АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: ҚАҲРАМОНЕ, КИ БАРОИ СУЛҲ МЕҶАНГИД

Муаллиф: Эшонқулов Эшонқул

Расм

«Ба Худо савганд, агар ҳатто ба андозаи кулоҳам ҷои мондан дар ин сарзаминро дошта бошам, мемонаму муқовимат мекунам».

Ин савганди мардест, ки тамоми зиндагиаш муборизаву муқовимат буду номаш ҳанӯз ҳам барои мардуми Афғонистони ҷангзада нишони эътимоду умед аст .Ҳар қишре аз ҷомеаи Афғонистон ӯро аз дидгоҳи хоси худ бо номҳои «Амир соиб», «Шери Панҷшер» ва «қаҳрамони миллӣ» мехонданд.

Аҳмадшоҳ 1 сентябри соли 1953 дар дараи деҳаи Ҷангалаки Панҷшер дар оилаи афсари олирутбаи шоҳӣ ба дунё омад. Соли 1973 пас аз хатми литсеи фаронсавии Кобул ба факултети муҳандисии Донишкадаи политехникии пойтахт дохил шуд, вале танҳо ду сол дар ин ҷо таҳсил кард. Забонҳои фаронсавӣ, пашту ва урдуро омӯхт.

Он солҳо дар Афғонистон фаъолиятҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ авҷ гирифтанд. Ҳизбҳои демократӣ ва исломӣ, ҳаракатҳои чапу рост, созмонҳои мухталиф ташкил мешуданд. Факултаи илоҳиётшиносии Донишгоҳи Кобул ба яке аз марказҳои асосии фаъолияти сиёсии пинҳонии исломӣ табдил ёфта буд. Сарнавишти Аҳмадшоҳро, метавон гуфт, чунин шароити иҷтимоӣ ва муҳити дошинҷӯии Кобули онрӯза рақам зад, гирдоби муборизаҳои сиёсӣ ӯро ба коми худ кашид, меъмор шудану дар ободиҳо қадам задан муяссараш нагардид, агарчи тамоми умр барои ин талош мекард.

Соли 1973 Муҳаммад Зоҳиршоҳи ислоҳотгароро узви дигари оилаи шоҳӣ Муҳаммад Довуд сарнагун кард ва кишварро ҷумҳурӣ эълон намуд. Нохушиҳои Афғонистон, ки то кунун идома доранду пайомадҳояш рӯз то рӯз мудҳиштар мешавад, аз ҳамин ҷо ибтидо мегиранд. Аҳмадшоҳи бистсола табаддулотро напазируфт ва ба эътирозҳову исёнҳо пайваст. Солҳои 1974-1975 ӯ омодагӣ ба шӯриши деҳаи Бозораки Панҷшерро роҳбарӣ мекард. Тибқи нақшае, ки Аҳмадшоҳ барои ба даст овардани ҳокимияти минтақа тартиб дода буд, бояд якбора ба чанд деҳа зарба зада мешуд. Ин нахустин тазоҳуроти мусаллаҳонаи мухолифони исломӣ дар Афғонистон буд. Исёнгарон мағлуб шуданд. Сарбозон аз як-ду қадамии Аҳмадшоҳ, ки аз пояш захмӣ шуда буд, пайхас накарда гузаштанд. Аз ҳамин ҷо лақаби «Масъуд», яъне «некбахт», ба Аҳмадшоҳ ҳамроҳ шуд.

Пас аз шикасти шӯриш Масъуд ба Покистон фирор кард, аммо чун аз ҳамкорӣ бо хадамоти иктишофии он кишвар сарпечӣ карда буд, зери хатари бузург қарор дошт. Дар Пешовар ғайриқонунӣ зиндагӣ мекарду муборизаашро пинҳонӣ идома медод, тактикаи ҷанги партизаниро меомӯхт, асарҳои Фидел Кастро ва Эрнесто Че Гевар ва дигар пешвоёни инқилобии ҷаҳонро мехонд.

