АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО” ВА НАҚШИ БУЗУРГТАРИН ПИРЯХҲО ДАР ИНКИШОФИ ТАБИАТ

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

(Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда, ҳар ташаббусе, ки пешбарӣ мекунанд ҳатман хусусияти байналмилалӣ ва ба манфиати мардуми сайёра мебошад. Вобаста ба ин 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешбарӣ шуда буд қабул кард, ки ин иқдом яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳам “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дарҷ гардидааст ва ин иқдом бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст.

Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад [6]. Перомуни ин иқдоми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносон ва муҳаққиқон мақолаҳову асарҳои арзишманде навиштаанд. Аз ҷумла ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ин иқдом коршиноси сатҳи байналмилалӣ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра қайд менамояд: “Ташаббуси нави созандаи муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба эълон гардидани «Соли байналмилалии њифзи пиряхњо - соли 2025» ва таљлили «Рўзи байналмилалии њифзи пиряхњо» 21-уми марти њар сол ва таъсиси «Хазинаи махсуси байналмилалии њифзи пиряхњо» барои наљот додани ояндаи неки башарият нигаронида шудааст [5].

 Пиряхҳо ҳаҷми зиёди яху барф мебошанд, ки дар минтақаҳое ба вуҷуд меоянд, ки ҳаво сард ва яхбандӣ аст. Дар чунин минтақаҳо боридани барф зиёд аз миқдори обшавӣ ва бухоршавӣ бештар мебошад.

Барф манбаи хеле муҳими таъмини обёрӣ ва оби ошомиданӣ буда, он оҳиста-оҳиста ба об мубаддал мешавад, аз ин лиҳоз коршиносон барфро аз борон муҳимтар медонанд. Азбаски барф миқдори зиёди ҳаворо дар бар мегирад ва маълум аст, ки барф гузаронандаи гармӣ буда, пӯшиши барф метавонад сабзавоти хобидаро муҳофизат кунад ё дарахтонро аз хунукии бармаҳал муҳофизат намояд.

Қисмати зиёдтарини тамоми оби тозаи минтақаҳоро пиряхҳои табиӣ таъмин мекунанд. Дар воқеъ корнамоии пиряхи табииро аз нигоҳи захираҳои об метавон ба сарбанде муқоиса кард, ки оби зиёдатиро дар мавсими боронгарӣ нигоҳ медорад, то дар фасли гармо ва набудани об дуруст истифода шавад.

Тибқи нишондоди таҳқиқотҳо яке аз сабабҳои об шудани пиряхҳо агар ин хушксоливу баланд шудани ҳарорати гармӣ бошад, дигараш ин аз ҳисоби буридани ҷангалҳо, ки мардум барои ҳезум сӯзишвории худро ба даст меоварданд, ки ҳоло ҳам идома дорад ва ҳамасола садҳо гектар ҷангалзорҳои кӯҳӣ аз байн бурда  мешавад, мебошад. Дар минтақаҳое, ки даромади солонаи мардум аз кишту кори рӯи замин вобаста аст ва имкони харидории маводи сӯзишворӣ, аз қабили ангишт, газ ва ҳезумро надоранд ва мардуми ин минтақаҳо аз буридани буттаҳо ва дарахтони кӯҳӣ ниёзи рӯзмарраи худро бароварда мекунанд, ки ин боиси кам шудани растании минтақаҳо мешавад ва яке аз омилҳои об шудани пиряхҳо мегардад.

