АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АБДУРРАҲМОН БАДАВӢ ВА МАРКСИЗМ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Устод Маҳмуд Амин ал – Олим[1] яке аз файласуфони марксист ва коммунисти Миср аст. Мақоми ӯ дар давраи Шӯравӣ ҳам аз ҷониби ҳизби коммунисти Шӯравӣ – КПСС эътироф гардида буд. Ба ин хотир як китоби ӯро ба номи “Бархурдҳои фикрӣ”[2] ба забони русӣ тарҷима намуда буданд. Вақте Бадавӣ соҳиби унвони доктори фалсафа шуд, Амин ал – Олим донишҷӯи Университети Қоҳира буд. Баъдҳо ал – Олим вориди ҳизби коммунисти Миср гардид ва муборизаи ӯ ба муқобили Бадавии файласуфи буржуазӣ ва экзистенсионалист оғоз гардид...
  Устод Маҳмуд ал – Олим дар мақолае, ки бахшида ба Абдурраҳмони Бадавӣ навиштааст, ошноии худро ба шахсияти ӯ ва андешаҳои фалсафиаш чунин ёдоварӣ менамояд:
  ... “Аввалин бор дар декабри соли 1945 дар маҳфиле бо номи “Ҷамъияти фалсафӣ” дар факултети адабиёти ба номи Фуоди аввал (ҳоло “Университети Қоҳира”) суханронии расмӣ намуда, аз доктор Бадавӣ ном бурдам, ки мавзӯи гузориши ман чунин ном дошт: “Абсурд (Муҳол) дар табиат ва ҳунар”. Раиси маҳфил ҳамкорам (ва ҳоло доктор) Камол Дасуқӣ гуфт, ки гузориши ман сахт парешон ва берӯҳ буд. Дарвоқеъ ин гузориш давоми он андешаҳое буд, ки ман аз нимаи давраи таҳсили мактаби миёна оғоз намуда, ва дар даврони донишҷӯиям (сентябри 1945) пайгирӣ намуда будам.[3]
  Боре дар хонаи бародарам Муҳаммад Шавқӣ Амин чанд шумораи маҷаллаи “ар - Рисола” – ро дидам. Ин маҷалла аз ҷониби Муҳаммад Ҳасан аз – Заёт таъсис дода шуда буд. Дидам ки дар ин маҷалла пораҳое, аз китоби “Чунин гуфт Зардушт”- и файласуфи олмонӣ Фридрих Нитше ба чоп расидааст. Ин китоб аз ҷониби яке аз равшанфикрони масеҳии араб Феликс Форис ба арабӣ тарҷима шуда буд. Бо шӯру шавқ он порчаҳоро мутолиа намудам.
  Тасодуфан ба муаллими забони фаронсавӣ, ки шаҳрванди Фаронса буд, ва ҳаводори фалсафаи Нитше, вохӯрдам. Ӯ дар бораи Нитше маълумотҳои аҷибу ғарибе ба ман нақл кард. Таваҷҷуҳи маро ба шахсияти ин файласуф ҷиддан барангехт... Аввалин иқдоми ман ин шуд, ки дар ҷустуҷӯи китобҳои арабӣ шудам, ки дар бораи фалсафа умуман ва фалсафаи урупоӣ махсусан, чиҳо навиштаанд...
  Инро ҳам бояд зикр кунам, ки ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданам, ба фалсафа майл доштам. Вале аҳли хонаводаам мухолиф буданд. Бо вуҷуди ин баъди хатми мактаби миёна ба факултети фалсафаи Университети Қоҳира пайвастам. Аввалин китобе, ки доир ба Нитше ба забони арабӣ пайдо кардам, китоби доктор Бадавӣ буд. Нашри соли 1939. Нашри аввали он.
  Дар тӯли таҳсилам дар донишгоҳ Абдурраҳмони Бадавӣ[4] рамз ва намунаи зиндаи як шахсияти нитшепараст боқӣ монд. Ӯ ошкоро нитшепарастии худро ошкоро ба  рухи хосу ом мекашид ва аз ин рафторҳои худ ифтихор ҳам мекард. Вале ман мақоми Нитшеро аз рӯи фаҳмиши худ дигар хел тасаввур мекардам. Ба як калима ба ақидаи ман дар он замон Нитше файласуф ва шахсияти фавқулодае буд, ки ба муқобили ҳамагуна худбохтагӣ ва заъифиҳои башарӣ дар мубориза ва мухолифат буд.