Соли 1978 лар Афғонистон инқилоб ба амал омад, Довудро коммунистони афғон сарнагун карданд. Нурмуҳаммад Таракӣ сардори давлат ва Ҳафизулло Амин раиси Шӯрои инқилобӣ шуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд баъд аз инқилоб аз Покистон ба Панҷшер баргашта, ба ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мубориза пардохт

Вақте Аҳмадшоҳ аз Покистон ба водии Панҷшер омад, тибқи шаҳодати худи ӯ, ҳамагӣ бист муҷоҳид таҳти фармондеҳӣ дошт, ки тақрибан нисфи онҳо силоҳ надоштанд. Аммо мардуми маҳаллӣ ӯро хуб пешвоз гирифтанд, зеро шиорҳо ва иқдомоти ҳукумати нав барояшон бегона буд. Барои сохтмони сотсиализм ва ислоҳоти куллии иҷтимоию демократӣ, ки ҳукумат шуруъ намуда буд, дар Афғонистон ҳанӯз замина вуҷуд надошт.

Тобистони соли 1979 дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон исёнҳо пайваста вусъат пайдо мекарданд. Ҳатто дар дохили артиши ҳукуматӣ парокандагиҳо ва саркашиҳо ба амал омаданд. Роҳбарияти Афғонистон дар бораи тақвияти ёрии ҳарбӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ муроҷиат кард ва 25 декабри соли 1979 нерӯҳои Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданд. Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои вежаи шӯравӣ Ҳафизулло Амин кушта ва Бабрак Кормал ҷойгузини ӯ гардид.

Гурӯҳҳои партизание, ки ӯ дар Панҷшер таъсис дода буд, баъд аз вуруди нерӯҳои шӯравӣ бо кӯмаки молӣ ва низомии як қатор кишварҳои арабӣ ба артиш табдил ёфт. Масъуд дар Панҷшер минтақаи мустаҳками мудофиавӣ ба вуҷуд овард, ки дар давоми чанд сол ба амалиётҳои калони нерӯҳои шӯравӣ ва афғонӣ тоб овард. Ба муқобили ӯ аскарони шӯравӣ 9 амалиёти чангӣ анҷом доданд, аммо шикастан натавонистанд. Дар ин ҷангҳои мувафақ ба ӯ лақаби «Шери Панҷшер» эҳдо шуд.

Агар дар оғози ҷиҳод, соли 1979, ҳамагӣ 20 нафар сарбози нимамусаллаҳ бо ӯ буд, дар давраи хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ 60 ҳазор сарбози варзидаву мусаллаҳ дошт. Ҳамчунин, агар солҳои 1980 дар оғози муборизаҳои худ танҳо гурӯҳҳои сирф тоҷикии минтақаҳои калонро муттаҳид мекард, солҳои 1990 воқеан пешвои умумимиллии Афғонистон гардида буд.

Моҳи апрели соли 1992 гурӯҳҳои мусаллаҳи муҷоҳидин вориди Кобул шуда, Наҷибуллоҳро ба истеъфо во доштанд, аммо зараре ба ӯ нарасонданд. Ҳамон Наҷибуллое, ки соли 1996 ба дасти Толибон дар майдони марказии Кобул ваҳшиёна ба дор овехта шуд.

Тибқи Созишномаи Пешовар дар Афғонистон ҳукумати нав таъсис ёфт ва Масъуд вазири дифоъ шуд. Аммо дар Афғонистон сулҳи деринтизор пойдор намонд, Гулбиддин Ҳикматёр Созишномаро риоя накард. Акнун ба ҷойи Иттиҳоди Шӯравӣ дар муқобили Масъуд Ҳикматёри қавмгаро, ки Афғонистонро сирф паштунӣ мехост, қарор гирифт. Танҳо дар даргириҳои низомие, ки моҳи январи соли 1994 ӯ бо ҳамдастии генерал Дӯстум оғоз кард, дар Кобул қариб 4 ҳазор нафар аҳолии осоишта кушта шуд.

