АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

СИЁСАТИ МУВАФФАҚ ВА ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОНИ МУОСИР

Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ

Дар мақола сиёсати муваффақ ва ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат ҳамчун омили пайвандгари Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Пешвои миллат дар баробари инкишоф ва рушд додани давлати тоҷикон инчунин, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои бузургеро роҳандозӣ намудаанд, ки мавриди пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Таъкид мешавад, ки ташаббусҳо дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва кӯҳнашудаи он раҳо карда, назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ пайгирӣ мекунанд. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рӯзгори на танҳо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд.

БОЗГАШТ