  Заминаи ин тасаввури ман шояд ин буда, ки аз дер замоне китоби шарқшиноси маъруфи фаронсавӣ ва католикмазҳабро бо номи Луи Массинен дар бораи Ҳаллоҷи сӯфии мусулмон хонда будам. Гӯё шеърҳои Ҳаллоҷ образеро пеши чашмам ҷилва медоданд, ки Нитше ба сӯи Абармард (Супермен) – и худ равона буд! Шояд вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии солҳои чиҳили мисри асри ХХ чунин сароберо бар фикри ман таҳмил мекард:
  Ҳолатҳои афсурдагии рӯҳӣ... Рӯ овардан ба шеърҳои хаёлпарваронаи романтикӣ... Эҷоди шеър... шоҳмот... Мутолиаи бардавом...Сайругашти беҳадафонаи кӯчаю бозор... Ширкат дар гирдиҳамоиҳои сиёсӣ ва миллӣ... ва ғайра.
  Ҳолате парешон доштам... Шабеҳ ба як буҳрони рӯҳӣ. Мехостам худро ба водии рушноӣ бирасонам. Дар як мисраи шеър гуфта будам: “Лам табқо илло хутватун ав хутватони ала-ал - вузуҳ” [“Танҳо қадаме ва ё ду қадам мондааст, ки парешонӣ ва маҷҳулот барои ман возеҳ ва равшан гардад”].
  Вале, ҳайҳот ки дар он солҳои буҳронӣ ба чизе аз қабили  андешаи дақиқ ва равшан расида бошам!
  Маҳмуд ал-Олим мегӯяд:
  Соли 1945 буд. Устод Бадавӣ китоби “Замони вуҷудӣ”-ро ба нашр расонд. Ману Аббос Аҳмад он китобро харидорӣ намудем. Ҳамзамон яке аз қаҳвахонаҳои кӯчаи Фуод (ҳоло кӯчаи ба номи “23 Июл”) нишаста, дар чанд соат онро мутолиа намудем. Ҳоле моломол аз ваҷду  ташаннуҷ доштем. Вақте ба боби ҳолати таҷрибаи вуҷудӣ расидем, ба мо чунин намуд, ки устод Бадавӣ ба таҷрибаи зиндаи вуҷудӣ хиёнат кардааст! Ба ин маъно, ки таҷрибаи вуҷудии зиндаро дар қолабҳои шахшуда ва мурдаи категорияҳои фалсафӣ ва ақлонӣ маҳбус кардааст![5] Баъди мутолиаи китоб ба хулосае расидем, ки ба хонаи устод Бадавӣ биравем ва ӯро барои ин иштибоҳи ғайричашмдошташ маҳкум намоем. Дарро кӯфтем ва бародари кӯчаки устод моро пешвоз гирифт ва гуфт, ки устод дар хона ҳузур надоранд. Чаро ки ману Аббос сахт маст будем;  Ба ёдам ҳаст, ки баъди ин ҳодиса ба хонаи дӯсти муштаракамон Фарҳот Тумо рафтем. Фарҳот корманди китобхонаи Университет буд. Бо дарду алам қиссаи зиёрати хонаи устод Бадавиро нақл кардем. Бо вуҷуди ин эҳтироми ҳамешагии худро нисбат ба илму дониши Устод ва тарсу ҳароси худро нисбат ба шахсияти ӯ ҳифз намудем.
Дар он шабонарӯз мо ба ҳаракати ватанпарастонаи Миср сахт таваҷҷуҳ доштем-ҳаракате ки солҳои 1940 дар Миср мавриди гуфтугӯи ҳамагонӣ буд. Мубориза бар зидди ишғолгариҳои Британия ва ҳукумати истибдодӣ бо ҳизбҳои лаганбардори ҳокимияти истеъмории Англия дар Миср. Баъзе аз мо ба ҳаракати марксистӣ дар қолаби назариявии он таваҷҷуҳ менамудем. Аммо ману Аббос пайрави ҳаракати холиси миллӣ будем.
