АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АҲАММИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Муаллиф: Ҷаҳонгир Нарзиев

Расм

АҲАММИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба умдатарин масъалаҳо ҷиҳати пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла роҷеъ ба қонуни асосии мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қабули он 30 сол сипарӣ мешавад ёдовар шуда, нақши ин қонуни асосиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Илова бар ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ба ин санади тақдирсоз пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Воқеан ҳам, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва масъулиятшинос нақши ҳалкунанда мебозад. Тақвият ёфтани донишҳои мардум роҷеъ ба меъёрҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, риояи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини суботи ҷомеа мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, аҳамияти тарбияи ҳуқуқии шарҳвандон, дар замони муосир мубрамияти бештарро ба худ касб намудааст. Бояд қайд намуд, ки огоҳии комил доштан аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар доираи қонунгузорӣ ва принсипҳои адолат қарорҳои оқилона ва масъулиятнок қабул намоянд. Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар изҳор доштанд, ки “амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Аз ин бармеояд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа, рушди муколама ва ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният мусоидат мекунад.

Бо дарназардошти вазъи иҷтимоии ҷомеа баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони моро баланд мебардорад бисёр саривақтӣ буда, ҷомеа имрӯз ниёз ба азхудкунии донишҳои ҳуқуқӣ дорад. Ин иқдом пеш аз ҳама барои некуаҳволӣ ва бе мушкилӣ зиндагӣ намудани мардум пешбинӣ гардидааст, ки воқеан сутуданист. Таърих гувоҳ аст, ки шахсони дорои донишҳои хуби ҳуқуқӣ ҳангоми кору фаъолият кам ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дигар ҳолатҳои надониста вайрон намудани қонун, ки ҷавобгариро истисно намекунанд, аз ҷониби чунин шахсон кам мегардад. Албатта, якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз қабул гардидааст ва вобаста ба зарурият ба баъзе аз санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ тағйиротҳо ворид карда шудааст, ки огоҳии шаҳрвандон аз муҳтавои онҳо муҳим мебошад. Барои он ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама донишҳои нави ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо огоҳ бошанд, тарғиби оммавии донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа зарурият дорад, ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин имкониятро фароҳам меоварад. Мо аминем, ки баъд аз эълон гардидан ва амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар натиҷаи амалигардии нақша-чорабиниҳои вобаста таҳия ва тасдиқ гардида огоҳии ҳуқуқии бештар пайдо менамоянд.

Дар маҷмӯъ, риояи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ барои ҳамгироии бомуваффақияти касбии шаҳрвандон муҳим буда, ба самаранокии фаъолият мусоидат менамояд. Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули фарҳанги қонуният, ҳифзи ҳуқуқ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини субот дар ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Аз ин рӯ, аҳамияти таълими ҳуқуқиро ҳам дар миқёси инфиродӣ ва ҳам дар ҷомеа дастгирӣ ва инкишоф додан зарур ба шумор меравад.

 

Нарзиев Ҷаҳонгир Бахтиёрович,

докторанти PhD-и курси 3-юми

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