Дар ин пажуҳиш роҷеъ ба аҳамияти эълон гардидани сол ва рӯзи пиряхҳо ва омӯзиши якчанд пиряхҳои калонтарини ҷаҳон мепардозем, ки то ҳол як қисмати муайяни онҳо аз байн рафтаву боқимондаи онҳо ниёз ба ҳифзу ҳимоят доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки пиряхҳо 69 дарсади оби ширини сайёраро нигоҳ медоранд ва дар айни замон дар саросари ҷаҳон тақрибан 200 000 пиряхҳои нодир мавҷуданд ва яке аз бузургтарин пиряхи табиии ҷаҳон - Ламберт Фишер дар Антарктида ҷойгир аст.  Тааҷҷубовар нест, ки ин ҷойи хунуктарин дар тамоми ҷаҳон аст, ин пирях тақрибан 8 фоизи яхбандии Арктикаро ташкил медиҳад, ки дарозии он 400 км (250 мил) ва паҳнои 100 км (60 мил) дар баъзе ҷойҳо то 3 км ғафсӣ дорад [4, 81].

Пиряхи Ҳаббард калонтарин пиряхи табиӣ дар Амрикои Шимолӣ дар масофаи 122 километр (75 мил) аст, ки ин пирях бо ду сабаб беназир аст. Он тақрибан дар тӯли сад соли охир афзоиш ва пешрафтро идома медиҳад. Моҳи майи соли 1986 пиряхи Ҳаббард то ба дараҷае ба баҳр баромад, ки даромадгоҳи Рассел Фиордро баста, "Кӯли Рассел"-ро ​​ба вуҷуд овард. Тобистони соли 1986 кули нав аз оби тоза пур шуда, сатҳи он аз сатҳи баҳр 25 метр баланд шуд ва кам шудани шурӣ ба олами набототу ҳайвоноти баҳр таҳдид кард [2, 520].

Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳо дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин дарозтарин пирях дар ҷаҳон буда, берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Масоҳати пирях тақрибан 700 км² буда, дар байни пиряхҳои Авруосиё пиряхи Федченко аз ҷиҳати масоҳат ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Пиряхшиносон Биафоро бародари хурдии Федченко унвон кардаанд ва ин пирях дар кӯҳҳои Қарақорум ҷойгир аст. Кӯҳҳои Қарақорум яке аз калонтарин қаторкӯҳҳои Осиё буда, дар саросари Ҳиндустон, Покистон, Чин, Афғонистон ва Тоҷикистон тӯл кашидаанд [1]. Оби пиряхи Биафо ба дарёи Ҳинд, яке аз калонтарин ва муҳимтарин дарёҳои Ҳиндустон ҷорӣ мешавад.  Тибқи таҳлилҳо расидан ба он ҷо хеле душвор буда, дар як сол камтар аз 200 нафар бо сабаби хатарноку душворгузар будани мавқеи ҷойгиршавии он ин манзараҳои аҷибро тамошо мекунанд, ки ин хеле кам мебошад.

Пиряхи Сиачен дар байни Ҳиндустон ва Покистон дар хатти назорати байни ду кишвар ҷойгир аст ва 75 километри мураббаъро дар бар мегирад. Шароити обу ҳавои пиряхи Сиачен хеле вазнин аст.  Дар ин ҷо сарбозон бо шамолҳои сахт дар ҳарорати то 60 дараҷа хунук рӯ ба рӯ мешаванд ва инчунин дар он ҷо фаромадани тарма зиёд мушоҳида мешавад ва ҳарорати номусоиди он ҷо боис шудааст, ки сарбозон ба бемориҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Бояд гуфт, ки  аз соли 1984 инҷониб дар ин ҷо тақрибан 1000 сарбоз ҷон бохтаанд. Ин минтақа як бартарии стратегӣ-ҷуғрофӣ ва сиёсӣ дорад, зеро он хати тақсими байни Осиё ва нимҷазираи Ҳиндро ташкил медиҳад.

