АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АВОМИЛИ РУШД ВА САМАРАНОКИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ИНДОНЕЗИЯ

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Ҷумҳурии Индонезия кишвари агро-саноатӣ буда, аз рӯйи динамикаи микроиқтисодӣ дар иқтисодииёти ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Дар рушди иқтисодии кишвар нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ хело калон аст. Индонезия ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии худ медонад. Бо дар назардошти ин муаллифон тасмим гирифтаанд, ки дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои муҳимми рушд ва самаранокии минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Индонезия мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Бояд ҳаминро қайд намуд, ки Ҳукумати Индонезия барои рушди минтақаҳои озод, таваҷҷуҳи зиёд медиҳад ва ба воситаи имтиёзҳои андозбандӣ ва Шӯрои танзимкунанда бархурдор гардидааст. Имрӯз ба воситаи он саноатикунии босуръати кишвар таъмин гардида истодааст. Инчунин дар рушди он Созишномаи сегонаи давлатҳои Сингапур, Малайзия ва Индонезия оид ба минтақаҳои озоди нақши асосиро бозид. Муаллифон дар натиҷаи омӯзиши рушди минтақаҳои озоди Индонезия якчанд пешниҳод намудааст. Таҳлил ва омӯзиши рушди кишварҳои тариққиёфта, аз ҷумла Индонезия барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия мусоидат хоҳад кард.

БОЗГАШТ