АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

КОНСЕПСИЯИ АХЛОҚИИ АБӮШАКУРИ БАЛХӢ ДАР МАСНАВИИ “ОФАРИННОМА”

Муаллиф: Холиқова Шоира

Муаллиф дар мақолаи мазкур кӯшидааст асли консепсияи ахлоқии Абӯшакури Балхиро дар асоси маснавии “Офариннома”, ки асаре саросар пур аз андарзу насиҳат ва ахлоқ аст, мавриди таҳқиқ қарор диҳад ва мақому хидмати ин шоири ҳакимро, ки дар тарбияи инсони комил ва бошараф саҳми арзишманд дорад, муайян созад. Абӯшакури Балхӣ муҳимтарин масъалаҳои ахлоқиро дар “Офариннома” инъикос намуда, дар роҳи таҳзиби хилқати инсон саъйи комил кардааст. Муаллиф ба чунин натиҷа меояд, ки байтҳои боқимондаи ин асар муҳимтарин масъалаҳои ахлоқӣ ва таълимии замонашро фаро гирифтааст, ки барои замонҳои баъд низ ҳамчунон пурарзиш аст.

БОЗГАШТ