АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

«ҶАҲД БИНМО, ТО КИ БЕДОРАМ КУНӢ»

Муаллиф: Беков Комилҷон

Расм

Аз худ андешу аз ин бодия тарсон магузар,

Ки ту ҳастию вуҷуди ду ҷаҳон чизе нест!

(Аллома Иқбол)

Муколамаи солинавии файласуфи шинохта Комил Бекзода бо хабарнигори «Наврӯзи Ватан» Акбар ШАРИФ (дар заминаи пурсиши муштариён)

Ш: Файласуфи дӯстдоштаи Шумо?

Б: Ҳамаи файласуфонро дӯст медорам. Нимашонро ба хотири он, ки ҳамфикрони мананд. Ними дигарро ба хотири он ки бо ман ихтилофи фикрӣ доранд. Мухолифати афкор сабаби баҳсу андеша ва пешрафти илм мегардад. Моҳияти фалсафа низ аз ҷустуҷӯ, баҳсу андеша роҷеъ ба дарёфти ҳақиқат иборат мебошад.

Ш: Агар суоле матраҳ намоям, ки мазмунаш густохона бошад, намеранҷед?

Б: Чаро ранҷам? Мусибатҳо ва мушкилоти зиндагии имрӯзаи мо, аз саволҳои шумо дида густохтаранд!

Ш: Мафҳуми мусибатро чи гуна дармеёбед?

Б: Вақте, ки одамон нисбат ба якдигар бовариро аз даст медиҳанд, мусибат оғоз мегардад!

Ш: Дӯст доред?

Б: Мехостам дӯст дошта бошам!

Ш: Душман ҳам надоред?

Б: Касе, ки дӯст надошта бошад, душман ҳам надорад. Чаро ки шумораи дӯстон ҳамеша бо шумораи душманон баробар аст.

Ш: Заъифӣ ва камбудии худро дар чӣ мебинед?

Б: Камбудию нуқсон дар ман беҳадду ҳисоб acт. Вале, он чи ки ҳамеша озорам медиҳад, ин аст, ки хеле зудбовар ҳастам, одамшинос нестам ва сири диламро пинҳон дошта наметавонам.

Ш: Чаро ба сиёсат машғул намешавед?

Б: Ба сиёсат машғул намешавам, то ин, ки сиёсат ҳам ба ман машғул нашавад!

Ш: Дараҷа ва сатҳи донишатонро чӣ тавр баҳо медиҳед?

Б: Дараҷаи донишам то соли 1979 ба дараҷаи дониши талабаи синфи панҷуми араб буд. Ҳоло (1995) намедонам то чи андоза пеш рафта бошам.

Ш: Хоксорӣ чист?

Б: Хоксорӣ яке аз шаклу намудҳои худписандист. Инсони ҳақиқӣ на хоксор асту на худписанд. Худписандон ҳамеша дар либоси хоксорӣ моро мефиребанд.

Ш: Дар фаъолияти илмиатон киро тақлид ва пайравӣ мекунед?

Б: Ба мисли ҳофизи халқии тоҷик Бачабеки Шобег, ҳар чи ки донам, дар ҳама ҳолат ба мардум пешкаш мекунам. Ин як. Дуюм: Монанди файласуфи амрикоӣ Дейл Корнегӣ эътироф дорам, ки ҳар чи медонам ва менависам ҳамаашро аз мутафаккирони гузашта ва ҳозираи ҷаҳон гирифтаам. Танҳо услуб ва забони баён аз ман асту бас.

Ш: Оё худро мунаққид меҳисобед?

Б: То соли 1976 ба мунаққидӣ машғул будам. Ва дигаронро танқид мекардам. Аз он баъд ба иштибоҳи худ пай бурдам ва акнун худро танқид мекунам. Ҳоло бар ин ақидаам, ки мунаққиди ҳақиқӣ бояд танқидро аз худ шурӯъ кунад. Ин ҳақиқати талхро аз пирамарди тоҷик бо номи Нағзӣ Ализода омӯхтаам.

Ш: Мегӯянд, ки Шумо аслан сухане ҷиддӣ надоред ва ҳамвора ҳазлу шӯхиро меписандед?

