АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

АФҒОНИСТОН: ҲЕҶ ҲУКУМАТЕ БЕ ИШТИРОКИ ТОҶИКОН ПОЙДОР НАМЕМОНАД

Муаллиф: Искандаров Қосимшо

Расм

Дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонӣ, муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва расму суннатҳои ягона дорад, қариб чор даҳа ҷанг идома дорад. Ин вазъият наметавонад боиси нигароии мо тоҷикистониён нашавад. Сабабҳои тӯлонӣ шудани ҷанг гуногунанд: ихтилофҳои сиёсӣ, идеологӣ, мазҳабӣ, қавмӣ, забонию самтӣ, аз як тараф ва мудохилаи кишварҳои минтақавӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарафи дигар. Таҷрибаи чанд соли ҷанг нишон медиҳад, ки дар баробари дигар омилҳо ихтилофоти қавмӣ дар солҳои ахир хеле тезутунд шудааст. Сабаби шиддат гирифтани ихтилофоти қавмӣ қабл аз ҳама дар он аст, ки қавмҳои сокини ин кишвар фикр мекунанд, ки ҳақу ҳуқуқи онҳо дар қудрати сиёсӣ таъмин нашудаст. Ҳатто намояндагони қавми паштун ҳам, ки қудрати сиёсиро дар даст доранд аз мавқеи худ дар қудрат розӣ нестанд.

Олимони мардумшинос, ки нақшаи қавмии Афғонистонро таҳия намудаанд ба мавҷудияти 55-57 гурӯҳи этникӣ таъкид мекунанд, ки бо 33 забон гуфтугӯ менамоянд. Ба ин далел аст, ки Афғонистонро баъзе мутахассисон музеи қавмҳо, забонҳо, мазҳабҳо, расму суннатҳои гуногун меноманд.

Аз миёни ин ҳама қавмҳо тоҷикон ва паштунҳо сернуфустарин қавмҳо дар ин кишвар мебошанд. Дар Афғонистон ҳеҷ гоҳ саршумории пурраи нуфус (барӯйхатгирии аҳолӣ) гузаронида нашудааст ва таносуби дақиқи байни қавмҳо маълум нест. Бо вуҷуди ин, дар маълумотномаҳои ба нашррасида паштунҳо аксарияти аҳолӣ пиндошта мешаванд ва ин назарияи «аксарияти қавмӣ», қавми “давлатсоз” то имрӯз дар байни нухбагони паштун устувор аст ва бар пояи ҳамин назария паштунҳо роҳбарии давлатро дар Афғонистон ҳаққи инкорнопазири паштунҳо медонанд. Аммо воқеият ин аст, ки мувофиқи маълумотҳои мавҷуд имрӯз ҳеҷ қавме аксарияти аҳолии мамлакат, яъне беш аз нисфи онро ташкил намекунад ва Афғонистонро коршиносон кишвари ақаллиятҳои қавмӣ меноманд.

Ҷомеаи паштунҳо асосан бо расму суннатҳои қабилавии худ зиндагонӣ менамоянд. Маҷмуаи қонун ва анъанаҳои қабилавӣ дарбаргирандаи идеология, ҳуқуқи анъанавӣ ва қонун барои пуштунҳост ва онҳо ҳатто аҳкоми исломро то ҳадде қабул мекунанд, ки ба қонунҳои қабилавӣ муқобил набошанд.

Олимон ташаккули паштунҳоро ба сифати ҳалқи ягона ба асрҳои XI-XII мансуб дониста, ватани аслии онҳоро доманакӯҳҳои Сулаймон дар марзҳои шарқии имрӯзаи Афғонистону Покистон медонанд. Паҳншавии онҳо ба минтақаи Афғонистони имрӯза ва ё Хуросони дирӯза ба асрҳои XV-XVI рост меояд. Сайёҳон ва дипломатҳои аврупоӣ ба мисли М.Элфинстон ва А.Бёрнс менависанд, ки ҳатто дар аввали асри XIX тоҷикон аксарияти аҳолии шаҳрҳои шарқ ва ҷануби Афғонистонро ташкил медоданд.

Соли 1747 дар шаҳри Қандаҳор давлате асос гузошта шуд, ки дар сарчашмаҳо бо номи Давлати дуррониҳо ва ё Хуросон маълум буд ва баъдан номи Афғонистонро гирифт. Аввалин подшоҳи кишвар Аҳмадшоҳи Абдолӣ фармондеҳи дастаи сарбозони афғонии Нодиршоҳ буд.

