба ин минтақа асар гузошта, монеаи рушди иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии он шудааст.
Дар ниҳоят коҳиши суботи минтақавӣ ва хатару терроризм минтақаро ба таҳдид гузоштааст, ки натиҷаи он ба манотиқи дигар низ асар расонда истодааст. Аз ин лиҳоз рушд ва суботи минтақа ягона роҳи тараққӣ ва афзоиши тиҷорат ва савдо ба ҳисоб меравад. Ин субот метавонад, кафолат барои зиндагии шоистаи мардум ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии он гардад ва суботи минтақавии он метавонад, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш дода, некуаҳволии мардумро беҳтар созад.
Бояд зикр кард, ки ин манотиқ аъзои фаъоли СММ буда, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва мадании ин созмони ҷаҳонӣ саҳм доранд. Созмони ҳамкории минтақавии бо номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) низ аз муҳимтарин муассисаи пайвандгарест, ки бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ ташкил шудааст. Интиқоли неруи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000 ва интиқоли лӯлаи газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё TАPI (Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) низ аз созмонҳои муҳими иқтисодианд, ки дар рушд ва тиҷорати минтақавӣ кумак мерасонанд.
Бо мавҷудияти чунин тавоноӣ ва имконият ҳанӯз нофаҳмиҳое ҳастанд, ки рушди тиҷоратӣ ва иҷтимоиро зери суол гузошта, аз роҳбарон ва шарикони рушди онҳо тақозо мекунад, то аз ақли солим ва созанда истифода карда, ин масоилро ҳал намоянд. Бояд зикр кард, ки хатар ва набудани амният ва суботи имрӯза тамоми роҳбарони дунёро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дода, барои истиқрор ва оромии он талош менамоянд. Онҳо ба ин назаранд, ки адолат, субот ва рушди ҳар минтақаи дунёро метавон бо барқарор кардани амният ва сулҳ ба даст овард.
Чунин назару тавсияҳо аз тарафи якчанд роҳбарони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки мардуми он гоҳу ногоҳ дар кашмакашҳо ва мухолифатҳо қарор доранд, муҳимтар арзёбӣ шудааст. Доимо даҳшати амалҳои террористии хиёбонҳои Кобул, нофаҳмӣ ва мухолифатҳои ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабону дорои расму русуми муштарак ва дигар мушкилоти минтақаро мавриди омӯзиш қарор дода, метавон арзиш ва қимати сулҳу суботро ташхис кард ва гуфт, ки устувории рушди ҷомеа ва равобити тиҷоратии он вобастагии комил ба суботи минтақавии он мебошад.
Бояд эътироф кард, ки Афғонистон чун марказ ва пули иртиботиест, ки Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ғарбиро бо ҳам пайваст карда, равобити тиҷоратии минтақавиро таҳким мебахшад.
АМИТ «Ховар»: Инҷо саволе ба миён меояд, ки оё Осиёи Ҷанубӣ сулҳ ва оромии минтақавиро намехоҳад ва барои таҳкими равобит ва некуаҳволии мардум омода нест?! Ва оё субот ва амнияти Осиёи Миёна метавонад барои таҳкими муносибатҳои минтақавӣ кумак расонад, то пули тиҷоратии ин минтақа устувор ва рушд боқӣ монад?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Чуноне, ки зикр шуд, SAARC яке аз созмонҳои стратегии минтақа буда, метавонад муштаракоти минтақаро аз нав барррасӣ карда, барои рушд ва суботи минтақа ҳамаро муттаҳид созад. Таҳлилгарон барои рушд ва суботи минтақа шиори наверо таҳти унвони «афзоиш дар тиҷорат», «коҳиш дар ҷангу ҷаҳолат», «ҳамзабонӣ ё тиҷорати осмонранг» тавассути соҳилҳои дарёӣ ва заминӣ чун сутуни рушди устувор ва амният қабул карда, тавсия медиҳанд, ки таҳти ин шиор метавон муҷаддан ҳамкориро бо кишварҳои минтақа таҳким бахшид, минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, сайёҳатӣ ва саноатии Осиё табдил кард.
