АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ЖАНРИ ТАСНИФ ВА ТАҲАВВУЛИ ОН ДАР ЭҶОДИЁТИ ОРИФИ КАЗВИНӢ

Муаллиф: Хоҷамуродов Олимҷон

Дар мақола, қабл аз он ки нақши таснифҳои ватанӣ ва инқилобии Орифи Қазвинӣ (1880-1933), яке аз шоирони маъруфи аҳди инқилоби Машрутаи Эрон баррасӣ гардад, дар ваҳлаи аввал, як мурури кутоҳе ба таърихчаи ин жанри фолклории мардуми Эрон сурат гирифтааст. Муаллиф баъд аз ба муоина гирифтани сайри таърихии тасниф ба хулосае омадааст, ки тасниф хамчун навъе аз эҷодиёти шифоҳии халқӣ таърихи дерина дошта, чун шеъри пешазисломии форсӣ дар пояи вазни ҳиҷоӣ эҷод шуда, ба иртиботи зарурати оҳангу зарб ҳиҷоҳо дарозу кутоҳ ва фориғ аз қофия буда, бо мусиқӣ суруда мешавад. Вижагии тасниф аз дигар жанрҳои шеърӣ дар он аст, ки тобеи оҳангу зарб буда, на побанди дастури забону қофия. Билохира, тасниф ба таъбири В.А.Жуковский, қолабест, мисли "насри содаи зарбӣ". Бо вуҷуди он, ки дар раванди таърих тасниф ба ҳайси эҷодиёти шифоҳии халқӣ дар адабиёти китобӣ, ва вижа адабиёти классикии форсӣ манзалате надоштааст, аммо аз ривоҷу равнақ намонда, ҳатто дар ибтидои Ислом мавриди таваҷҷуҳи арабҳо қарор гирифта, дар ташаккули шеъри давраи исломии араб муассир будааст. Дар ибтидои асри XX, ба вижа дар даврони Инқилоби Машрута жанри тасниф дар адабиёти китобии форсӣ ривоҷи бештаре пайдо кард. Зеро ин жанр бо вижагии худ ба аҳдофи мубаллиғини чунбиши машрутахоҳон созгор омад. Аз ин ҷост, ки шоирони инқилобӣ чун М. Баҳор, Орифи Қазвини, А. Лоҳутӣ, Ашрафиддини Гелонӣ (Ҳусайнӣ) афкори озодихоҳӣ ва ватанпарастонаи хешро дар қолаби таснифҳои адабӣ ва халқӣ гуфтаанд. Дар ин миён таснифҳои Орифи Қазвинӣ беш аз дигарон шуҳрати беандоза касб кард, зеро ӯ таснифҳояшро худаш оҳанг мебасту худаш дар байни тудаҳои мардум хело бо овози мағруб иҷро мекард. Дар мақола вижагиҳои таснифҳои ватанӣ ва лирикии Орифи Қазвинӣ низ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, воқеан, шоири миллӣ ва инқилобии Эрон будаи ӯ тазкор ёфтааст.

БОЗГАШТ