АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Омилҳои рушди иқтисоди Шоҳигарии Тайланд

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Дар мақолаи мазкур муаллиф омилҳо ва роҳҳои рушди иқтисодии Шоҳигарии Тайланд давраҳои рушд, далелҳои таърихии он, махсусиятҳои миллии рушди иқтисодиёт дар ин кишварро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Тайланд яке аз минтақаи пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба шумор рафта, рушди босуръати иқтисодии Таиланд аз ислоҳоти иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофии он вобастагӣ дорад. Омӯзиши таҷрибаи ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ махсусан Тайланд аҳамияти калони илмию амалӣ дорад. Махсусан омӯзиши рушди саноати Тайланд барои кишвари мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи стратегии худ қарор додааст, ба манфиати кор ҳоҳад буд.

БОЗГАШТ