  Мо дар феврали соли  1946 ба кумитаи миллии донишҷӯён Аббос Аҳмадро чун намояндаи қисми фалсафии Донишгоҳ пешниҳод накардем. Ҳарчанд ки ин кумитаро ҳаракати марксистӣ сарварӣ мекард. Чаро? Барои он ки: 1 - Ман он замон ба марксизм мушкил доштам; 2 – Мушкили назариявӣ буд; 3- Фикр мекардам марксизм танҳо як назарияи холиси иқтисодӣ ва моддӣ асту бас; 4 – Ба андешаи онрӯзаи ман марксизм аз ҷиддият ва умқи фалсафӣ ва ахлоқӣ маҳрум аст; 5 – Гӯё дар як вақт ширкат кардан дар ду ҷабҳаи сиёсӣ: миллӣ ва марксистӣ майлҳои ҷиддии вуҷудӣ – экзистенсиалии маро халалдор менамояд.[6]
  Ҳамзамон дар он вақт бо устоде ки тоза аз Инглистон омада буд ва аз фанни  инглисӣ дарс мегуфт, ошно шудем. Шахсияти хоксор, пайрави сотсиализм ва демократия буд: Номаш- Луис Аваз. Ҳамчунон доир ба фаъолиятҳои дохили донишгоҳӣ ва берун аз донишгоҳии устод Бадавӣ сахт таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Ӯ тоза таҳқиқе анҷом дода буд дар мавзӯи: Танқиди методологияи материализми диалектикӣ ва таърихӣ дар марксизм. Ҳамин тавр категорияҳои вуҷудии устод Бадавӣ ва интиқодоти сотсиалистии устод Луис Аваз ва зиддияти ин ду назар, андешаҳои вуҷудии маро ба чолиш кашид. Дар ин гармогармии баҳсу ҷидал дар байни мо ҷабҳаи сеюм пайдо гардид: Доктор Юсуф Мурод-равоншиноси маъруф, ки маҷаллаи “Илми равоншиносии такомулӣ”-ро таъсис дод. Мо ҳар ҳафта ба хонаи  ӯ мерафтем ва сари мавзуъҳои доғи рӯз бо ҳам баҳс мекардем. Ман то он рӯз ҳам пайрави фалсафаи вуҷудии худ будам, ки хулосаи онро дар декабри соли 1945 дар маҳфили фалсафии Донишгоҳ гузориш додам.[7]
  “Дар ин байн дар маҷаллаи “ал - Башир” “The Herald”, ки  ёру дӯстони ман таъсис намуда буданд, сармақолаи шумораи якумро навишта, “тасодуф” – ро ба ҷои “абсурд” истеъмол намудам. Ин мавқеъ, солҳо андешаи маро дар ҳоли парешонӣ нигоҳ дошт...
