АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

23 - уми феврал - Рӯзи Артиши миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҳар сол 23-юми феврал дар сар то сари Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
  23-юми феврали соли 1993 наху­стин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд.
  Имсол мо 29-солагии рӯзи Артиши миллиро ҷашн мегирем.
  Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистони навистиқлол лозим омад, қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. Дар суханрониҳои худ Асосгузо­ри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёси­ву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд.
  Бо мурури замон Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудрат табдил ёфт. Ин албатта кӯшишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар буд.
  Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43 - юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
  Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар-ватанро ба ҷо меоранд ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
  Дар симои мард ҳар як зан шахси боирода, ҷасуру далер, шуҷоу нотарс ва ҳимоятгару содиқро дидан мехоҳад. Мардҳо бояд сазовори номи баланди мардонагию садоқат бошанд!
  Бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ ҳамаи ҳамватанон, падарону бародарон ва ҳамкорони гиромии институтро табрику таҳният ва муборакбод мегӯем!
Нигина Душанбиева
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