Аҳмадшоҳ, ки ҷангҳояш барои сулҳ буд, борҳо бо душманонаш, аз ҷумла Ҳикматёр созишҳо ва гузаштҳо кард. Бо Толибон низ иртибот барқарор карда, барои созиш талош меварзид.

Пас аз он ки Толибон 27 сентябри соли 1996 Кобулро тасарруф карданд, артиши Масъуд ба минтақаи Панҷшер ақибнишинӣ кард ва Иттиҳоди Шимолро таъсис дода, нагузошт, ки пои Толибон ба шимол бирасад. Дар Афғонистон ягона нерӯи воқеие, ки бо Толибон ва умуман терроризм муқовимат мекард ва ба ҳар гуна таҷовузи хориҷӣ муқобилият нишон дода метавонист, артиши Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

9 сентябри соли 2001 Шери Панҷшер аз таркиши бомбаи ду террористи маргталаб, ки дар ниқоби хабарнигорони як ширкати телевизионии араб ба суҳбати Масъуд дар деҳаи Хоҷа Баҳоуддин роҳ ёфта буданд, сахт захмӣ шуд ва рӯзи дигар тибқи як фарзия, дар ҳамин деҳаи Хоҷа Баҳоуддин, ба гуфтаи дигар, дар бемористони дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки ӯро бо чархбол ба онҷо оварда буданд, ба шаҳодат расид.

Ҳамин тавр, як рӯз пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябр ба маркази тиҷории Ню-Йорк бонуфузтарин рақиби Усома бин Лодин ва ҳамаи террористони афғониву ҷаҳонӣ аз бозӣ берун карда шуд. Он замон ӯ ҳамагӣ 48-сол дошт, аммо аллакай ба як устураи зинда табдил ёфта буд.

Аксари муҳақкиқони масъалаҳои Афғонистон бар инанд, ки Масъуд падидае буд, ки барои сулҳ ва истиқрори адолат меҷангид. Борҳо бо таассуф гуфта буд, ки ӯро шароит ба ҷанг во доштааст. Хунрезие, ки дар хоки Афғонистон идома дорад, тадбире ногузир аст, 

Ҷиҳод ва муқовимат ду марҳилаи аз таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми Афғонистон ба муқобили коммунизм ва терроризм аст, ки дар ҳар ду марҳила Аҳмадшоҳ нақши барҷаста ва калидӣ дошт.

Агар чи Масъуд мухолифи ҳар гуна иртибот бо намояндагони ҳукумати Афғонистон ва сарпарастони маскавии он буд, фамондеҳони Шӯравӣ ӯро аз мантиқитарин ва қобили музокиратарин қумондонҳо медонистанд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди ҳама душманиҳое, ки ба Шӯравӣ дошт, нисбат ба рақиби худ бошарофат буд.

Аҷиб аст, ки симои ҳақиқии ӯ бештару хубтар дар ёддоштҳои рақибонаш инъикос шудааст. Ба қавли намояндагони шӯравӣ, Масъуд монанди як сиёсатмадори ҷиддиву муътадил ва фарди оқиле, ки ҳадафи ниҳоии муборизаҳояшро хуб медонад, рафтор мекард.

Рӯзноманигорони ғарбӣ Аҳмадшоҳи Масъудро равшанфикри шарқие меномиданд, ки бо ҳалимӣ, заковатмандӣ ва мутолеаи зиёд аз дигар қумондонҳои саҳроӣ фарқ мекард. Ҳеҷ гоҳ бераҳм набуд...

Подполковник Анатолий Ткачев, ки барои хориҷ шудани армияи Шӯравӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтушунид карда буд, аз мулоқоти худ чунин ёддошт медиҳад: Масъуд ба вохӯрӣ бе таъхир ҳозир шуд. Ӯ ҷавоне кӯтоҳқад, лоғар, сиёҳмӯй, бо либоси урфии афғонӣ буд. Бар хилофи тасаввури умум, чизе аз ваҳшоният дар зоҳири ӯ вуҷуд надошт, дар чеҳрааш ҷамъияти хотир ва кушодагӣ ҳувайдо буд. Мегуфт, ки ба аскарони шӯравӣ эҳсоси хусумат надорад, зеро гунаҳгори вазъияти кунунӣ на аскарони қаторӣ, балки ҳукуматдоронанд.

