АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

10 КИШВАРИ ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДИАШОН БУЗУРГТАРИНИ ДУНЁ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Мавод оиди 10 кишвари иқтисодиёташон пурқуваттарини дунёро дар ҳафтаномаи “Дунё” ниҳоят ҷолиб дарёфтем ва тасмим гирифтем онро дар сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо пешкаши хонандагон гардонем, то ки дастраси бештари мутахассисон ва коршиносони соҳавӣ гардад.
  Ба ҳамагон маълум аст, ки пандемияи  КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҷаҳон  таъсири ҷиддӣ расонид. Ҷаҳиши нархи сузишворӣ, таназзули индустрияи сайёҳӣ, кам шудани ҳаҷми савдо, қариб дар ҳама ҷой баста шудани фурӯшгоҳҳову муассисаҳои хӯроки умумӣ бо сабаби карантин боиси кам шудани ММД (Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) дар тамоми ҷаҳон гардид. Ва ҳарчанд бисёр кишварҳо аз семоҳаи сеюми соли 2021 барқароркуниро баъди зарба оғоз намуданд, лекин аксарияти онҳо дар ҷамъбасти соли 2022 ба сатҳи ММД-и токовидӣ расида натавонистанд. Кишварҳои зерин тавонистанд иқтисодиёти худро бо моделҳои пурсамари ҷадид муҳофизат намоянд ва нишондиҳандаҳои худро беҳтар созанд.
  Аз ин рӯ вазъи иқтисодии баъдипандемиявии 10 кишвари пурқуваттарини дунёро ба Шумо пешкаш менамоем:
  1.ИМА
  ММД: 22,9 триллион доллар
  ММД-и аксарияти кишврҳо вобаста аз давраи сиклҳои гуногуни иқтисодӣ мекалавад (лекин доминанти рушд чун пештара мемонад). Лекин аҷоиб, ки бо вуҷуди ҳамаи ин болоравиҳои босуръат ва поёнравиҳои кӯтоҳмуддат дар қуллаи пирамидаи иқтисодӣ ҳамон як кишварҳо мустаҳкам ҷойгир шудаанд.
  Масалан, агар топ – иқтисодиётҳои кишварҳоро дар соли 2020 бо ҳолати имрӯзаи онҳо муқоиса кунем, дар топ – 25 танҳо се кишвар пайдо шудаанд, ки дар рӯйхат 20 сол пеш набуданд – инҳо Тайланд, Индонезия ва Нигерия.
  ИМА бошад солҳои зиёд боз аз ҷиҳати ММД дар сархати 10 кишвари аввал қарор дорад. Дар Амрико бештар соҳаи хизматрасонӣ рушд кардааст, ки он молия, амволи ғайриманқул, фаъолияти суғуртавӣ, хизматрасониҳои ҳирфавӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин тандурустиро дарбар мегирад. 
  Иқтисодиёт дар кишвар нисбатан боз аст, ки ин ба зиёд шудани инвеститсия (ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ) мусоидат мекунанд. Зимни ин ИМА дар геосиёсат ҳам бартарӣ дорад. Ин имконият медиҳад, ки вай ҳамчун истеҳсолкунандаи асосии асъори захиравии ҷаҳонӣ қарзи калони давлатӣ дошта бошад. Соли 2022 қарзи давлатии ИМА ба 30.1 триллион доллар расид, ки ин 131 фоизро аз ҳаҷми ММД ташкил медиҳад.
  Ва ҳарчанд аз ҷиҳати иқтисодӣ ин кишвари демократӣ аз ҳарифи асоии худ – бузургдавлати коммунистӣ дар пеш аст, вай бо душвориҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ мебошад – нобаробарии иқтисодии афзоянда ва шиддатнокии иҷтимоии аз он бароянда, проблемаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва бадшавии умумии инфрасохтор.