 Б: Баъди 50-солагӣ дигар ҳазлу шӯхӣ намекунам. Зеро мехоҳам, ки ҷиддӣ бошам ва маро ба сифати як марди ҷиддӣ бишносанд!

Ш: Ба назари Шумо шахси ҷиддӣ чӣ касест?

Б: Ҳамаи инсонҳои баъди даврони бозсозӣ ба куллӣ инсонҳои ҷиддӣ ҳастанд!

Ш. Ҳадафи муштараки мо дар оянда чӣ хоҳад буд?

Б: Мубориза ба муқобили марг. Ҳамин ғоя моро бо ҳам муттаҳид карда метавонад. Чаро ки марг душмани умумии ҳамаи мо одамон мебошад. Марг ва мирандагист, ки моро бар зидди якдигар мешӯронад ва бармеангезад. Ин масъала ба андозае ошкоро ва то дараҷае ноаён аст, ки асрҳои аср фикру эҳсосоти башариятро бо сеҳре муаммогуна гирифтор намудааст. Мо бояд худро аз доираи ин сеҳр берун барем. Ба ибораи равшантар ҳамаи қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон бояд дар якҷоягӣ ба муқобили марг мубориза баранд. Ҷиҳати аз ҳама муҳими масъала он аст, ки муборизаи муштарак ва тавъам дар сатҳи ҷаҳон ба муқобили марг ҳамчун ғояи умумибашарӣ ҳадафҳо ва нақшаҳои ҷузъӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраро аз байн хоҳад бурд. Ин ҳадафи муштарак ҳамаи ҷаҳониёнро бо ҳам муттаҳид хоҳад кард. Чунин аст роҳи наҷот, аз бӯҳронҳо ва нобасомониҳои дунёи имрӯза.

Ш: Худро файласуф мешуморед?

Б: Аз ҷиҳати зоҳирӣ, расмӣ ва формалӣ файласуф ба шумор меоям. Зеро дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунам. Ҷавоби ин саволро аз ҳамкасбонам  пурсед.

Ш: Файласуфи ҳақиқӣ кист?

Б: Бисёранд. Барои мисол: Ибни Сино, Хайём, Суқрот, Афлотун, Арасту, Эпикур, Федоров, Нитше, Шопенгауэр, Хайдеггер, Ясперс, Сартр, Камю...

Ш: Нишонаҳои файласуфи ҳақиқӣ кадомҳоянд?

Б: Файласуфи ҳақиқӣ ҳам дилбастаи ҷисм aстy ҳам ошиқи ҷон. Ибни Сино барои дарёфти муаммоҳои ҷисм китоби «Ал-Қонун-фи-тиб»-ро навишт  ва дар боби табобати рӯҳ асари бисёрҷилдаи «Шифо ун-нафс»- ро таълиф намуд. Хайём ҳам табибӣ мекарду ҳам файласуфӣ. Мо бошем, файласуфони хасакӣ ва ноқисем. Чунки на тибро ба пуррагӣ медонему на фалсафаро. Асри мо асри бефалсафа аст. Барои ҳамин ҳам асри бадбахтӣ ва асри мусибатҳост. Вале, фалсафа боз хоҳад гашт.

Ш: Дурустӣ ва нодурустии амалро аз рӯи кадом ченак метавомем муайян кунем? Равшантар бигӯем, аз тариқи кадом меъёр, бо кадом тарозу хайру шар ва некиву бадиро баркашем?