Генерал Игор Радионов, фармондеҳи артиши 40-ум, навиштааст: набардҳои дараи Панҷшер сахттарину хунинтарин саҳнаҳои ҷанги Афғонистон буданд, муҷоҳидон минтақаҳои ишғолиро гаштаву баргашта пас мегирифтанд, ки ба далели истедоди фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

Қаҳрамони ҷанги Афғонистон Руслан Аушев аз забони Масъуд нақл кардааст, ки «Ман метавонистам ҳавопаймоҳои мусофирбари шуморо сарнагун кунам, аммо чунин накардам. Ман бо шумо чунон чангидам, ки ҷангидам».

Дар ёддоштҳои афсарон ва муҳаққиқони шӯравӣ хусумат, ҳасодат ва худкомагии ҳукумати онвақтаи Афғонистон нисбат ба Масъуд хеле равшан нишон дода шудааст. Масалан Князев менависад, ки бисёре аз созишномаҳои оташбасе, ки ҷониби Шӯравӣ бо Масъуд ба даст оварда буд, аз ҷониби миллатгароёни паштун аз муҳити раисиҷумҳур Наҷибулло, бахусус аз ҷониби Шоҳнавоз Танай, вазири дифои онвақта, халадор мешуданд. Масалан, ҳангоми хуруҷ чун Масъуд дар Соланг барои нерӯҳои мо монеае эҷод накард, артиши ҳукуматии Афғонистон бар зидди нерӯҳои ӯ амалиёти густардае оғоз карданд.

Ба қавли генерал-майор Александра Ляховский, ки дар ҳайати гурӯҳи амалиётии Вазорати мудофеаи Шӯравӣ кор мекард, ҳар ду тараф тибқи уҳдадориҳо амал мекарданд, Аҳмадшоҳ бо тамаркуз ба эҷоди сохторҳои дифоӣ харобкориҳоро мутаваққиф кард. Аммо роҳбарияти Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ибтидо дар шахси Бабрак Кормал ва сипас Наҷибулло, ки ҷойгузини ӯ шуд, ба идомаи амалиёти низомӣ алайҳи Масъуд ва аз байн бурдани ӯ пофишорӣ мекарданд.

Дар ин маврид Генерал В. Варенников, Сардори гурӯҳи Вазорати дифои ИҶШС дар Афғонистон, таъкид мекунад, ки фармондеҳии Шӯравӣ бо ин амр мухолиф буд. Генерал талош кард, Кобули расмиро мутақоид кунад, ки наметавон бо Масъуд монанди дигар фармондеҳони саҳроӣ амал кард, зеро ӯ воқеан як шахсияти сатҳи давлатист. Дар шимоли кишвар аз эътибори азиме бархурдор аст, мардум аз пайи ӯ мераванд, ба ӯ бовар доранд, ӯ, ба фарқ аз дигар фармондеҳон, на мутаассиби мазҳабӣ, балки як сиёсатмадори оқил аст, ки метавон рӯ ба рӯяш ба музокира нишаст.

Ба қавли Князев, баъзан Масъудро пешвои тоҷикони Афғонистон меноманд, ки ин комилан саҳеҳ нест. Агарчи тоҷикон дар Иттиҳоди Шимол аксариятро ташкил медоданд, ӯзбекҳо, паштуҳо, ҳазораҳои шиа ва исмолиён низ зиёд буданд. Вежагиҳои раҳбарии Масъуд кофӣ буд, то воҳидҳои низомии «Ҳизби Ваҳдат»-и ҳазораи шиаро таҳти фармони худ муттаҳид кунад ва бо ҳизби паштунии «Иттиҳоди Исломӣ», ки зери раҳбарии яке аз пешвоёни муҳофизакори тундрав Абдуррасул Сайёф амал мекард, ва ҳатто бо пешвои «Ҳизби Исломӣ»-и миллатгарои Гулбуддин Ҳикматёр, ба созиш расад.