  Дар ин замон  китобе ба дастам афтод, ки маро аз ин парешонӣ наҷот дод: “Материализм ва эпириокритизм” –и Владимир Илич Ленин. Ва андак баъдтар: “Диалектикаи табиат”- и Фридрих Энгелс. Ин ду китоб инқилобе дар андешаи фалсафии ман эҷод кард ва ман гӯё аз нав ба ҷаҳони илму фалсафа ворид гардидам.[8]
  Ҳамин тавр ба муборизаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии ҷадид пайвастам ва дар ин роҳ таҷрибаи зиндагии вуҷудиро аз сар гузаронидам: зиндон, шиканҷа, ғурбат ва бадрақа аз Миср. Бо вуҷуди ин фурсате пеш омад, ки ҳамаи осори доктор Бадавиро ба диди нав мавриди мутолиа қарор диҳам.[9](194)
2
  Баъди хатми рисолаи “Тасодуф” дар июни соли 1953 ба навиштани аввалин нақдҳои худ доир ба фалсафаи вуҷудии (экзистенсиалии) доктор Абдурраҳмон Бадавӣ оғоз намудам. Аввалин мақолаи ин силсила чунин ном дошт:  “Ин аст ахлоқи вуҷудӣ”. Дар соли 1954 ба нашр расид. Ин мақолаи ман ҷавобе буд ба мақолаи доктор Бадавӣ бо номи “Оё ахлоқи вуҷудӣ имкон дорад?”, ки соли 1953 ба чоп расида буд. Китоби “Тасодуф”- и ман дар асл рисолаи дипломии ман буд, аз университети Қоҳира. Мақолаи аввалини зидди фалсафаи вуҷудии урупоӣ дар ҷаҳони араб мавриди таваҷҷуҳи фарҳангиёни ин кишварҳо қарор дошт. Барои мисол баъзе китобҳои нависандагон ва файласуфони вуҷудии Фаронса чун: Ҷон Пол Сартр ва Алберт Камю ба арабӣ тарҷума шуда  буданд.[10]
  Инсон дар фалсафаи вуҷудии урупоӣ чун Сартр ҳаммарз бо масъулияти шахсӣ буд. Дар сурате, ки доктор Бадавӣ ба таври мутлақ шахси инсониро дар бархурдҳои вуҷудӣ ва ахлоқӣ аз ҳам ҷудо месохт. Дар сурате, ки дар фалсафаи вуҷудии  урупоӣ ҷанбаи ахлоқиро ҷузъи ҷудонопазири таҷрибаи зиндаи вуҷудӣ мешуморанд (Ҳамон ҷо, с.195).
  Вале ман дар охири мақолаам ба ин натиҷа расидам: “Фалсафаи вуҷудӣ он фалсафае нест, ки дар шарқи исломӣ тарафдор ва харидоре дошта бошад. Барои мо фалсафае зарурат дорад, ки имону эътимоди моро ба илм ва қонунҳои объективии он ва эҳтироми моро ба таърихи бузурги инсонӣ инъикос намояд”[11]
  Ҳамин тавр дар охирҳои соли 1958 аз ман даъват намуданд, ки дар клуби муаллимон дар шаҳри Қоҳира дар мавзӯи “Озодӣ ва масъулият дар фалсафаи Сартр”, гузориши илмӣ пешниҳод намоям. Политсия атрофи маҷлисгоҳро муҳосира намуда, гузориши ин мавзуъро манъ кард. Баъди чанд ҳафтае дар бомдоди рӯзи аввали соли 1959 маро ҳабс намуданд. Ин гузоришро баъдҳо дар китоби “Бархурдҳои фикрӣ” дар “Дор-ул-Ҳилол” ба чоп расонидам. Замон, охирҳои солҳои шасти асри ХХ буд.
  Аз соли 1959 то соли 1964 дар зиндон будам. Зиндоне, ки маро аз навиштан манъ карда буд. Соли 1964 баъди ба озодӣ баромадан, аввалин мақолае, ки навиштам, доир ба китоби файласуф ва нависандаи фаронсавӣ Алберт Камю буд, бо номи “Устураи Сизиф”. Хулосаи ин устура бо ду калима ин аст, ки Худоёни Юнон Сизифро барои ҷиноят ба ҷазои абадӣ маҳкум кардаанд. Ба ин қарор, ки Сизиф харсангеро аз поёни кӯҳ то ба боло бурда мерасонад. Ва, ҳамин ки ба куллаи кӯҳ расид, санг аз дӯшаш (китфаш) меафтаду ба поёни кӯҳ ғелида меравад. Сизиф маҷбур аст, бори дигар ва борҳо ин корро такрор кунад. Такроре, ки охир надорад то абад-ул-обод давом мекунад. Ба ин маъно ки зиндагии инсонҳо низ маҳкум ба ин кори такрорӣ ва бемаънӣ аст. Ва чорае ҷуз тан додан ба ин кори якнавохт ва такрорӣ надорем.
