Бояд зикр намоем, ки канали Қӯштеппа бузургтарин канали обёрӣ дар шимоли Афғонистон мебошад. Ҳанӯз дар замони ҳукмронии Муҳаммад Довудхон (солҳои 70-и қарни бист) сохтмони ин канал ба нақша гирифта шуда буд ва бо сабабҳои воқеаҳои сиёсии минбаъда амалӣ шудани он ба таъхир афтод. Ва имрӯзҳо Ҳукумати ҳамсоякишвар бидуни ҳамоҳангсозӣ бо ҳамсоягон ба амалӣ намудани ин лоиҳаи бе муболиға тақдирсоз даст задаанд. Канали Қӯштеппа 150 метр арз, 8 метр умқ ва 285 километр тӯл хоҳад дошт ва мувофиқи пешгӯиҳои манбаъҳои хабарии мухталиф дар сурати анҷоми он ҳудуди аз 580 ҳазор гектар то як миллион гектар заминҳои вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб обёрӣ хоҳанд шуд. Канал қудрати гирифтани 650 метри мукааб оби Амударёро дар як сония ва 10 миллиард метри мукаабро дар як сол хоҳад дошт. Тибқи маълумотҳои расмӣ қимати лоиҳавии он 270 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз тарафи ШМА маблағгузорӣ мегардад.
Чанде пеш нашрияи Британии «The Economist» навишта буд, ки бо назардошти гармшавии сартосарӣ, тағйирёбии иқлим ва гароншавии қимати оби нӯшокӣ дар Осиёи Марказӣ, кандани канали обгирӣ дар дарёи фаромарзии Амударё нигаронии амиқи Тошканду Ашқободро барангехта ва оғози муноқишаи минтақавӣ аз сабаби буҳрони рӯзафзуни норасоии об аз эҳтимол дур нест. Пешгӯйии ин нашрияи бонуфуз аз воқеият дур нест, чунки тибқи маълумотҳои мавҷуда канали Қӯштеппа 15% ҳаҷми умумии оби Амударёро хоҳад гирифт, дар ҳоле ки Ӯзбекистон 75% ва Туркманистон 65% эҳтиёҷоти обии худро аз ҳисоби Амударё қонеъ менамоянд. Возеҳ аст, ки ин масъала барои ҳар ду кишвари поёноб масъалаи ниҳоят ҷиддӣ ва ҳаётӣ мебошад ва дар сурати пурра амалӣ шудани ин барнома барои онҳо ба хатари амниятӣ мубаддал мегардад.
Лоиҳаи мазкур ба ғайр аз таъсирҳои манфии иқтисодӣ ба кишварҳои поёноб метавонад боиси афзоиши ташаннуҷ дар муносибатҳои байни ин кишварҳо гардад. Гарчанде ки ҳукумати кунунии ҳамсоякишвар изҳор медоранд, ки бо кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон муносибатҳои хеле ҳам ҳасана доранд ва сохтмони ин канал ба робитаи тарафайн халале ворид нахоҳад кард.
Тавре ки маълум аст захираҳои обӣ метавонанд ҳам сабаби низоъ ва ҳам заминаи ҳамкорӣ бошанд. Ҳамкории муштарак дар соҳаи мудирияти захираҳои обии фаромарзӣ метавонад ба эҷоди заминаи мустаҳкам барои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳои минтақа мусоидат намояд. Муҳокимаи муштараки масъалаҳои марбут ба истифодаи об метавонад эҳтимоли низоъҳоро коҳиш дода, ба таҳкими эътимод ва ҳамсоягии нек мусоидат кунад. Бо дарки амиқи ин хатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба об дар шаҳри Душанбе (2018) иброз дошта буданд: “Мо обро на ҳамчун манбаи баҳс, балки ҳамчун омили ҳамкорӣ ва дӯстӣ истифода барем”.
Осиёи Марказӣ таҷрибаи нодири ҳалли масъалаҳои марзӣ ва обиро дорад, ки саммити Хуҷанд далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Тавре ки ҳамагон шоҳид будем, 31-уми марти соли равон сарони се кишвари Осиёи Марказӣ Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд Шартномаи миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ба имзо расонданд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дорад ва барои мардуми сайёра намунаи ибрат ва пайравӣ мебошад.
Бо назардошти воқеияти имрӯза асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳо дар самти истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ бо иштироки Афғонистон, таҳияи созишномаҳои нави ҳуқуқӣ, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои ҳавзаи мазкури обро ба назар мегиранд, зарур аст. Ин созишномаҳо бояд ба принсипҳои асосии ҳуқуқи оби байналмиллалӣ, аз ҷумла принсипи истифодаи одилона ва оқилона, ӯҳдадориҳои хабардоркунӣ дар бораи нақшаҳои истифодабарии об, ӯҳдадории пешгирии расонидани зарари назаррас ба дигар давлатҳои ҳавза ва ӯҳдадории ҳамкории ҳаматарафа асос ёбанд. Музокироти фарогир бо иштироки ҳамаи кишварҳои ҳавзаи обии Амударё ва дигар дарёҳои муштарак бояд заминаи асосии таҳияи ин созишномаҳо гардад. Дар ҷараёни музокирот бояд тамоми эҳтиёҷоти кишварҳо ба об, аз ҷумла барои обёрӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, таъминоти оби нӯшокӣ ва ҳифзи муҳити зист ба инобат гирифта шавад. Дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об бо иштироки Афғонистон аз омодагии ҳамаи тарафҳо ба музокироти конструктивӣ, эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои якдигар ва таҳияи созишномаҳои нави ҳуқуқӣ вобаста аст. Нақши ташкилотҳои байналмилалӣ дар мусоидат ба ин раванд ва таҳкими ҳамкориҳои техникию экологӣ муҳим мебошад.
Ҳамчунин, воридшавии Афғонистон ба тақсимоти захираҳои обии Осиёи Марказӣ метавонад ба суботу рушди минтақа таъсири назаррас дошта бошад. Бо дарки мутақобилаи манфиатҳо, омодагӣ ба ҳамкорӣ ва эҷоди механизмҳои муассири идоракунии об, ки манфиатҳои ҳамаи тарафҳоро ба назар мегиранд, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ин чолиши навро ба як имконияти беҳтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини ояндаи устувори захираҳои обии худ истифода намуда, аз ҳамкорӣ бо Афғонистон дар соҳаи об манфиатҳои назаррас дошта бошанд.
Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар заминаи ҳамкориҳои обӣ метавонад ба афзоиши савдо ва сармоягузорӣ дар минтақа мусоидат намуда, ба рушди иқтисодии ҳамагонӣ такон бахшад. Об метавонад ҳамчун як омили муҳимми ҳамбастагии минтақавӣ хизмат кунад. Ҳамкории муштарак дар ҳалли мушкилоти мубрами марбут ба об метавонад эҳсоси масъулияти муштарак ва манфиатҳои умумиро дар байни кишварҳои минтақа тақвият бахшида, ба таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.