АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Омилҳо ва роҳҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Сингапур

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Дар мақолаи мазкур муаллиф марҳилаҳои таърихӣ ва омилҳои рушди Минтақаҳои озоди иқтисодии Сингапурро таҳқиқ намудааст. Рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Сингапур бо таъмин намудани озодиҳои иқтисодӣ, кафолати маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, андозбандии мусоид ба даст омадааст. Яке аз ҷузъҳои муҳими стратегияи рушди ин кишвар, ки ба содирот нигаронида шудааст, минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошанд. Сингапур ба воситаи ин минтақаҳо ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуда, барои ширкатҳои фаромиллие, ки миллиардҳо доллар сармояи онҳо дар тамоми қитъаҳо гузошта шудааст, ҷолиб гардидааст. Корпоратсияҳои байналмилалӣ дар ҷустуҷӯи шароити мусоид барои фаъолияти тиҷоратии худ МОИ-ро муҳим медонанд ва умдатан фаъолияти тиҷоратии худро дар ин минтақаҳо ба роҳ мемонанд.

БОЗГАШТ