Ташакули давлати муттамарказ, ки имрӯз бо номи Афғонистон ёд мешавад беш аз 150 сол давом карда, дар охири қарни XIX, дар давраи аморати Абдураҳмонхон (1880-1901) ба охир расид. Дар ин давра минтақаҳои васеи марказ, шимол, шимолу ғарб ва шимоли шарқи Афғонистон, ки сокинони он ҳама ғайрипаштун буданд, забт ва ба давлати Дуррониҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо забти ин минтақаҳо амирони Афғонистон кӯшиш намуданд аҳолии паштунро аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир намуда, бо ин роҳ ҳузури онҳоро дар ин ҷойҳо таъмин ва таносуби қавмиро ба манфиати афғонҳо тағйир диҳанд.

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар ҳудуди 100 ҳазор хонаводаи паштун аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир карда шуданд. Бо ин роҳ амирон мехостанд дар шимол такягоҳи иҷтимоӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле буд, ки ба қавли муаррихин дар ин минтақаҳо заминҳои бесоҳиб набуданд ва ноқилин заминҳои мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикону ӯзбекҳоро тасарруф менамуданд.

Дар идомаи сиёсати ташкили давлати муттамарказ ва бо мақсади пурра муайян намудани сарҳадҳои давлатии Афғонистон амир Абдурраҳмонхон 12 ноябри соли 1893 созишномаро дар бораи муайян намудани сарҳади байни Афғонистон ва Ҳинди Бритониёӣ бо котиби корҳои хориҷии Ҳинди Бритониёӣ Мортимер Дюранд имзо намуд, ки бо номи “хати Дюранд” маълум аст. Дар натиҷаи имзои ин созишнома, амалан тамоми минтақаҳои пайдоиши паштунҳо (Читрол, Дир, Сват, Боҷаур, Вазиристон ва ғайра) расман ба империяи Британияи Кабир ҳамроҳ карда шуданд. Гарчанде аксари муаррихони афғон ва шӯравии вақт бар ин ақида мебошанд, ки ин созишнома ба амир Абдурахмонхон зери таҳдиди ҷанг ва муҳосираи иқтисодӣ таҳмил гардид, аммо ба фикри дигар муҳаққиқин амир барои муайян намудани марзи байни Ҳиндустони Бритониёӣ ва мулкҳои Афғонистон манфиатдор буд, то ба қавли худаш, “душманӣ миёни ду кишвар ба дӯстӣ мубаддал шавад”. Имрӯз ин масъала ба яке аз масъалаҳои доғ дар ҷомеи Афғонистон ва дар муносибати ин кишвар бо Покистон табдил шудааст. Ахиран зимни баррасиҳо дар Сенати ИМА масъалаи “хати Дюранд” яке аз заминаҳои густариши ноамниҳо дар Афғонистон номида шуд ва намояндагони амрикоӣ аз давлати Афғонистон хостанд, ки ин хатро ба унвони сарҳади расмӣ эътироф намояд. Як узви Сенат ҳатто пешниҳод кардааст, ки кишвараш бояд ба шарте Афғонистонро кӯмак намояд, ки хатти марзии Дюрандро ба расмият бишиносад.

Дар давраи подшоҳии Амонуллохон (1919-1929) ба муҳоҷиркунонии аҳолии паштун ба шимол аз сар гирифта шуд. Ӯ “Низомномаи ноқилин”-ро қабул кард, мувофиқи он ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимол уҳдадор шуданд ҳазорон нафар аз ноқилинро пазируфта, онҳоро бо заминҳои обӣ таъмин намоянд. Давлат ба ноқилин имтиёзҳои дигари зиёдро пешбинӣ намуд, аз ҷумла барои 12 сол аз пардохти андоз озод карда шуданд. Аз ҳамон давра дар минтақаи васеи шимол, аз Ҳирот то Бадахшон минтақаҳои паштуннишин, ба истилоҳ “анклавҳо” ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз, мутаассифона ин “анклавҳои” паштуннишин хоса дар вилоятҳои шимолӣ: Форёб, Сари пул, Ҷузҷон, Бағлон ва Қундуз ба пойгоҳҳои аслии толибон ва террористон мубаддал шудаанд.