Хулоса, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна аҳамияти стратегии иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии муштарак дошта, субот ва амнияти ин минтақа суботи равонӣ ва руҳии тамоми дунёро меоварад, зеро ин манотиқ таммаддун ва марокизи таърихиеро доранд, ки ҷаҳон ва хусусан Аврупо мафтуни он аст.
АМИТ «Ховар»: Дар Институт шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият мекунад. Дар соле, ки Тоҷикистон Раёсати Иттиҳодро бар уҳда дошт, омӯзиши масъалаҳои муҳиме, ки аъзои давлатҳоро бо ҳам муттаҳид менамояд, чӣ гуна ба роҳ монда шуд?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Вобаста ба ҷамъомади навбатии роҳбарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо китоберо таҳти унвони «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» («Содружество Независимых Государств») бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 371 саҳифа аз чоп бароварданд.
Ҳайати муаллифон дар китоб ҳодисаҳои солҳои охири асри XX ва XXI — ро қаламдод намуда, дар баробари сабабҳо ва зарурати бунёди ИДМ ба хонанда дар шакли мухтасар робтитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои аъзои Иттиҳод баён намудаанд.
Дар давоми ҳамкорӣ кишварҳои-аъзои ИДМ корҳои азим ва муштаракро ба анҷом расониданд.
Ба ақидаи мутахассисони Институт, бо мақсади ноил шудан ба фаъолияти самаранок Иттиҳодро зарур аст, ки стратегияи ташаккули кишварҳои аъзои ИДМ -ро то соли 2050 муайян ва қабул намояд. Бонки тараққиёти ИДМ-ро бо сармояи 100 млрд.доллари ИМА ташкил диҳад. Иттиҳоди саноатӣ бо тақсимбандии ҳуқуқҳои ҳамоҳангсозии ҳаҷми истеҳсолот ва дар ин замина тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо байни давлатҳои аъзои ин Созмон ба роҳ монад.
Ҳиссаи кишварҳои аъзои ИДМ дар гирифтани маблағ мутобиқ ба нақшаи Иттиҳоди иқтисодии Аврупоро (мултипликатор) муайян намояд. Системаи ягонаи ҳисоббаробаркуниҳоро (ба монанди SWIFT), ки танҳо мансуб ба кишварҳои ИДМ мебошанд, фавран ба роҳ монад ва интернети ягонаи кишварҳои ИДМ-ро ба роҳ андозанд.
АМИТ «Ховар»: Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва Амрико дар кадом сатҳ аст ва дурнамои он чӣ гуна аст?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Барои амиқтар омӯхтани масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи ба кишварҳои Аврупо алоқаманд лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи «Таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: дастовардҳо ва дурнамои он» барои солҳои 2019 -2024 тартиб дода шуда, он аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тасдиқ карда шудааст. Ин лоиҳа умуман дар равандҳои иқтисодиву сиёсат ва фарҳанг бахшида шуда, фаъолияти созмону ҷунбишҳои сиёсии ин давлатҳо, идеология, сарчашма ва омилҳои авҷгирии низоъҳои минтақавӣ, рақобатҳои геополитикӣ дар минтақа ва таъсири ин омилҳо ба Тоҷикистон, таҳқиқи масъалаҳои мазкур аз нигоҳи манфиатҳои кишвари мо баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин замина, таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дутарафаи миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самт дода мешавад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона мешавад, ки сиёсати ин кишварҳо дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ, мубориза бар зидди ифротгариву терроризм, таъмини амнияту пойдории сулҳу субот ба кадом шакл суръат мегирад ва кадоме аз ин чораҷӯиҳо барои Тоҷикистон мувофиқ ҳисобида мешавад.
