АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи пурсамари “нерӯи нарм” ва истифодаи НАТО аз он дар Осиёи Марказӣ

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина НАТО низ кишварҳои Осиёи Марказиро аз тариқи барномаҳом мухталиф ба доираи фаъолияти худ фаро гирифта, барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ва баланд бардоштани нуфуз ва эътибори хеш дар ин минтақа аз дипломатияи ҷамъиятӣ всеъ истифода бурдааст. Дар ҳамин қарина ҳамкориҳо дар бахши илму фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳарбию таъмини амният аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, НАТО чунин фаъолиятҳояшро бештар бо истифода аз имконоти дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи муассири“нерӯи нарм” дар раванди сиёсати хориҷии хеш амалӣ сохтааст.

БОЗГАШТ