Дар баробари ин, Амонуллохон соли 1923 барои авалин бор дар Афғонистон Низомномаи асосии давлати олии Афғонистонро таҳия ва қабул кард, ки мувофиқи он ҳамаи халқҳо сарфи назар аз қавм, нажод, дину мазҳаб дар назди қонун баробар ва озод эълон шуданд, ғуломдорӣ бекор карда шуд, бартарии маликҳо ва хонҳои афғониро, ки нафақахӯри хазинаи подшоҳӣ буданд, бекор намуд.

Бешубҳа ислоҳоти Амонуллохон дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тараққиёти қапиталистии Афғонистон иқдоми муҳим буданд. Аммо мушкили ин ислоҳот дар он буд, ки он аз ҳаду имконияти он вақтаи Афғонистон берун буд. Ҳукумат маҷбур шуд то ҳаҷми молиётро се баробар зиёд кунад, андозҳои пулӣ ҷорӣ кунад, ки деҳқононро хонахароб кард. Ислоҳот ба имтиёз ва таъсири рӯҳониён зарбаи сахт зад, онҳоро аз даромади заминҳои вақф ва ҷамъоварии андоз маҳрум кард. Ин вазъият мавҷи норозигиҳо ва қиёмҳои мардумиро барангехт ва соли 1923 қабилаҳои мангал шӯриш бардоштанд, ба онҳо қабилаҳои аҳмадзой, сулаймонхел ва дигар қабилаҳо ҳамроҳ шуданд. Тирамоҳи соли 1928 қиёми деҳқонон дар Шинвор ва Кӯҳистон сар зад. Ба қиёми деҳқонони Кӯҳистон Ҳабибуллоҳи Калаконӣ раҳбарӣ мекард. Бинобар наздики Кӯҳистон ба пойтахт Ҳабибулло бо як ҳамлаи васеъ 14 январи соли 1929 Кобулро ба тасарруфи худ даровард ва Подшоҳи Афғонистон эълон шуд.

Аввалин бор дар таърихи беш аз 180 солаи давлати Афғонистон тоҷик зимоми қудратро ба даст гирифт. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин шӯриш ҳеҷ омили қавмӣ надошт, ва тоҷикони дастаҳои Ҳабибулло бо кӯмаки қабилаҳои паштун тавонистанд Амонуллохонро сарнагун намоянд. Аммо баъзе аз раҳбарони паштун, ба хусус Муҳаммад Нодирхон паштунҳоро бо таблиғоти васеи зиддитоҷикӣ, ки гӯё саркардаи онҳо як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш ва ҳукуматашро Сақавӣ номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили Ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намуданд. Ниҳоят баъд аз 9 моҳ бо ёрии, ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хати Дюранд» ҳукумати Ҳабибуллоҳро сарнагун ва минтақаҳои тоҷикнишини шимоли Кобул ғорат ва мардуми он қатли ом шуданд. Бо мақсади пешгирии ҳуҷуми дубораи Ҳабибулло Нодирхон савганд ёд кард, ки агар ба муқоввимат хотима диҳад ӯ ва ёронаш мавриди авф қарор мегиранд.

Нодирхон савганди худро дар ҳошияи Қуръон навишта, ба Ҳабибулло фиристод. Ҳабибулло ба савганди Нодирхон бовар кард ва бо ҳамсафони наздикаш ба Кобул омад. Аммо Нодирхон ба савгандаш вафо накард, онҳо ҳамагӣ ба зиндон андохта шуда, рӯзи дигар тирборон шуданд.