Мавзӯи дигаре, ки мавриди тадқиқоти илмӣ қарор мегирад, таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат ва ҳамкории судманди он ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо назардошти манфиатҳои геополотикии онҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст. Ба назар гирифтани яке аз кишварҳои абарқудрат Канада, ки ҳаматарафа муваффақ аст, ҳамчун замина таҳқиқ карда мешавад.
Дар самти таҳқиқи иқтисодӣ оид ба модели рушди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мутахассисони сохторҳои мухталиф, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунанд. Ин ҷанбаи таҳқиқ бо назардошти тағйирёбии суръатноки омилҳои иқтисодӣ ва шароити ташаккули вазифаҳо ва самтҳои муосир сурат мегирад.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб дар фаъолияти ҳамкории хориҷии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ мақоми хосса дорад. Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳими байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем.
АМИТ «Ховар»: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ бо кадом институтҳои илмию тадқиқотии давлатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Бо мақсади тақвияти робитаҳои байналмиллалӣ, роҳандозии корҳои омӯзишӣ вобаста ба тадқиқ ва таҳлили илмии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои пешрафтаи Ғарб, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2018 бо якчанд намояндагии дипломатии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналимилалии муқими Тоҷикистон якчанд маротиба мулоқоту вохӯриҳо, семинару конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор намуд.
Аз ҷумла, то ин муддат бо чунин сафоратҳо ва намояндагии кишварҳои хориҷӣ робита барпо карда шуда, якчанд мулоқотҳо, чорабиниҳои муштарак, семинару конфронсҳо ташкил кард шуд.
Институт дар айни ҳол бо донишкадаву донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии хориҷӣ, аз ҷумла INALCO, IFEAC (Франсия), донишгоҳҳои Ҳумболт ва Бромберг (Олмон), Институти таърих ва этнологияи ба номи Ч.Ч. Валиханов (Қазоқистон), Институти шарқшиносии АИ ФР (Россия), Донишгоҳии Бадахшон (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Донишгоҳи ба номи Муҳаммад ибн Сауд (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Донишгоҳи Мичиган (ИМА) ва Донишгоҳи Салҷуқ (Туркия) ҳамкориро ба роҳ мондааст.
АМИТ «Ховар»: Дар назар аст, ки ҷуғрофиёи омӯзиши қитъа васеъ гардад. Барои ин дар Институт захираи кадрӣ вуҷуд дорад?
Ёрмаҳмад Ниёзӣ: Тавре зикр шуд, Институт доираи омӯзиши манотиқи дунёро рӯз аз рӯз васеъ карда истодааст, ки ин албатта заҳмат ва талошҳои беандозаи кормандони илмии институтро гувоҳӣ медиҳад. Дар институт 11 доктори илм, 15 номзади илм ва дигар мутахассисони соҳавӣ кору фаъолият мекунанд, ки ҳамаи он донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, немисӣ, ҳиндӣ, ҷопонӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, туркӣ ва дигар забонҳо мебошанд.
Бо иваз шудани самти пажӯҳиши Институт мушкилоти кадрӣ низ мавҷуд аст. Бештар болои равобити кишварҳо ва омӯзиши манофеи муштараки миёни Тоҷикистону кишварҳои Осиё ва Аврупо мутамарказ шудани фаъолияти Институт аз мо тақозо мекунад, ки мутахассисонеро ба кор ҷалб намоем, ки дар самти таҳлили равобити байналмилалӣ таҷрибаи кофӣ дошта, барои пуштибонии манофеи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилаӣ кӯшиш намоянд, то Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро ба таври шоиста ҳимоят карда тавонад. Барои ба ин ҳадафи бузург расидан, пеш аз ҳама, мутахассисони болаёқат ва кордон, махсусан дорои дониши мукаммали сиёсӣ дошта зарурат дорем, то дар рақобатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ҳифз карда тавонем.
Бознашр аз АМИТ "Ховар"