Князев мавқеи Масъудро нисбат ба ду масъалаи дигар, сохти ояндаи сиёсии Афғонистон ва марзҳои Афғонистон Тоҷикистон равшан мекунад, ки барои шинохти дидгоҳи ӯ муҳим аст: Солҳои 1990 гоҳо дар расонаҳои иттилоотӣ гумоне дарҷ мешуд, ки гӯё Аҳмадшоҳи Масъуд барои пайвастани Тоҷикистон бо Афғонистон ва ба вуҷуд овардани давлати ягонаи тоҷикон мекӯшад. Ин гумон мутлақан ботил аст. Маро имконе даст дода буд, дар ин бора аз ӯ суол кунам. Суоли ман ин буд: «Ҷаноби Масъуд, шумо ба муттаҳид кардани тоҷикон ва ташкили давлати ягонаи тоҷикон, ки имрӯз дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба сар мебаранд, чӣ назар доред? Оё дуруст аст, ки худи шумо ҳам кадом вақт чунин идеяро баён кардаед? Ва посухи Аҳмадшоҳи Масъуд: «Вақте ки Шумо аз имкони ташкили федератсия дар Афғонистон аз ман суол кардед, ман чӣ посух дода будам? Посухи ман ин буд, ки, ки ман ҷонибдори як Афғонистони қавӣ ва мутамарказ ҳастам?». Ман фикр мекунам, ки марзҳои мавҷудаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон аз тарафи ҳама ба расмият шинохта шудааст. Миёни кишварҳои ин минтақа ва Афғонистон метавонад равобити хубе вуҷуд дошта бошад, хубтар аз ҳозира. Мо ба бозор, ба равобити тиҷории ҳамҷаворӣ, ки ба нафъи ҳама хоҳад буд, ниёз дорем».

Ва ниҳоят Князев ҳақиқатеро баён мекунад, ки мебояд сари он амиқ андеша кард: «Ман таассуроти қавӣ доштам, ки ӯ хеле одами замони худ нест. Бисёре аз принсипҳои ахлоқие, ки ӯ риоя мекард, дигар замонавӣ набуд, дар сиёсати ҷаҳонӣ сатҳу меъёрҳои дигар муқаррар шуда буданд. Ӯ ваъда дод ва ба он вафо кард, ҳарчанд дар атрофи худ раҳбарони дигари Афғонистон ё сиёсатмадорони дигар кишварҳо борҳо бо ваъдахилофӣ ӯро навмед карданд».

Оре, Аҳмадшоҳи Масъуд барои арзишҳои исломӣ мубориза мекард, вале нерӯҳои муҷоҳиде, ки замоне бо ӯ ҳамсангар буданд ва нерӯҳое, ки аз номи ислом ба муқобили ӯ меҷандиганд, аллакай дар мазҳаби ӯ набуданд, арзишҳои ахлоқии суннатиро пушти по зада буданду бо дастури сарпарастони хориҷӣ амал мекарданд, ӯ Афғонистонро меҳани воҳид, мутамарказ, озод ва соҳибистиқлол барои ҳамаи қавму қабилаҳои маскуни он мехост, аммо барои ҳамсангарони дирӯзааш Афғонистон ба маънии паштунистон буд.

Сентябри соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Аҳмадшоҳи Масъудро барои дар мусоидат ва миёнҷигарӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон дар солҳои 1993-1999 ва саҳмаш дар раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I, қадршиносӣ намуд.

Воқан, имрӯз ҳамаи тарафҳо, чи мувофиқ ва чи мухолиф, ба ин натиҷа расидаанд, ки Масъуд падидае фаротар аз ҷуғрофиёи сиёсии Афғонистон аст ва таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи қаҳрамони миллии Афғонистон дорои аҳаммияти ҷаҳонист.

 

Эшонқул Эшонқулов,

ходими калони илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