АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МУҲАҚҚИҚОНИ АРАБ ДАР БОРАИ УСТОД АЙНӢ

Муаллиф: Мардонӣ Тоҷиддин

Устод Садриддин Айнӣ тавассути тарҷумаҳои асарҳои ҷовиди худ дар саросари Шарқи Араб шуҳрат ёфтааст. Мардуми араб қаблан бо асарҳои устод Айнӣ аз рӯи тарҷумаҳои англисӣ, франсавӣ, олмонӣ ошно буданд, вале баъдтар онҳо асарҳои ӯро ба забони модарии худ мехондагӣ шуданд. Нахустин асари ба забони арабӣ тарҷумашудаи Айнӣ «Ёддоштҳо» - и безаволи ӯ мебошад, ки тарҷумаи он ба қалами Амид Абу Саъл тааллуқ дошта, соли 1957 дар яке аз нашрияҳои Бейрут ба табъ расидааст.

БОЗГАШТ