АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

САЙЁҲ: ТАШАККУЛ ВА РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Муаллиф: Қудратов Комрон

Имрӯз дар тамоми кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сайёҳӣ беандоза рушду пешравӣ кардааст. Табиати зебо, маконҳои муқаддас, ҷойҳои тамошобоби беназир сайёҳонро аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ба сӯи худ мекашанд. Обу ранги маҳал ва хусусиятҳои ба худ хоси миллии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои ҳама сайёҳон қобили таваҷҷуҳ аст. Дар солҳои охир саёҳат ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бидуни раводид хеле зиёд шудааст, ки ин сафарро ба маконҳои тамошобоби ин кишварҳо барои сайёҳон хеле содаю осон мегардонад. Имрӯз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сайёҳии бевизаро муқаррар намудаанд, бахусус бо Шри Ланка, Лаос, Малайзия, Тайланд, Филиппин, Индонезия, Ветнам ва ҷазираи тропикии Хайнани Чин. Кишварҳои ин минтақа захираҳои зиёди ҷолиби таваҷҷуҳ, дамгирӣ, фароғатӣ ва фарҳангӣ доранд. Ҳар кишвари ин минтақа дорои хусусиятҳои хосе мебошанд, ки сайёҳонро ба сӯи худ мекашанд. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар минтақаи нимҷазираи Ҳиндухитой ва галаҷазираҳои сершумори архипелаги Малай ҷойгир шудааст. Кишварҳои минтақа бо Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Австралия ва Океания ҳамҳудуд мебошанд. Ба ҳайати ин минтақа 11 кишвар аз қабили Мянма, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Лаос, Камбоҷа, Индонезия, Филиппин, Бруней, Сингапур ва Тимори Шарқӣ шомил мебошанд. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Авруосиёро бо Австралия пайваста, дар навбати худ бо ҳавзаҳои уқёнусҳои Ҳинду Ором ҳамҳудуд мебошад. Тамоми ин манотиқро баҳрҳо иҳота кардаанд, ки азимтарини онҳо баҳрҳои Ҷануби Чин ва баҳри Филиппини уқёнуси Ором ва Андамани уқёнуси Ҳинд ба ҳисоб мераванд. Дар байни кишварҳои минтақа Бруней сохти шоҳигарии мутлақ, Камбоҷаю Тайланд ва Малайзия шоҳигарии констутсионӣ дошта, тамоми кишварҳои боқимонда ҷумҳурӣ мебошанд. Аҳамияти инкишофи сайёҳӣ дар бисёр кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, махсусан барои кишварҳои Таиланд, Камбоҷа, Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Филиппин дар рушди маҷмуи маҳсулоти дохила, дар бунёди ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва фаъолии тавозуни тиҷорати беруна нақши муҳим дорад.

БОЗГАШТ