Аз шиносоӣ бо рисола маълум мешавад, ки Ҷомӣ, ки худ аз устодони номии замонаш буд, мебинад фарзандаш ва толибилмони дигар аз омўхтани нозукиҳои граматикаи забони арабӣ ба мушкилиҳо рў ба рўянд. Вай мақсад мегузорад, ки ин мушкилотро аз байн барад ва ин китобро менависад. Мусанниф дар он асосан масоили мушкилфаҳми «Қофия»-и Ибни Ҳоҷибро бо ашъори арабӣ шарҳу тавзеҳ додаст.
«Асмаъӣ гӯяд: Бо кариме ошноӣ доштам, ки ҳамвора ба таваққӯъи караму эҳсон ба дари хонаи вай мерафтам. Як бор ба дари хонаи вай расидам. Дарбоне шинонда буд. Маро манъ кард аз он ки бар вай дароям. Баъд аз он гуфт:
— Э, Асмаъӣ! Ин сабаби манъ кардани ман аз даромадан бар вай тангдастию нодорист, ки вайро пеш омадааст.
Ман ин байтро навиштам:
Изо кона-л-кариму лаҳу ҳиҷобун,
Фа мо фазлу-л-кариму ала-л-лаим
Тарҷума: (Чун сахӣ парданишин гардад,
Фазли ў ҳам ба лаъин бар гардад)
ва ба он дарбон додам, ки инро ба вай расон. Замоне барнаёмаду руқъаро овард. Бар пушти вай набишта, ки
Изо кона-л-кариму қалила мол,
Тастара би-л-ҳиҷоби ани-л-азим
Тарҷума: (Чун сахӣ камбизоат шудааст,
Худро ба пардаи бузург ниҳон намудааст)
ва ҳамроҳи руқъа суррае понсад динор дар вай. Бо худ гуфтам: «Ҳаргиз қиссае аз ин ғарибтар бар ман нагузаштааст. Инро тӯҳфаи маҷлиси Маъмун хоҳам сохт!» Пеши вай рафтам.
Гуфт:
-Аз куҷо мерасӣ, э Асмаъӣ?
Гуфтам:
Аз пеши каримтарин касе аз аҳёи араб.
Пурсид, ки кист? Гуфтам, ки марде, ки маро аз илму моли худ баҳравар сохтааст. Ва он руқъаву сурраро пеши вай бар замин ниҳодам. Чун сурраро дид, ранги вай баромаду гуфт:
-Ин муҳри хазонаи ман аст. Мехоҳам, ки он касро талаб дорам.
Фармуд, то ҳазор вайро низ такмил карданд. Ва он мардро аз зумраи надимони худ гардонид:
Кафи соҳибкарам чун бедирам монд
Зи нодорӣ шумар, гар дар бибандад.
Вале дар бастани мудхил чунон аст,
Ки ҳамёни дирамро сар бибандад. »[3,56-57].
Инҷо Абдураҳмони Ҷомӣ перомуни қадру қимати шоири араб ва маънии волои шеъри ў сухан рондааст. Асмаъӣ, яке аз шоирони шинохтае буд, ки бо ҳикоёту латоифи баландмазмунаш мардуми ғайриараб низ ўро мешинохтанд ва бо шуҳрат ва маънии баланди ашъораш аз қаҳрамонони ҳикоёти Мавлавӣ Ҷомӣ гардида будааст.
Дар «Нафаҳот ал-унс мин ҳазарот ал-қудс» -и Ҷомӣ, ки дар он зикри 618 сўфии адибу шоир дарҷ гардидаасту бештарашон аз манотиқи арабнишини Бағдоду Шом, Ҳиҷозу Басра ва Яману Мисранд, пайдост, ки ў бо фарҳанги мардуми араб ошноии тамом доштааст. Мусаннифи «Нафаҳот ал-унс» на танҳо дар асари худ шаммае аз рўзгору фаъолият офаридаи қалами онҳо ҳадс мезанад, ҳатто дар зарурат пораи ашъори арабии онҳоро ба сифати мисол иқтибос менамояд.
Масалан, Абўҳомид ас-Сўфӣ, ки кўфиюласл буда, дар Шом ба ҳайси шайх вазифаи масъул дошт, шеър ҳам мегуфт, ки намунаҳои онро ба забони асли арабӣ дар «Нафаҳот ал-унс» дучор меоем. Намунае аз он:
Хайру дорин ҳалла фиҳо хайру арбоб ад-диёри
Ва қадиман ваффақа-л-Лоҳу хиёран лихиёри.[6, 56-57]