АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

КУМАКҲОИ СОЗМОНҲОИ БАИНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТАЪМИНИ ПОЙГОҲҲОИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ВА НАШРИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМИ-МЕТОДӢ ДАР АФFОНИСТОН (СОЛҲОИ 2001-2016)

Муаллиф: Қудратов Комрон

Дар мақола кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ дар таъмини пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ ва нашри адабиёти таълимӣ-методӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар раванди таҳқиқ муайян карда шуд, ки дар ин давра муассисаҳои таълимии ин кишвар аз норасоии таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои аёнӣ танқисӣ мекашидаанд. Дар бисёр муассисаҳои таълимии Афғонистон норасоии тахтаи синф, мизу курсӣ, маводди озмоишгоҳ, компютер ва китобҳои дарсӣ дида мешуд. Ба таври кул, 74% мактабҳо бо норасоии таҷҳизоти дарсӣ рӯ ба рӯ буданд. Дар асоси таҳлилҳо ва баррасии манбаъҳо, мушкилоти мавҷуда дар соҳаи маориф нишон медиҳад, ки вазъи озмоишгоҳҳо, компютерҳо, китобхонаҳои мактабҳо дар давраи интихобгардида нигаронкунанда буда, барои беҳтар кардани пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ як қатор созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намудаанд. Яке аз созмонҳое, ки дар самти пойгоҳи моддӣ- техникии маорифи Афғонистон кумакҳои зиёд намудааст ин Созмони байналмилалии ЮНИСЕФ мебошад. Ин созмони байналмилалӣ тавонистааст дар таъмини соҳаҳои маорифи Афғонистон бо маводҳои моддӣ-техникӣ ва нашри адабиёти таълимӣ-методӣ ва дар дастрасии муаллимону хонандагони Афғонистон бо маводи зарурӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

БОЗГАШТ