АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РӮДАКӢ ВА АНЪАНАИ МАСНАВИСАРОЙӢ ДАР АСРИ X

Муаллиф: Холиқова Шоира

Дар ин мақола муаллиф қайд менамяод, ки дар адабиёти тоҷикӣ-форсии асри Х маснавӣ мувофиқтарин шакли назм шинохта шудааст ва дар адабиёти ин аҳд на фақат аз ҷиҳати микдор, балки ба ваҷҳи фарогирии тасвири соҳаҳои гуногуни рӯзгор хеле вусъат пайдо намудааст. Миқдори зиёди маснавиҳои ин аҳдро ба Рӯдакӣ нисбат дода, «Калила ва Димна» дар сархати маснавиҳои адабиёти асри даҳи форсу тоҷик қарор дорад. Ба ин тариқ, намунаҳои боқимондаи ин навъи адабӣ гувоҳ бар онанд, ки маснавӣ дар асри X чун шакли хос истиқлол пайдо карда, дар ин навъи адабӣ мероси қобили мулоҳизае ба вуҷуд омадааст. Маснавии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дигар шоирони ҳамзамони ӯ ба мо имконият медиҳанд, ки дар бораи падидаи асари маснавӣ дар асри Х, хусусиятҳои хос ва гуногунрангии шаклҳои он сухан ронем.

БОЗГАШТ