  Муаллифи мақола Амин ал – Олим дар охири он мегӯяд: “Камю бо навиштаи худ мехоҳад ба таври рамзӣ зиндагии бемаънӣ ва пучу абсурди одамиро дар ҷаҳони имрӯза тасвир кунад. Ман тарҷумаи ин китобро бо забони арабӣ табрик мегӯям. Чаро ки худи мо сахт эҳтиёҷ дорем, ки Сизифҳои инсонии мо (на Сизифҳои устуравӣ!) тавонистаанд харсангро то ба қуллаи кӯҳ боло баранд ва онро дар он ҷо нигоҳ доранд. Ин кор дар чандин минтақаҳои ҷаҳон амалӣ шудааст. Ва ҳам инсон ва ҳам харсанг дар болои кӯҳ боқӣ мондаанд. Инсонҳои муосир ба ин тавоноӣ ва истиқлол расидаанд, ки харсангро ба қуллаи кӯҳ боло баранд ва онро бидуни пару бол ба фазои беканор партоб кунанд![12]
Яъне инсони имрӯз, дар баъзе кишварҳои олам, худро аз зиндони абадии Сизиф наҷот додааст...
  Дар моҳи апрели 1965 мақолае навиштам ба номи “Оё доктор Абдурраҳмони Бадавӣ ба сӯи бунбаст равона аст?” Баъди таъкиди бузургии мақоми илмӣ ва фалсафии доктор Бадавӣ, китоби ӯро бо номи “Нақши арабҳо дар ташаккули фикри Урупо” мавриди таҳлил қарор дода, гуфтам, ки дар воқеъ арабҳо мероси эллинистии юнониёнро барои тамаддуни башарӣ ҳифз намуданд... (Ҳамон ҷо, с.198).
  Моҳи марти соли 1967 Сартр ба Миср омад. Ба ин муносибат ман дар маҷаллаи “ал - Мусаввар” мақолае ба чоп расонида, нисбат ба фалсафаи Сартр эътироз намудам. Ба ин маъно ки фалсафаи вуҷудии Сартр, барои ҳолати имрӯзаи Миср таъсири манфӣ дорад... Махсусан, индивидуализми мутлақ ва ифротии фалсафаи вуҷудии Сартрӣ...ҷавобгӯи мушкилоти иҷтимоии кишвари Миср буда наметавонад.
  Ҳамин тавр фалсафаи вуҷудии ман ба фалсафаи иҷтимоӣ таҳаввул намуд ва таъкид кард, ки аз инсони фард коре сохта нест. Танҳо маҷмуъаи фардҳо ҳастанд, ки иқдомро анҷом медиҳанд ва ба ҳадафи муштараки иҷтимоӣ ноил мегарданд. Ҳоло намедонам, ки Сартр ба ин андешаи ман мувофиқ аст ё не, вале медонам, ки доктор Бадавӣ индивидулизми вуҷудиро дар кишвари мо то ҳол пайравӣ менамояд (Ҳамон ҷо, с.199).
  Дар мақолаи соли 1989 дар маҷаллаи “ал-Ҳилол” бо номи “Ин файласуфи муассис” бар ин нукта таъкид кардам, ки доктор Бадавӣ танҳо мутафаккир нест, балки файласуф аст. Дар ин мақола ду китоби ӯро мавриди баррасӣ қарор додам: “Масъалаи марг дар фалсафаи вуҷудӣ” ва “Замони вуҷудӣ”. Ба ин хулоса расидам, ки: доктор Бадавӣ дар ин ду китоб дар аксар ҳолатҳо аз мантиқи шаклӣ кор гирифтааст... Ба таври куллӣ эҷодиёти доктор Бадавӣ ба фаласафаи Урупоӣ ва ба таври хос ба фалсафаи исломӣ бахшида шудааст. Фалсафаи хоси вуҷудии ӯ бошад, самараи мутолиоти ӯ дар асоси фалсафаи идеалистии олмон буд. Махсусан, фалсафаи Мартин Ҳайдеггер. Ба назари ман чунин мерасад, ки пайравӣ аз Ҳайдеггер натиҷаи фаъолиятҳои сиёсии ӯ дар Миср набуд, балки робитае, ки ӯ бо ҳизби ҷавонони Миср дошт, ки аз соли 1937 то соли 1940 давом кард. Ин ҳизб пайрави фалсафаи идеалистӣ ва ирратсионалистии ҳизби Нозӣ (натсизм) буд. Дар мухолифат бо Англия, ки Мисрро ишғол намуда буд. Вақте ки доктор Бадавӣ соли 1944 дар Қоҳира рисолаи доктории худро дифоъ намуд, узви кумитаи олии ҳизби ватании ҷадид буд. Ин ҳизб омехтае буд аз ҳизби ҷавонони Миср ва ҳизби ватании қадим. Метавон гуфт, ки фалсафаи вуҷудии доктор Бадавӣ аз охирҳои солҳои сиюми асри ХХ аз фалсафаи идеалистии Олмон таъсир пазируфта, натиҷаи таҷрибаи фикрӣ ва сиёсии зиндаи ӯ буда, на аз таъсирҳои баъзе ҳодисоти ҷомеаи Мисрии он замон.