Таҷрибаи сарнагун намудани амирон, куштору кӯркуниҳо дар дохили хонаводаи салтанатӣ зиёд будааст ва ба ин чандон аҳаммият намедиҳанд. Аммо дар ин ҷо тафовут дар ин аст, ки подшоҳи Афғонистон аз тарафи тоҷик сарнагун шудааст ва тахти подшоҳиро тоҷик тасаруф намуда буд. Ин ҳодиса таассуби қавмиро зиёд кард. Аз ҳамин давра буд, ки назарияҳои бунёди давлати якқавмӣ ва якзабонӣ пешниҳод шуданд. Соли 1936 фармони Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар бораи рушди забони пашту қабул шуд. Гарчанде дар фармони подшоҳ дар бораи маҳдуд кардани забони форсии кобулӣ (он вақт ҳамин тавр ёд мешуд) сухан намерафт, аммо кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд, ки забони форсӣ-тоҷикӣ аз доираи ҳуҷҷатгузорӣ, дафтардорӣ ва маориф берун карда шавад. Аммо маълум шуд, ки ин кор номумкин аст ва соли 1964 дар Қонуни асосии кишвар ду забон - забони пашту ва дарӣ забони расмии давлатӣ эътироф гардиданд. Баъд аз ин ҳам забони дарӣ (тоҷикӣ) ҳамчун забони асосӣ, забони илм, матбуот, дафтардорӣ, забони муоширати байни қавмҳо боқӣ монд.

Тоҷикони Афғонистон қадимтарин мардуми бумии ин минтақа мебошанд ва ягона миллате ҳастанд, ки сохтори қабилавӣ надоранд. Онҳо назарияи “аксарияти қавмӣ”-ро намепазиранд ва аз пешинаи таърихӣ ва тамаддуни борвару ғановати фарҳангии тоҷикон сухан мегӯянд. Онҳо бовар доранд, ки маҳз тоҷикон бояд аз имтиёзот бархурдор бошанд. Зеро кишваре, ки имрӯз бо номи Афғонистон ёд мешавад, қисмати муҳими Хуросони таърихист. Тоҷикон, эҷодгарони аслии тамаддуни дурахшони минтақа, низоми пешрафтаи кишоварзӣ, молдорӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ, низоми давлатдорӣ, асосгузорони улуми гуногун ва фарҳанги беназир мебошанд.

Аммо мушкили тоҷикони Афғонистон, ба мисли тоҷикони Осиёи Миёна ин аст, ки баъд аз фурӯпошии давлати Сомониён ба истиснои зуҳури кӯтоҳмуддати давлатҳои тоҷикӣ, монанди “Давлати Ғурриҳо” ва “Давлати куртҳои Ҳирот”дар асрҳои XIII-XIV, дар тӯли 1100 сол онҳо аз роҳбарии низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳошия ронда шуда, аз қудрати давлатӣ ва сиёсӣ маҳрум буданд. Аммо, онҳо дар шароити ниҳоят мушкили зиндагӣ бо рехтани хуни худ чароғи забону фарҳанг ва ҳувияти худро фурӯзон нигоҳ доштанд. Гузашта аз он, таърихи чанд даҳаи Афғонистон нишон дод, ки тоҷикон на танҳо дар рушди фарҳангу забон, илм, эҷоди ашъори баланд, дабирию мирзоӣ Афғонистонро ба дунё маррифӣ намудаанд, балки бо намоиши нубуғи сиёсӣ ва низомии худ озодӣ ва истиқлолияти кишварро ҳифз карданд.

Таърихи Афғонистон шоҳиди фидокорӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон дар муборизаи муштараки ақвоми сокини кишвар барои озодӣ ва истиқлолият мебошад. Дар ҷангҳои байни Англия ва Афғонистон минтақаҳои тоҷикнишини ин мамлакат марказҳои асосии муқовимати зиддианглисӣ гардида буданд. Соли 1880 амири ояндаи Афғонистон Абдурраҳмонхон аз Самарқанд бо роҳи Ҳисору Кӯлоб аз дарёи Панҷ гузашта, вориди Бадахшони Афғонистон гардид. Ҳазорон нафар мардуми ин минтақа барои ҷиҳод ба муқобили «душманони дин»-англисҳо дар атрофи ӯ ҷамъ шуданд. Гузашта аз ин, ин мардум тамоми хароҷоти артишро ба уҳда гирифтанд. Бояд гуфт, ки то ба Чорикор расидани артиши Абдураҳмон дар сафҳои он беш аз 100 ҳазор довталаб шомил гардид, ки аксари кулли онҳо тоҷикон буданд.

20 июли 1880 дар шаҳри Чорикор, ки мардумаш саросар тоҷик буданд ва ҳастанд, сардор Абдураҳмонхон подшоҳи Афғонистон эълон шуд ва ин мардум омода буданд, ки то охир бо таҷовузгарони англис мубориза кунанд. Аммо Абдураҳмонхон бо англисҳо вориди музокира шуд ва шартҳои сулҳи онҳоро қабул кард, ки мувофиқи он сиёсати хориҷии давлат ба ихтиёри англисҳо гузашт.