  2.Чин
  ММД: 16,9 триллион доллар
  Иқтисодиёти калонтарини Осиё ва истиснои ягона байни кишварҳои аз пандемия зарардида. ММД-и Чин на танҳо дар сатҳи пештара монд, балки ҳаҷмаш зиёд шуд (барои муқоиса, соли 2020 ММД-и Чин 14,8 триллиони доллар буд). Аз рӯйи суръати рушд, ки ҳатто аз амрикоиҳо зиёд аст, гуфтан мумкин, ки солҳои наздик Чин ба иқтисодиёти калонтарини ҷаҳон табдил меёбад.
  Ин чӣ хел муяссар шуд?
  Ҳукумати кишвар тадриҷан назорати нақшавии иқтисодиётро суст кард, аз усулҳои дастаҷамъии фаъолияти кишоварзӣ ва саноатӣ даст кашид, ба танзими мустақили нархҳои бозор гузашт ва ба муассисаҳо иҷозати мустақил буданро дод. Дар натиҷа дар Чин ҳаҷми ҳам савдои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ афзуд.
  Дар якҷоягӣ бо чораҳое, ки бахши истеҳсолиро ҳавасманд мекунанд, ин усулҳо Чинро ба содиркунандаи асосии маҳсулот дар тамоми ҷаҳон табдил доданд. Рост, ки мӯъҷизаи иқтисодии Чин тарафи муқобили худро ҳам дорад – ин проблемаҳои калони хусусияти экологӣ дошта. Проблемаҳои барои иқдисоди кишварҳои дигар анъанавӣ Чинро ҳам дар канор нагузоштанд – кам шудани таваллуд ва пиршавии аҳолӣ.

  3. Ҷопон
  ММД: 5,1 триллион доллар
  Соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 5 триллион доллар гузашт. Сири муваффақият – ҳамкории зич байни ҳукумату саноат ва ҳамчунин такя ба технолигияҳои пешқадамтарин ва инноватсионӣ.
  Иқтисодиёти кишвари тулӯи офтоб ба содирот нигаронида шудааст. Лекин бисёр муассисаҳои калони Ҷопон дар «кэйрэтсу» муттаҳид шудаанд – яъне дар гурӯҳҳое, ки ҳар кадомашон як нав кластери иқтисодии яклухт мебошанд. Одатан асоси «кэйрэтсу» - ро корпоратсияи калоне ташкил медиҳад, ки дар атрофи он ширкатҳои хурду миёна муттаҳид мешаванд. Системаи «кэйрэтсу» ин мерос аз сохтори қадимаи «дзайбатсу», оилаҳои кӯҳнаи саноатӣ мебошад. Рост аст, ки бар хилофи «дзейбатсу» «кэйрэтсу» манфиатҳои оилаҳои алоҳидаро ҳимоя намекунад, балки дар ҷойи аввал манфиатҳои тиҷоратӣ меистанд.
  Рушди кишварро вобастагӣ аз воридоти энержӣ душвор мегардонад. Ҷопон аз захираҳои табиӣ камбағал аст ва баъди фоҷиа дар Фукусимо дар соли 2011 аз энержии ҳастаӣ даст кашид. Проблемаи дуюми асосӣ босуръат пиршавии аҳолӣ аст.

  4. Олмон
  ММД: 4,2 триллион доллар
  Соли 2021 байни ҳамаи кишварҳои Аврупо иқтисодиёти рушдкардатаринро Олмон дошт. Ин кишвар содиркунандаи пешоҳанги автомобилҳо, таҷҳизоти мошинолот, пайвастагиҳои кимиёию молҳои дигари саноатӣ мебошад ва чӣ хеле ки маълум аст, коргарони олмонӣ баландихтисосанд. Лекин дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодӣ проблемаи демографӣ истодааст – миқдори ками таваллуд иваз намудани коргарони пиршударо душвор мегардонад ва сатҳи баланди муҳоҷират ба системаи таъминоти иҷтимоӣ сарборӣ меорад.

  5. Бритониё
  ММД: 3,1 триллион доллар
  Иқтисодиёти бритонӣ бо бахши рушдкардаи хизматрасонӣ, махсусан дар соҳаҳои молия, суғурта ва бизнес сахт фарқ мекунад. Рост аст, ки муносибатҳои тиҷоратии Англияро бо Аврупои континенталӣ Брексит сахт душвор кард, вақте ки бритониҳои мағрур ба Иттиҳоди Аврупо пушт гардонданд ва мустақилиро ихтиёр намуданд.
  Ҳарчанд Бритониё дигар узви Иттиҳоди Аврупо нест, гуфтушунидҳои марбут ба савдо байни ҷазира ва Аврупои континенталӣ идома доранд. Ин бо чӣ анҷом меёбад, номаълум аст.