  Ҳамчунин бар ин нуқта таъкид намудам, ки шикасти фашизм ва натсизм дар соли 1945, барномаҳои баъзе аз ҳизбҳои Мисрро барҳам зад ва ҷумла проекти фалсафаи вуҷудии Бадавӣ низ боздошта шуд. Ин кор на ба сабаби коҳиш ёфтани иқтидори фалсафии доктор Бадавӣ буд, балки ба сабаби тағйироти авзои сиёсӣ ва иҷтимоии Мисри он рӯза буд.
  Ба ин хотир доктор Бадавӣ истеъдоди фалсафии худро ба корҳои таҳқиқ ва тарҷимаи осори фалсафии Урупоӣ ва исломӣ бахшид. Дар ин росто таъкиди ду нукта зарур аст:
  Якум: алоқа байни фалсафаи вуҷудии ӯ ва мероси фалсафии миллии ӯ.
  Дуюм: назари манфии ӯ дар нисбати фалсафаи исломӣ. Ӯ фалсафаи исломиро аз арзиши ҳақиқии фалсафӣ маҳрум медонист.[13] (с. 201)
  Дар моҳи ноябри соли 1995 дар маҷаллаи “Ибдоъ” [“Навгонӣ”] мақолае ба нашр расонидам бо номи: “Абдурраҳмони Бадавӣ... шахсияте ношинохта”. Ин мақола ҷавобе буд ба мақолаи доктор Мурод Ваҳба бо сарлавҳаи “Абдурраҳмони Бадавӣ аз нигоҳи ман”. Дар ин мақола савол пеш мегузорад, ки: “Чаро Бадавӣ ва Ҳайдеггер бинои фалсафии худро ба итмом нарасониданд?” Ва худ ба ин савол чунин ҷавоб медиҳад: “Ҳарду пешрави фалсафаи натсистӣ-фашистӣ буданд. Ҳангоме ки Ҳитлер худкушӣ кард, ҳарду аз такмил намудани бинои фалсафаи худ даст кашиданд”. Ин баҳоест, ки дар нисбати бисёре аз шахсиятҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои онрӯзаи Миср (охири солҳои сӣ то охири солҳои панҷоҳи асри ХХ) сидқ мекунад (Ҳамон ҷо, с. 201).
  Хулоса: 1- Доктор Абдурраҳмон Бадавӣ танҳо дар ибтидои фаъолияташ ба фалсафаи натсистӣ робита дошт. 2 – Ин робитаи сиёсӣ буд ва баъдҳо қатъ гардид. 3- Фалсафаи хоси доктор Бадавӣ дорои решаҳои Урупоӣ буд ва баъдҳо аз мероси арабӣ ва исломӣ дар он чизҳое афзуд. 4- Назари хоси ӯ дар ин мавзӯъ бештар дар ин чанд китоби ӯ зикр гардидааст: “Таърихи илҳод дар ислом”, “Инсонгароӣ дар андешаи вуҷудӣ ва дар фикри арабӣ”, муқаддимаи китоби “Ишороти илоҳӣ”-и Абуҳаёни Тавҳидӣ”; Бо як калима:
  Доктор Бадавӣ ҳеҷ гоҳе такмили фалсафаи вуҷудии худро қатъ накарда буд, чуноне ки доктор Мурод Ваҳба даъво намудааст. Балки, то охир пайрави вуҷудияи ғайриилҳодии  Мартин Ҳайдеггер боқӣ монд.