Тоҷикон дар ҷанги сеюми Англия ва Афғонистон низ корнамоиҳои зиёд нишон дода, дар дастёбӣ ба Истиқлолияти сиёсии мамлакат саҳми бузург гузоштаанд. Яке аз муборизони роҳи озодӣ ва истиқлоляти Афғонистон в ҳамсафи наздики шоҳ Амонулло Муҳаммад Валихони Дарвозӣ буд.

Ӯ дар вазифаҳои вазири дифоъ, сафири сайёр ва вазири хориҷаи Афғонистон кор карда, дар муаррифии истиқлолияти Афғонистон дар сатҳи ҷаҳонӣ хидматҳои пурарзиш намудааст. Генерал Муҳаммад Валихони Дарвозӣ ду бор бо В.И.Ленин дар Кремл мулоқот намудааст ва авалин шартномаи дӯстии Русияи Шӯравӣ бо Афғонистонро дар 28 феврали соли 1921 имзо намуда буд. Русия аввалин давлати хориҷӣ буд, ки истиқлолияти Афғонистонро ба расмият шинохт ва В.Ленин зимни мулоқот бо Муҳаммад Валихони Дарвозӣ дар бораи ӯ гуфта буд, ки «Афғонистон инчунин шахсиятҳои фаҳим ва кордон дорад, ки тавонистанд истиқлоли худро аз Британияи Кабир ҳосил намоянд».

Дар ҷараёни сафари хориҷии Амонуллохон аз моҳи декабри соли 1927 то моҳи июли соли 1928 ба як қатор кишварҳои Осиё ва Аврупо Муҳаммад Валихон вакили салтанат (иҷрокунандаи вазифаи шоҳ) буд, ки аз обрӯ эътибор ва эътимоди Амонуллохон нисбат ба Шоҳ Муҳаммад Валихон дарак медиҳад.

Нақши тоҷикон дар мубориза бо нерӯҳои низомии Шӯравӣ барои озодии кишвар дар солҳои 1979-1989 ба ҳамагон маълум аст. Аҳмадшоҳ Масъуд, Исмоилхон, Забеҳулло, Ато Муҳаммади Нур ва даҳҳо фармондеҳи дигари тоҷиктабор бо дастаҳои низомии зери итоати худ дар ҳифзи озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон бузургтарин саҳмро гузоштанд.

Аҳмадшоҳи Масъудро дӯсту душман бузургтарин стретеги ҷангӣ ва фармондеҳи шуҷоъ хонда, ӯро бо Абумуслими Хуросонӣ, Кутузов ва дигар лашкаркашони машҳури дунё қиёс мекунанд. Баъд аз ташкили давлат дар конфронси Бонн, Аҳмадшоҳи Масъуди тоҷик ягона фармондеҳе аст, ки ба ӯ унвони Қаҳрамони миллии Афғонистон дода шудааст ва Муҳаммад Қасим Фаҳим тоҷики дигаре аст, ки рутбаи маршалро дорад.

Тоҷикон дар даврони муқовимати солҳои 1996-2001 ҳастаи асосии мубориза бо толибон ва терроризми байналмилалиро ташкил мекарданд. Аҳмадшоҳ Масъуд дар зарфи 5 сол бо нерӯи пурқуввати “Толибон”, доваталабони хориҷӣ ва ҳатто қисмҳои муназзами артиши Покистон, террористони байналмилалӣ аз даҳҳо кишвари дунё ҷангид ва ниҳоят пирӯз шуд. Агар муқовиммати тоҷикон ба раҳбарии устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд намебуд, бидуни шак Афғонистон ба зери ҳукумати толибон ва гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мегузашт ва пайомадҳои он имрӯз ғайри қобили тасаввур мебуданд.

Имрӯз ҳам тоҷикон дар ҳама ҷабҳаҳои мубориза бо толибон дар Қувваҳои мусаллаҳ дар хатти муқаддам қарор доранд ва аз истиқлолияти Афғонистон дифоъ менамоянд. Тибқи оморҳо танҳо дар соли гузашта дар ҷабҳаҳои ҷанг алайҳи толибон ва гурӯҳҳои террористӣ як ҳазор сарбози бадахшонӣ дар саросари Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд, ки куллан тоҷик мебошанд. Тибқи оморҳо танҳо аз Бадахшон дар ҳудуди 24 ҳазор сарбози тоҷиктабор дар артиш ва мақомоти амниятӣ хизмат мекунад ва дар чанд соли охир дар ҳудуди 8 ҳазор бадахшонӣ дар ҷангҳои зидди толибон кушта шудаанд.