   6. Ҳиндустон
  ММД: 2,9 триллион доллар
  Соли 2020 Ҳиндустон аз ҷойи панҷуми рейтинги иқтисодҳои беҳтарини ҷаҳон ба ҷойи шашум фаромад. Соли 2021 хазинаи Ҳиндустон ММД-ро 300 миллиард доллар зиёд кард, ки ин рақами калон аст.
  Аҷоиб, ки бо сабаби шумораи калони сокинон Ҳиндустон байни иқтисодиётҳои рушдкардатарини ҷаҳон ба ҳар сари аҳолӣ ММД-и пасттарин дорад. Иқтисодиёти кишвар як навъ омезиши кишоварзии анъанавию косибӣ бо саноати муосири рушдкунанда ва механикунонии босуръати бахши кишоварзӣ мебошад. Ҳиндустон ҳоло содиркунандаи калони хизматрасониҳои технологӣ ва бизнес – аутсорсинг мебошад ва бар замми ин қисми калони иқтисодиётро бахши хизматрасонӣ ташкил медиҳад.
  Либералисозии иқтисодиёти Ҳиндустон дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта рушди иқтисодиро ҳавасманд кард, вале танзими сахти бизнес ва ҳамчунин коррупсияи васеъ паҳншуда якҷоя бо қашшоқии кӯҳна рушди кишварро хеле суст мекунанд.

  7. Фаронса
  ММД: 2,9 триллион доллар
  Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Фаронса буд (ва мумкин боз мешавад). Се сол қабл Фаронса дар қабули сайёҳон дар ҷаҳон пешсафи бечуну чаро буд.
  Дар ин кишвар иқтисодиёт омехта аст – ин маънои онро дорад, ки дар қатори бисёр муассисаҳои хусусӣ ва нимдавлатӣ дар соҳаҳои гуногун боз танзими давлатӣ вуҷуд дорад. Ҳукумат дар баъзе соҳаҳои калидӣ, ба монанди саноати ҳарбӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ, фаъолона иштирок мекунад.

  8. Италия
  ММД: 2,1 триллион доллар
  Италия аз ҷиҳати иқтисодиёт дар Иттиҳоди Аврупо кишвари сеюм аст, лекин дар он байни шимоли саноатӣ ва ҷануби аграрӣ фарқи калон ба мушоҳида мерасад.
  Рушди иқтисодии кишвар (ҳатто бо ченаки аврупоӣ) бо сабаби қарзи калони давлатӣ, системаи додгоҳии дарҳам – барҳам ва лаванд, бахши заифи бонкӣ ва дараҷаи баланди бекорӣ байни ҷавонон бисёр суст шудааст. Вазъиятро иқтисоди пинҳонӣ, ки дар Италия бо сабабҳои таърихӣ хеле инкишоф ёфтааст, боз ҳам душвортар мекунад.

  9. Канада
  ММД: 2 триллион доллар
  Канада ҳам аз пандемия зарар дид – вале ММД-и вай аз 1.736 ба 2 триллион доллар расид.
  Дар кишвар саноати истихроҷи маъдан хуб инкишоф ёфтааст ва Канада аз ҷиҳати захираи нафт дар ҷаҳон кишвари сеюм маҳсуб мешавад. Дар кишвари баргҳои заранг ҳамчунин иқтидорҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба дараҷаи одӣ рушд кардаад ва махсусан охирӣ дар шаҳрҳои сераҳолии воқеъ дар назди сарҳад бо ИМА хеле фаъол аст. Робитаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ бо ИМА боис шудаанд, ки қариб аз чор се ҳиссаи молҳои дар Канада истеҳсолшаванда ва ҳамчунин хизматрасониҳо ба бозорҳои амрикоӣ мераванд.

  10. Куриёи Ҷанубӣ
  ММД: 1,8 триллион доллар
  Нимаи дуюми асри XX дар Куриёи Ҷанубӣ мӯъҷизаи иқтисодӣ ба вуҷуд омад – кишвари нимқашшоқ, ки ба ду қисм тақсим шуда буд, ба яке аз иқтисодиётҳои пурқуввати ҷаҳон табдил ёфт.
  Сирри муваффақият истифодаи муназзами стратегияи рушд аз ҳисоби содирот ва бартарӣ пайдо кардани бизнес – корпоратсияҳои калон мебошад. Давоми чанд даҳсолаи охир вай бо зиёда аз 50 кишвар, ки зиёда аз 75 дарсадии ММД-и ҷаҳон ба онҳо рост меояд, созишномаҳои бисёри тиҷоратӣ ба имзо расондааст. Ҳоло Куриёи Ҷанубӣ истеҳсолкунанда ва содиркунандаи калони молҳои электронӣ, таҷҳизоти телекоммунатсионӣ ва автомобилҳо мебошад.
  Вале рушд тарафи дигари манфӣ ҳам дорад. Куриёи кунунӣ бо он проблемаҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар кишварҳои иқтисодиёташон рушдкарда мушоҳида мешаванд: сустшавии рушд ва пиршавии аҳолӣ.
                    
1.Сарчашма: ҳафтаномаи  “Дунё” №11-12/ 21.03.2022

Шуъбаи Осиёи Марказии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ             
 

БОЗГАШТ