АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинд ҳамчун тақвиятдиҳандаи муносибатҳои илмӣ-фарҳангӣ

Муаллиф: Нушофарин Олимова

Илму фарҳанг дар мамлакатҳои Шарқ аз давраҳои хеле қадим рушд ёфтааст. Осори адибони Шарқ дар арсаи ҷаҳонӣ ба қатори беҳтарин эҷодиёти давру замон шомил гаштаанд. Яке аз ин кишварҳое, ки осори адибонаш дар тули асрҳо зери таваҷҷуҳи махсуси шоирону нависандагон, коршиносон ва хонандагон аст, Ҳиндустон мебошад. Муносибатҳои илмӣ фарҳангӣ асоси равобити дӯстии давлат ва мардумони ду кишвар арзёбӣ мешавад. Дар мустаҳкам намудани ин дӯстӣ саҳми адибон ва махсусан тарҷумонҳо хеле зиёд аст. Агар то даврони истиқлолият имконияти тарҷума ва тадқиқи адибони Ҳинд камтар буд, бо касби истиқлолият ва эҳё ва рушди робитаҳои илмию адабӣ ва ҳамчунин таъсиси марказҳои ҳиндшиносӣ дар Тоҷикистон ин иқдом густариш ёфтааст. Дар мақолаи зерин оид ба тарҷума ва фаъолияти тарҷумонии мутахассисони тоҷик дар самти ҳиндшиносӣ маълумот дода шудааст.

БОЗГАШТ