Бо вуҷуди ин, баҳси «аксарият» ва «ақаллият» ва ҳаққи имтиёзии паштунҳо дар қудрати сиёсӣ давом дорад. Аммо қавмҳои дигари сокини кишвар ҳам акнун барои худ ифтихорот ва ривоятҳои тасбиткунандаи ҳувият месозанд. Дар бораи шумораи қавми худ рақамҳои баланд пешниҳод менамоянд. Масалан баъзе нависандагони қавми ҳазора иддао доранд, ки ҳазораҳо 30% аҳолии Афғонистонро ташкил мекунанд. Гузашта аз он, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-этникӣ хеле фаъол шудаанд.

Ҷиҳоди мардуми Афғонистон дар солҳои 1978-1992 ва солҳои муқовимат (1996-2001) барои аввалин бор ва ба таври куллӣ дар таърихи ин кишвар муносибатҳои қавмиро тағйир дод. Тамоми қавмҳои Афғонистон ба таври баробар имконият пайдо намуданд, ки мусаллаҳ шуда, бо таҷовузгарон мубориза намоянд. Ин воқеият зарфиятҳои онҳоро барои дифоъ аз ҳуқуқҳояшон боло бурдааст.

Шӯрои ҷиҳодии танзимҳои Афғонистон дар Равалпиндии Покистон дар апрели соли 1992 қарор намуд, то баъд аз ҳукмронии думоҳаи Сибғатулло Муҷаддадӣ зимоми ҳукумати интиқолиро дар Афғонистон раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббанӣ ба уҳда бигирад. Ин нишонаи пуштибонии васеи тамоми қавмҳои Афғонистон аз профессор Б.Раббонӣ, эътирофи қудрати сиёсӣ ва низомии тоҷикон ва саҳми онҳо дар муборизаи озодихоҳонаи мардуми Афғонистон буд. Ба қавли худи устод Бурҳониддин Раббонӣ ӯ ва ҳизби Ҷамъияти исломӣ аз ҳама бештар нуфуз ва обрӯ дар миёни паштунҳои Қандаҳор доштанд. Устод Раббонӣ дар ҳошияи яке аз конфронсҳо гуфт, ки ришсафедони қабилаҳои қандаҳорӣ дар ҷараёни шиддат гирифтани ҷангҳо назди ӯ омада, изҳор доштанд, ки ҳеҷ мухолифате бо раҳбарии тоҷик дар Афғонистон надоранд ва илова намуданд, ки пешвои мазҳаби онҳо - Имоми Аъзам, тоҷик буд.

Бо вуҷуди ин баъзе доираҳои сиёсӣ ба сари қудрат омадани профессор Бурҳониддин Раббониро қабул надоштанд ва барои сарнагунии ӯ ҷангҳои хунинро ба роҳ андохтанд. Нокомӣ дар сарнагунии давлати Б.Раббонӣ боиси зуҳури ҷунбиши «Толибон» гардид, ки дар соли 1996 ҳукумати Б.Раббониро маҷбур сохт, то аз Кобул ақибнишинӣ намояд. Ҷунбиши “Толибон” зоҳиран як гурӯҳи радикалии исломӣ аст, аммо дар айни замон аз таассуби қавмӣ низ холӣ нест. Аз ин рӯ, баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ, аз либерал-демократҳо то коммунисту сотсиал-демократҳо бо умеди барқарории қудрати сиёсии паштунҳо аз ин гурӯҳ пуштибонӣ намуда, баъзеҳо дар сафи онҳо вориди ҷанг шуданд, дигарон дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба манфиати толибон лобигарӣ мекарданд.

Намояндагони ин гурӯҳҳо устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъудро «Сақавии дувум» хонданд (Сақавии аввал Ҳабибулоҳи Калакониро меномиданд) ва дар китобе, ки бо номи «Сақавии дувум» дар соли 1998 ба нашр расид, ба таври возеҳ нақшаи дар инзиво қарор додани тоҷикон, кӯч додани онҳо аз минтақаҳои истиқомати доимӣ, махсусан аз сарҳадҳои шимол ва атрофи Кобул ба минтақаҳои дигарро таҳия намуданд.

