АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

15 август рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Муборизаи миллии озодихоҳӣ дар Ҳиндустон аз ҷониби созмонҳо ва ҷунбишҳои васеи сиёсӣ, ки бо ҳадафи умумӣ - хотима додан ба ҳукмронии мустамликавии Бритониё муттаҳид шуда буданд, равона шуда буд. Аввалин ҳаракатҳои муташаккил барои озодии Ҳиндустон дар Банғола пайдо шуданд. Дар ибтидо онҳо барои ба даст овардани истиқлолият истифодаи нерӯи низомиро ҷонибдорӣ мекарданд, аммо баъдтар ба муборизаи сиёсӣ гузаштанд, ки марҳилаи асосии рушди он таъсиси Конгресси миллии Ҳиндустон буд. Таърихи муборизаи Ҳиндустон барои истиқлолият аз барқарории равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо Ғарб оғоз мешавад. Пас аз гузоштани роҳи баҳрӣ аз Аврупо ба Ҳиндустон дар охири асри 16, ширкатҳои савдои аврупоӣ барои барқарор кардани ҳукмронӣ дар нимҷазираи Ҳинд ва қаламравҳои ҳамсоя ба мубориза шурӯъ карданд. Дар охири асри 18, Англия худро ҳамчун як қудрати пешбар дар нимҷазира муаррифӣ кард. Дар миёнаҳои асри 19 сиёсати мустамликавии Бритониё боиси тавлиди ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар кишвар шуд. Оғози муборизаи озодихоҳии миллӣ асосан бо амали коргарон алоқаманд аст. Дар Ҳиндустон корпартоиҳо ва намоишҳои рӯз то рӯз бештар сурат мегирифтанд, ки талаботи асосии онҳо шароити беҳтари кор ва баланд бардоштани музди меҳнат буд. Дар натиҷа дар кишвар пайдоиши иттифоқҳои касаба - рамзи байналмилалии муборизаи шаҳрвандони оддӣ барои ҳуқуқҳои онҳо буд. То замони муайяне мақомоти мустамликавӣ бо ҷунбишҳои миллӣ мубориза мебурданд. Дар байни дигар чораҳои зидди исён, усулҳои бераҳмона ҷазо додан низ татбиқ карда шуданд, аммо ҳаракатҳои озодихоҳона ҳамоно зиёд мешуданд.
Мубориза барои истиқлолияти Ҳиндустон то солҳои 1930 идома ёфт. Қуллаи воқеии он дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба даст омадааст. Соли 1942 соли оғози ҳаракат бо шиори "Аз Ҳиндустон дур шавед!"  буд. Он аз ҷониби Маҳатма Гандӣ, ки роҳбари Конгресси миллии Ҳиндустон буд, ташкил карда шуд. Дар натиҷа, Бритониё маҷбур шуд, аз ин мустамликааш даст кашад.
Дар марҳилаи охирини мубориза барои истиқлолият Конгресси Миллии Ҳиндустон сиёсати ғайризӯроварӣ, ки онро Маҳатма Гандӣ пешбарӣ карда буд, қабул кард.  Ба даст овардани хусусияти оммавии мубориза барои истиқлолияти Ҳиндустон бо Маҳатма Гандӣ алоқаманд аст, ки ҳаракати нофармонии шаҳрвандиро ташкил кардааст. Барномаҳои ӯ ба бойкоти режими мустамликавӣ ва идеяи муқовимат накардан ба бадӣ бо зӯрӣ асос ёфтаанд. Қабулгоҳҳои расмӣ, мактабҳо ва коллеҷҳои англисӣ, интихоботи қонунгузорӣ, киштиҳои англисӣ ва ғайра бойкот карда шуданд.
Маҳатма Гандӣ илҳомбахш ва ташкилкунандаи ҳаракати озодихоҳии миллии Ҳиндустон буд. Хидмати фидокоронаи ӯ ба Ватан ва кӯшишҳои фидокоронаи пайравони сершумор муборизаи қаҳрамононаи мардуми ҳиндро барои озодии миллӣ ва сиёсӣ бо пирӯзии таърихӣ тоҷгузорӣ кард. Маҳатма Гандӣ имконият пайдо кард, ки натиҷаҳои аввалини он дигаргуниҳои иҷтимоиеро, ки тамоми умри худро ба он бахшидааст, бубинад. Истиқлолияти Ҳиндустонро инчунин ба ходими барҷастаи ин миллат Ҷавоҳирлаъл Неҳру низ нисбат медиҳанд.
“Агар Ганди падари миллати ҳинд бошад, пас Неҳру архитектори он дониста мешавад” -гуфта буд олими барҷастаи рус -  файласуф, таърихшинос Кирилл Фурсов.
Ҷавоҳирлаъл Неҳру аввалин сарвазири Ҳиндустон буд ва тамомои умрашро барои тараққиёт ва инкишофи ин сарзамини беканор бахшида буд.
Баҳори соли 1947 адмирал Маунтбаттен ба Ҳиндустон ташриф овард. Дар натиҷа, "Нақшаи Маунбаттен" 3 июл эълон шуд. Ҳукумати Бритониё як эъломияеро нашр кард, ки дар он иҷрои нақшаи Маунтбаттен баррасӣ шуд. Ҳиндустон истиқлолият ба даст овард ва ба ду иёлот - Покистон ва Иттиҳоди Ҳиндустон тақсим шуд, ки ҳар кадоме дорои ҳуқуқи ҳукмронӣ буд. Нақшаи Маунбаттен аз 15 августи ҳамон сол эътибор пайдо кард.
15 августи соли 1947 сессияи Кумитаи Умумии Ҳиндустон оид ба Конгресси Миллӣ баргузор шуд. Дар он ҷо қарори тақсимкунӣ дастгирӣ ёфт. Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар вазифаи сарвазири Ҳиндустон таъин шуд ва Лайкват Атихон сарвазири Покистон шуд.
Дар таърихи инкишофи худ Ҳиндустон аз як кишвари мустамлика ба як давлати пуриқтидор ва машҳур дар ҷаҳон мубаддал шуд.
Мо истиқлолияти Ҳиндустонро муборак гуфта, барои ин кишвари дусту бародар комёбиҳою муваффақиятҳоро хоҳонем!

Нигина Душанбиева

БОЗГАШТ