АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ФАРОМИНТАҚАВИЯТ - ПАДИДАИ НАВ ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

Муаллиф: Қудратов Комрон

Дар мақолаи мазкур тамоюлҳои марбут ба рушди падидаи фароминтақавият дар сиёсати муосири ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст. Бо амиқтар шудани равандҳои ҷаҳонишавӣ, густариши таҷрибаҳои ҳамгироӣ ва тамоюли демократикунонии ҷаҳон барои рушди раванди фароминтақавият заминаи мусоид фароҳам овардааст. Фароминтацавият дар натиҷаи ба вуҷуд омадани ниҳодҳои нав дар сиёсати ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Фаъолшавии субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, густариши таъйини сарҳадҳо ва соҳибихтиёрии давлатҳо дар натиҷаи шиддат гирифтани ҷараёни фаромиллӣ, вазъи буҳронии нињодњои куҳна ва форматҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои сиёсии ҷаҳонӣ, ҷустуҷӯи ангезаҳои нави рушд аз ҷониби давлатҳои миллӣ ва иттиҳодияҳои минтақавӣ боиси рушди падидаи фароминтақавият гардидаанд. Дар ин таҳқиқоти мазкур се навъи падидаи фароминтақавият баррасӣ гардидааст: 1) ҳамкории иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ; 2) форумҳои фароминтақавӣ бо иштироки давлатҳои аъзо аз минтақаҳои гуногун; 3) фароминтақавияти шабакавӣ, ки нистабан мураккаб буда, дар доираи он иттиҳодияҳои ҳамгиро, давлатҳои алоҳида ва гурӯҳи давлатҳо ҳамкорӣ мекунанд. Муаллифон дар ин таҳқиқот мафҳуми фароминтақавиятро шарҳ дода, вазифаҳои онро таъкид намуда, сенарияи дурнамои рушди онро нишон додаанд.

БОЗГАШТ