Бо вуҷуди ин, ҷанги толибон бо давлати устод Б.Раббонӣ нишон дод, ки замони ташкили давлати якқавмӣ гузаштааст. Ҳеҷ қавме дигар қодир ба таҳмили ҳукумати якқавмии худ ба дигарон нест. Бинобар ин дар Ҷабҳаи муттаҳид ва ё ба истилоҳ “Иттиҳоди шимол” бар зидди толибон дар соли 1997 гурӯҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ-низомии вобаста тамоми гурӯҳҳои этникӣ, аз ҷумла паштунҳо муттаҳид шуданд.

Аммо баъд аз сарнагунии “Толибон”, дар конфронси Бонн, дар ҳоле ки масъалаи тақсими қудрат байни гурӯҳҳои этникӣ сурат гирифт, вале боз ҳам масъалаи асосӣ масъалаи ба паштунҳо баргардонидани раҳбарии сиёсии давлат буд. Дар шароити набуди Аҳмадшоҳ Масъуд ва дар инзиво қарор гирифтани Б.Раббонӣ, раҳбарони тоҷик Муҳаммад Қасими Фаҳим, Юнус Қонунӣ, доктор Абдулло ва дигарон аз раҳбарии сиёсии давлат ба ивази гирифтани мақомҳои муҳим дар ҳукумат даст кашиданд. Ин дар ҳоле буд, ки Афғонистон амалан дар ихтиёри нерӯҳои вобаста ба давлати устод Раббонӣ қарор дошт.

Баъд аз конфронс Бонн нухбагони сиёсии паштун барномаи тадриҷан маҳдуд кардани мавқеи намояндагони ақвоми дигарро зери шиори мубориза бо “ҷангсолорон”рӯи даст гирифтанд. Дар ҷараёни таҳия ва қабули Қонуни асосии Афғонистон тавонистанд муқарраротеро дохил намоянд, ки манфиати онҳоро дар дарозмуддат ҳифз мекунад. Аз ҷумла, новобаста ба мухолифати гурӯҳҳои ғайрипаштун, низоми сиёсии Афғонистон низомӣ раёсатӣ эътироф гардид, суруди миллӣ танҳо ба забони пашту қабул шуд, истифодаи истилоҳоти расмӣ танҳо ба забони пашту ҳифз шуд; барои кӯчиён, ки ҳама паштунанд 10 ҷой дар Шӯрои намояндагон (палатаи поёнии парламент) ҷудо карда шуд ва ғайра.

Баъд аз интихоботи президентии соли 2014 ихтилофҳои қавмӣ шиддати бештареро касб намудаанд. Ба ин ҷанҷолҳои интихоботӣ ва тақаллуби густурдаи натиҷаи интихобот таъсир гузошт, ки ин маъракаи муҳими сиёсиро то ҷое ранги қавмӣ бахшид. Умуман ҳаракатҳои демократӣ, озодии баён ва расонаҳои озод ба раванди интихобот таъсири зиёд гузоштанд ва мардум тақаллуб ва қонуншиканиҳоро дар ҷараёни интихобот дигар таҳаммул накард. Барои аввалин бор буд, ки натиҷаи интихоботи президентии соли 2014 эътироф нагардид ва ниҳоят бо миёнаравии котиби давлатии ИМА Ҷ. Керрӣ Ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шуд.

Бешубҳа, ихтилофҳои қавмӣ ва сиёсати бартариҷӯии қавмии баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дар муборизаи давлат бо мухолифини мусаллаҳ- толибон таъсири амиқ мегузорад. Имрӯз ҳатто як таърифи умумӣ аз толиб вуҷуд надорад. Агар гурӯҳҳои сиёсии қавмҳои ғайрипаштун, толибонро террорист донанд, собиқ президенти он кишвар Ҳомид Карзай онҳоро бародар ва президенти имрӯза Ашраф Ғанӣ - мухолифони сиёсӣ мехонанд. Ҳамин омил сабаб шудааст, ки рӯз то рӯз нуфузи толибон афзоиш меёбад.