Б: Чунин ченак вуҷуд дорад. Онро ҳаёти инсон меноманд. Ҳар коре, ки инсонро ба ҳалокат маҳкум кунад, кори шар ва бад аст. Ҳатто агар ин ҳукмро қонунҳои ҷиноии муқаддаси олам бароварда бошанд. (Инҷо манзури мо сӯиқасд аз тарафи як шахс дар ҳаққи шахси дигар нест. Ҳолатҳоеро дар назар дорем, ки инсонро ба хотири ашёҳои беҷон ва барои кадом як ақидаи аз давраи Дақёнусмонда маҳкуми марг мекунанд). Бузургтарин файласуфи муосири ҷаҳон Ҷон Пол Сартр ба ин муносибат мегӯяд: «Охирин сухани фалсафа ин аст, ки ҳама чиз ба хотири инсон бошад. Одам бузургтарин ва волотарин арзиши ҷаҳонист. Муҳофизати ҳаёти ҳар инсон бояд олитарин арзиши ҳуқуқӣ ва маънавӣ дониста шавад». Ин гуфтаи файласуф чунин маъно дорад, ки дар сурати мухолиф баромадани шахсе дар муқобили Авесто, Таврот, Инҷил, Китоб-ул баён, Китоб-ул-итқон ва ғайра касе ҳақ надорад, ки он шахсро маҳкум ба марг намояд. Зеро зиндагии ҳар як инсон муҳимтар, арзандатар ва асоситар аз ҳукму фатвоҳои он китобҳо мебошад. Чаро ки китобҳои фавқуззикр ҳам ба ҷои худ маҳсули тахайулу афкори инсон мебошанд. Пас, ҷоиз нест, инсонро ба хотири навиштаи инсони дигар, маҳкум ба марг созем. Ин аст, ки асри ХХ-ро асри девонаҳо меноманд. Чунки аз дигар асрҳо дида нисбат ба инсон қатлу ғоратҳои бештареро раво дид. Девонагии асри бистум, ақидаи файласуфи муосири англис Колин Вилсон мебошад, ки дар китоби «Ғариб»-и вай баён гардидааст.

Ш: Васиятнома ва ё катибае барои санги мазоратон навиштаед?

Б: Ҳеҷ гоҳ дар фикри чунин коре набудам ва ақида доштам, ки мардум сухани зиндаро шунидан намехоҳанд. Пас, чӣ таъсире дорад сухани мурда? Вале ҳодисае рӯй дод... Соли 1982 бо гурӯҳе аз дӯстон Мирзо Ғолиб, Саиднуриддин, Ҷӯрабек, Саидакбар ба зиёрати Ҳазрати Бурхи Валӣ рафтем. Тобистон буд. Зиёда аз 40 нафар ҳоҷӣ бегоҳ дар боргоҳи бузургвор будем. Торикӣ доман паҳн кард. Хонае, ки бояд хоб мекардем, бо вуҷуди бузургиаш ягон тиреза надошт. Чароғ мавҷуд набуд. Маҷбур шудем, ки барвақт бихобем. Бисёр бармаҳал буд вақти хоб ва ғанабам намебурд. Одатан дар чунин coaт ҳеҷ гоҳе хоб накарда будам. Рӯи чогаҳ дароз кашида ба андеша фурӯ рафтам. Баъди чанд фосилаи вақт cap аз кӯрпа берун карда, ба гирду атроф нигоҳ кардам. Касе ва чизе наменамуд. Ҳама ҷоро торикӣ ва зулмот фаро гирифта буд. Хона он лаҳза ба гӯр шабоҳат дошт. Марг, мурдан ва торикии қабр ба ёдам расид... Баъди тахайюли лаҳзаина чанд сатре пароканда аз хотирам гузашт...Субҳ мисраъҳоро ба дафтар сабт кардам. Он сатрҳои шеъргуна муроҷиат ба писарам Ҷовидон буданд, ба ин қарор:

 

Ҷовидоно, бар мазори ман нигар,

Ибрате омӯз аз марги падар.

Ҷаҳд кун то ин ки бедорам кунӣ,

Аз чунин хоби гарони бесамар!

 

Ин сатрҳо аз назари шеърӣ мисраҳои xoме ҳастанд. Аз он сол то ба имрӯз борҳо таҳрирашон кардам. Шеърият андак беҳтар мешуд, вале мазмун халалдор магардид. Ба хулосае омадам, ки сатрҳоро дар шакли аввалаашон боқӣ бимонам. Охир моро ба он дунё барои ширкат дар маҳфили шеъру шоирӣ даъват намекунанд-ку? Мазмун муҳим аст.

Ш: Қариб буд як суолро аз ёд барам. Муносибати Шумо дар мавриди жанри панду андарз ва ҳикмату афоризм чигуна аст?