Пиряхи Балторо дар Покистон мавқеъ буда, дар минтақаи Гилгит-Балтистон ба вуҷуд омадааст. Балторо манбаи дарёи Шигар аст, ки ба дарёи Ҳинд ҷорӣ мешавад. Роҳи санглох дар болои пиряхи Балторо роҳест, ки ба лагери пойгоҳи Чогори- К2 мебарад. Чогори-К2 дуввумин қуллаи баландтарин дар ҷаҳон ва манзараи аҷиб дорад. Дар ибтидои асри XIX бо пиряхи Балторо ва шохоби рости он Музтог тавассути ағбаи Музтог (5860) аз Кашмир ба водии Раскемдарё то Туркистони Шаркӣ роҳи корвон мерафт. Баъдтар ин хатсайр аз сабаби зиёд шудани бориши барф ғайриимкон ва баста гардид [3]. Дар асри XX пирях каме аз ҳолати пештарааш камтар шуда, мувофиқи маълумотҳои аксҳои кайҳонӣ мавқеъ ва ҳолати пирях дар солҳои 70-ум тағйир наёфтааст.

Пиряхи ҷанубии Инилчек дар кӯҳҳои марказии Тияншан дар минтақаи Иссиқкӯл ҷойгир аст. Он дар шимолу шарқи Қирғизистон ва Чин аст. Дарозии он 61 километр (38 мил) мебошад. Роҳи ҷанубии Инилчек душвор аст, аммо дар роҳ лагерҳои муқарраршуда мавҷуданд. Барои дохил шудан ба он ҷой сайёҳ бояд аз тавсияи роҳбаладони сайёҳии касбӣ гузарад. Сайёҳон дар ин сафари яктарафа аз лагери Ат-Ҷайло дар водӣ оғоз карда, ба лагери Пойгоҳи Ҷанубии Инилчек мерасанд. Вай дар байни куллаҳои Хан-Танги ва дарёи Поби, дар баландии 7000 метр воқеъ аст.

Пиряхи Ҷостедал беназир буда, калонтарин пирях дар Аврупо мебошад. Ҷостедал нӯҳумин пиряхи калонтарин дар ҷаҳон аст, ки дарозии он 60 километр (37 мил) ва ғафсии он 600 метр мебошад. Ин пирях дар Норвегия воқеъ буда, яке аз чанд пиряхест, ки барои кӯҳнавардӣ дастрас аст. Дар ин ҷо сайёҳон пеш аз ворид шудан ба пирях тақрибан 2 то 4 соат дар болои кишвари ноҳамвор сайр мекунанд. Дар Ҷостедал, якчанд турҳои роҳнамоии пиряхҳо мавҷуданд, ки ба сайёҳон ва пиряхшиносон дастури ботаҷрибае доранд, ки ба онҳо кӯмак мерасонанд. Пирях бо тасвири зебову дилрабо ва яхҳои кабуди худ хеле ҳайратангез аст.

Дар Покистон пиряхи Батура дар ноҳияи Гоҷали Гилгит-Балтистон ҷойгир аст. Дарозии пиряхи Батура 56 км (35 мил) аст. Ба Батура расидан душвор аст, зеро кариб дар мобайни роҳ аст. Пас аз он ҷо, сайри пирях вобаста аз обу ҳаво ва сатҳи ҳаракат тақрибан панҷ рӯзро фаро мегирад. Ин минтақа ба таври ҳайратангез зебо аст ва сокинони маҳаллӣ бениҳоят дӯстона умр ба сар мебаранд ва хеле меҳмоннавоз мебошанд.

Пиряхҳои бузургтарини ҷаҳон ва нашқи онҳо дар инкишофи табиат хеле назаррас буда, ҷиҳати таъмин намудани масъалаҳои обу намнокӣ ба ҳифзи муҳити зист ва бо об таъмин намудани манотиқи сайёра нақши назаррас доранд. Пас бояд баҳри ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзишу пажуҳиши онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф набуда, ҷиҳати ҳифзи он кӯшиш намоянд.

Ин таҳқиқот роҷеъ ба аҳамият, масоҳат, ҳолат, мавқеъи ҷойгиршавӣ ва вазъи кунунии якчанд пиряхҳои калонтарини дунё анҷом дода шудааст ва тасмим гирифта шуд, ки дар асоси ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешкаши хонандагон намудем ва умед дорем, ки каме ҳам бошад хонанда дар ин самт огаҳӣ пайдо менамояд.

 

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ

мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои филология

БОЗГАШТ