Дар ташдиди ихтилофҳои қавмӣ дар Афғонистон нақши бозигарони геополитикии сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ низ кам нест. Ин кишварҳо аз гурӯҳҳои хоси қавмӣ дар Афғонистон пуштибонӣ менамоянд, аз онҳо барои амалӣ шудани манфиатҳои геополитикии худ истифода мебаранд, ки бешубҳа мудохила дар умури давлати мустақил аст. Амрико ва муттаҳиддинаш, Русия ва Чин, Покистон бештар аз паштунҳо ҳимоят мекунанд ва ба ин назаранд, ки дар ихтиёри паштунҳо қарор доштани қудрат омили суботи сиёсии Афғонистон аст. Гарчанде таҷриба собит кардааст, ки чунин набуда ва нест. Кишварҳои туркзабон, ба шумули Ӯзбекистон ва Туркия гоҳе пинҳонӣ ва гоҳе ҳам ба таври ошкоро аз турктаборони Афғонистон пуштибонӣ менамоянд. Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба ин масъала диди мазҳабӣ дорад ва аз ҳазораҳои шиамазҳаб ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд, на аз форсизабонон ва тоҷикони Афғонистон. Дар ин миён тоҷикони Афғонистон аз ҳимояти кишварҳои беруна маҳруманд.

Дар ин росто сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамеша ошкор, устувор ва якранг буда, муносибатҳои худро аз тариқи ҳукумати марказии эътирофшуда амалӣ менамояд ва ҷонибдори Афғонистони озод, босубот ва якпорча аст, ки ҳуқуқи тамоми қавмҳои сокини он риоя шавад. Намояндагони сатҳи олии Ҳукумати Афғонистон эътироф менамоянд Тоҷикистон ҳамсояи истисноиест, ки дар муносибатҳояш бо Афғонистон ҳеҷ ғаразе надорад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар вилоятҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон ва дар маҷмуъ дар шимол садҳо мадрасаҳои динӣ ташкил шудааст ва сохтани ин гуна таълимгоҳҳои тарбияти террористҳои оянда идома дорад. Дар оянда шимолу шарқи Афғонистон метавонад ба Вазиристони дувум ва ба манбаи таҳдиду хатар, на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки бештар барои Россия ва Чин шавад. Дар ин шароит шиддат гирифтани ихтилофҳои қавмӣ, аз ҷумла кӯшиши ба ҳошияи қудрат рондани тоҷикон давлатро ба ҳоли завол ва Афғонистонро ба хатари фурупошӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Бидуни ҳузури фаъоли тоҷикони Афғонистон ҳеҷ ҳукумате дар ин кишвар пойдор намемонад, ҳеҷ мушкили таърихии ин кишвар бе иштироки онҳо ҳал нашудааст. Тоҷикон дар меҳвари тамоми таҳаввулоти ин сарзамин қарор доштаанд. Ҳодисаҳои чанд даҳаи охир нишон медиҳад, ки тоҷикон дорои таҷрибаи сиёсӣ, низомӣ ва ҳукуматдорӣ мебошанд. Дар солҳои охир тағйироти куллие дар рӯҳияи онҳо ба вуҷуд омадаааст ва бовар доранд, ки дар ватани аслии худ онҳо на танҳо миллати тамадунофарин, балки миллати давлатсоз мебошанд.

Дар ин вазъият пуштибонии якҷонибаи кишварҳо аз ин ё он гурӯҳ, баръакс ба ташдиди ихтилофҳои қавмӣ мусоидат мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки доман задани ихтилофҳои қавмӣ ба манфиати ҳеҷ қавме нест. Барои бақои давлат ва миллат, хатми ҷанги 40 сола бояд баробарҳуқуқии воқеии қавмҳо таъмин шавад, ба ҳама қавмҳо имконияти ширкати баробар дар идораи давлат муҳайё гардад, намояндагони тамоми қавмҳо бояд дар мавриди интихоби низоми сиёсии муносиби оянда гуфтугӯ намоянд, ки он ифодакунандаи манфиатҳои ҳама қавмҳо бошад. Гузариш аз давлати қавмӣ ба давлати миллӣ аз тариқи ҳамкориҳои васеъи сиёсӣ, фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ ва қабули қонунҳои одилона имконпазир аст.

 

Қосимшо Искандаров,

д.и.т., сарходими илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

 

БОЗГАШТ