АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ХАМГИРОИИ ИҚТИСОДӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ ДАР ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ АСЕАН

Муаллиф: Қудратов Комрон

Вазъияти ҳозира ва дурнамои иқтисодиёти мамлакатҳои АСЕАН (Ассотсиатсияи миллатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ) бо вазъи иқтисодии ҷаҳон зич алоқаманд аст. Роҳи рушди устувори иқтисодии кишварҳои АСЕАН аз ҳамгироии кишварҳои минтақа ва бозсозии сохтор, кам кардани вобастагӣ ба марказҳои иқтисоди ҷаҳонӣ вобастагии калон дорад. Дар мақолаи мазкур мушкилоти ҳамгироии иқтисодии кишварҳои АСЕАН аз нуқтаи назари амалия ва институтҳои сиёсии давлатӣ баррасӣ шудааст, ки сатҳи самаранокии иқтисоди кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро муайян мекунанд. Омили муҳими ба даст овардани рушди иқтисодии ба содирот нигаронидашуда ва рушди бомуваффақият ҳамгироии минтақавӣ дар доираи АСЕАН бо ташаккули институтҳои боэътимоди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ мебошад ва ин имкон медиҳад, ки робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа танзим шаванд. Дар мақола инчунин омилҳои иқтисодӣ ва сиёсии ноил нашудани АСЕАН ба якпорчагии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Омилҳои мазкур АСЕАН-ро аз расидан ба ҳамгироии комили иқтисодӣ боздошта, бо тай кардани марҳилаҳое, чун тиҷорати афзалиятдошта, минтақаҳои озоди иқтисодӣ маҳдуд кардаанд дар ҳоле, ки АСЕАН ба ташкили иттиҳоди гумрукӣ ва бозори муштарак машғул мебошад. Монеаҳои дохилиминтақавӣ ва фароминтақавӣ аз омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки эҳтимоли бештар ба таъхир андохтани ҳамгироиро хоҳанд дошт. Бо баррасии таҷрибаи ҳамгироии минтақавӣ дар доираи АСЕАН метавон рушди ин равандро (ҳамгироии минтақавиро) дуруст донист.

БОЗГАШТ