Б: Ин жанр ба ман хеле писанд аст ва андарзҳои фаровон мутолиа намудаам.

Ш: Худи Шумо панду андарз менависед?

Б: Аз соли 1987 то соли 1990 менавиштам.

Ш: Ба кадом иллат андарзнависиро тарк кардед?

Б: Ба куллӣ тарк накардаам, вале ҳодисае pyx намуду суръати фаъолияти маро дар ин жанр то андозае коҳиш дод...

Ш: Агар махфӣ ва маҳрамона набошад, он ҳодисаро ба мо ҳам бигӯед. Рафту маҳрамона бошад, исрор надорем. Ихтиёр ба худатон.

Б: Не, ин тавр нест. Барои камаҳамият буданаш нахостам, ки аз он ном барам. Асли гaп ин ки чанд дафтарро аз панду андарз пур кардам, вале аз навиштаҳоям қонеъ нашудам. Ин ҳолат бароям хеле гарон намуд. Ба назарам чунин мерасид, ки гӯё дунё хомӯшона ба ман, ва ба ин панду ҳикматҳои пучу беҳудаи ман тамасхур мекунад. Тамасхуре бе савту садо, омехта бо ришханду истеҳзо. Истеҳзое ноаён, ботинӣ ва хеле амиқ... Аз ин ҳолат ба худ печидам ва охирин андарзро сабт намудам:

«Эй ҷаҳон! Ман ба истеҳзои ту пай бурдаам! Ту бар онӣ, ки мо мирандаҳо фаровон ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои беҳуда мекунем. Бигзор чунин бошад. Ту худро абадию ҷовидонӣ мешуморӣ ва моро фонию фаношаванда. Инак, ҷавоби мо бишнав: Мо инсонҳои миранда аз ин ба баъд дар гулӯи ту чун устухон боқӣ хоҳем монд. Яъне мо ҳам даъвои абадият ва ҷовидонӣ хоҳем кард! Ё моро абадият мебахшӣ, ё туро аз роҳи гулӯ хафа мекунем! Эй ҷаҳон, ту бе хираду заковати одамӣ, бе табассуму рақс ва бе созу овози инсон дар ҳукми мурдаӣ! Марги мо одамон, пеш аз ҳама, марги ту ҳам ҳаст. Ту ба туфайли мо худро мешиносӣ. Вагарна ин сангу хишти ту чӣ арзише доранд?!»

Баъди навишти ин сатрҳо таскини рӯҳӣ эҳсос намудам ва чунин пиндоштам, ки гӯё сухани мегуфтагиамро баён кардаам. Акнун эҳтиёҷе ба андарзнависӣ надорам.

Ш: Мушкилтарин ранҷ дар зиндагии одамӣ чист?

Б: Ростгӯӣ ва росткорӣ.

Ш: Осонтарин амал кадом аст?

Б: Дурӯягӣ ва ҳаромкорӣ.

Ш: Аз хонандагони мусоҳиба чӣ дархост доред?

Б: Сабр кунанд, то БЕРДИИ ин гуфтугӯйро бишнаванд. Мо танҳо аз ХУДО сухан оғоз кардаем. Баъди он БЕРДӢ меояд. Мо дар хусуси сарнавишт, зиндагӣ ва ояндаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки онро бо номи шартии Худойбердӣ хотирнишон кардаем, сухан меронем. Ин гуфтугӯ ба ҳамаи мо дахл дорад. Мо ақаллан барои як бор бояд якдигарро гӯш кунем. Ҳамин аст дархости ман аз ҳамаи хонандагони мусоҳиба.

Ш: Дар Соли Нав ба мардуми Тоҷикистон чи орзуву таманниёт доред?

Б: Орзуманди он ҳастам, ки дар соли 1995 сокинони ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба мазмуни байти зер бо якдигар муроҷиат намоянд:

Ҳанӯзат гap сари сулҳ аст, боз ой,

Аз он маҳбубтар бошӣ, ки будӣ!

 

ӯзномаи “Наврӯзи Ватан”)

 

Комил Бекзода

доктори илмҳои фалсафа

 

 

 

БОЗГАШТ