АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» - ОМИЛИ АСОСИИ БЕСУБОТИИ ВАЗЪИ СУРИЯ

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Дар ин мақола нақши ташкилоти террористии “Ихвон-ул-муслимин” дар бесуботии сиёсӣ, танишҳо, низоъҳо ва аз байн бурдани арзишҳои миллии кишвари арабии Сурия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Аз замони оғози буҳрони Сурия дар соли 2011 то кунун гурӯҳҳои мухолифи мухталифе дар ин кишвар дар баробари ҳукумати марказии Сурия мубориза мебаранд. Яке аз ин гурӯҳҳо, ки аз солҳои қабл ҳам бо ҳукумати Сурия ихтилофҳое дошт ин ташкилоти террористии «Ихвон-ул-муслимин» аст. Ин ташкилоти террористӣ дар давоми як даҳсола тавонист ин кишвари арабиро ноором созад ва бо таъсири омилҳои беруна, яъне кишварҳои абарқудрат ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанг, тамаддун ва озодиро дар ин кишвар аз байн барад. Сабаби асосии низоъҳои кишвари Сурия ин ба даст овардани манобеи нафту гази ин кишвар аз ҷониби бархе аз кишварҳои аврупоӣ дониста мешавад.

БОЗГАШТ