                                                                            Сарчашмаҳо:
                
  1. Таҳқиқотҳои арабӣ доир ба Абдурраҳмон Бадавӣ. Таълифи Аҳмад Абдулҳалим Атия. Қоҳира 2002.
  2. Мактаби фалсафӣ ва методологияи Абдурраҳмон Бадавӣ дар таҳқиқи мазҳабҳо. Шарҳ ва нақд. Таълифи Абдулқодир ибн Муҳаммад ал-Ғомидӣ. Китобхонаи ар-Рушд. Ар-Риёз. 1429ҳ=2008.
  3. Бадавӣ файласуфи экзистенсиалисте (вуҷудие) ки ба тарафи ислом гурехт. Таълифи доктор Саъид ал-Ловандӣ. Қоҳира, 2001.
  4. Дар боби таърихи илҳод дар ислом. Абдурраҳмон Бадавӣ. Нигоҳи муосир. 1398=2019 (Тарҷумаи форсӣ).
  5. Таърихи тасаввуфи исломӣ. Абдурраҳмон Бадавӣ. Нашри Афроз. 1389=2010 (Тарҷумаи форсӣ).
  6. Файласуфони ҷаҳони исломи Шарқу Ғарб. Абдурраҳмон Бадавӣ Нашри Фарогуфт. 1387=2008 (Тарҷумаи форсӣ).
 
Комил Бекзода
сарходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
 
 
[1] Таваллуд: 18 феврали 1922 дар шаҳри Қоҳира; Вафот: 10 январи 2009 дар шаҳри Қоҳира; Омӯзиш ва таҳсил: Университети Қоҳира; Ихтисос: Нависанда, файласуф ва рӯзноманигор; Ҳизб: Ҳизби коммунистии Миср; Фаъолият: Дар Университети Қоҳира, Унивеситети Париж-8.
[2] Махмуд Амин Аль-Алим. Идейние бои. Сокрашённый перевод с арабского, кандидат философских наук А.В. Сагадеева. Издательство «Прогресс».Москва, 1974.-272 стр.
[3] Абдурраҳмон Бадавӣ. Ситорае дар осмони фалсафа. (Маҷмӯаи мақолот). Чопи дувум. Қоҳира 2022. с.190. Маҳмуд Амин ал-Олим. Ҳисоботи “фалсафӣ”-и ман бо доктор Абдурраҳмон Бадавӣ. (саҳ. 185-204).
[4] Таваллуд: 17 феврали 1917 дар шаҳри Шарбоси вилояти Димёти Миср; Вафот: 25 июли соли 2002 дар шаҳри Қоҳира; Ихтисос: файласуф, нависанда, шоир ва мутарҷим; Корманд: Дар Университети Айну-ш-Шамси Миср; Мактаби фалсафӣ: Ҷараёни вуҷудӣ (экзистенсиализм).
[5] Абдурраҳмон Бадавӣ. Ситорае дар осмони фалсафа. (Маҷмӯаи мақолот). Чопи дувум. Қоҳира 2022. с.190. Маҳмуд Амин ал-Олим. Ҳисоботи “фалсафӣ”-и ман бо доктор Абдурраҳмон Бадавӣ. (саҳ. 191).
[6] Ҳамон ҷо, с.192.
[7] Абдурраҳмон Бадавӣ. Ситорае дар осмони фалсафа. (Маҷмӯаи мақолот). Чопи дувум. Қоҳира 2022. с.190. Маҳмуд Амин ал-Олим. Ҳисоботи “фалсафӣ”-и ман бо доктор Абдурраҳмони Бадавӣ. с. 193.
[8] Ҳамон ҷо саҳ. 194.
[9] Ҳамон ҷо саҳ. 195.
[10] Ҳамон ҷо саҳ. 195.
[11] Абдурраҳмон Бадавӣ. Ситорае дар осмони фалсафа. (Маҷмӯаи мақолот). Чопи дувум. Қоҳира 2022. с.190. Маҳмуд Амин ал-Олим. Ҳисоботи “фалсафӣ”-и ман бо доктор Абдурраҳмон Бадавӣ. с. 196.
[12] Ҳамон ҷо саҳ. 197.
 [13] Ҳамон ҷо саҳ. 201.
 

БОЗГАШТ