Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омўзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад.
Телефон: +992 000 00 00 00
Email: email@gmail.com
Самтҳои фаъолияти илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин аз масоили кишваршиносӣ, геопалитика, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳо иборат аст.
Номи лоиҳа: Геополитикаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ; Вижагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геопалитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ.
Дар Шуъба мутобиқи барнома нишастҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ баргузор мешавад.
Телефон: +992 000 00 00 00
Email: email@gmail.com
Шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик масоили кишваршиносӣ, геополитикӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳои минтақаи Шарқи Миёна ва Наздикро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад.
Лоиҳаҳои шуъба: “Ҷунбишҳои сиёсӣ, идеологию мазҳабӣ ва низоҳои минтақавии Шарқи муосир: ҳадафҳо, тамоюлот ва пайомадҳо”. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа масъалаҳои умдаи ҷунбишҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва нақши онҳо дар авҷгирии низоъҳои минтақавӣ, омилҳои ташаккули ҷунбишҳои динӣ, омилҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар низоҳои минтақавӣ ва вижагиҳои муносибатҳои таърихӣ ва руҳиву равонии кишварҳои Шарқи наздик ва Миёна таҳқиқ мешаванд.
Телефон: +992 000 00 00 00
Email: email@gmail.com