АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Афғонистон ё дардҳову дардҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз аз лаҳзаву соатҳои аз қаламрави Афғонистон хориҷ шудани қувваҳои маҳдуди низомии Шӯравӣ 32 сол сипарӣ мегардад. Чӣ тавре маълум аст, бар асари як тасмими оҷилона ва бе машварату маслиҳати ҳамагонӣ ва бе дарназардошти афкори ҷомеа ва бо розигии танҳо 5 нафар узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ дар арафаи соли Нави 1980 қувваҳои маҳдуди низомии Иттиҳоди Шӯравӣ сарҳади давлатии Афғонистонро убур карда, ба хоки Афғонистон ворид гардиданд. Ба таърих ва маводи дар он замон махфӣ назар меандозем, то ҳуҷҷатан ба сурати воқеа ошно гардем.
42 сол қабл, 12 декабри соли 1979 пушти дарҳои пӯшидаи Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаласаи комилан махфии Бюрои Сиёсии КМ ҲКИҶШ таҳти Раисии Котиби Кумитаи Марказии ҲКИШ Л.И. Брежнев доир гардид. Дар ҷаласа аз 12 нафар аъзои Бюрои Сиёсӣ танҳо 5 нафар ширкат доштанд. Умуман, дар ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 10 нафар: Суслов М.А., Гришин В.В., Кириленко А.П., Пельше А.Я., Устинов Д.Ф., Черненко К.У., Андропов Ю.В., Громыко А.А., Тихонов Н.А ва Пономарев Б.Н. иштирок намуданд. Дар ҷаласа «Оид ба вазъият дар А» Қарори КМ ҲКИШ қабул карда шуд:
  1. Мулоҳизаҳо ва чорабиниҳои аз ҷониби рафиқон Андропов Ю.В.,Устинов Д.Ф ва Громыко А.А. иброзшуда маъқул дониста шавад.
  2. Ба онҳо иҷозат дода шавад, ки дар ҷараёни амалӣ сохтани ин чорабиниҳо дар ҳолати зарурат ба онҳо тағйироти ҷузъӣ ворид намоянд.
  3. Масъалаҳое, ки барои ҳаллашон Қарори КМ ҲКИШ зарур аст, сари вақт ба рӯзномаи ҷаласаи Бюрои Сиёсӣ дохил карда шаванд.
  4. Амалӣ гардонидани ҳамаи ин чорабиниҳо ба ӯҳдаи рафиқон Андропов Ю.В., Устинов Д.Ф. ва Громыко А.А. супорида шавад.
  5. Ба рафиқон Андропов Ю.А., Устинов Д.Ф., Громыко А.А. гузошта шавад, ки оид ба ҷараёни иҷрои чорабиниҳои мадди назар ба Бюрои Сиёсии КМ ахборот диҳанд.
Котиби КМ Л.Брежнев, № 997 (як варақ)
П 176/125 аз 12.XII.79
Қарори Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ-ро Черненко бо дасти худаш навист ва дар он Брежнев имзо гузошта, чопи ӯро дар котибот зарур нашумориданд ва онро ба ҳамон шакли дастнавис нигоҳ доштанд.
Зери литери шартии «А» Афғонистон ишора гардид ва зери мафҳуми «чорабиниҳо» вуруди қувваҳои шӯравӣ ба Афғонистон дар назар гирифта шуд.
         Як рӯз пеш, 11 декабри соли 1979 баталиёни алоҳидаи таъйиноти махсус, ҳамон баталиёне, ки дар доираҳои ҳарбӣ ва дар гуфтугӯҳои муқаррарӣ «баталиёни мусалмонӣ» номида мешуд, ҷойи будубоши доимии худ дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистонро тарк карда, сарҳади Афғонистони дӯстро убур кард. Ҳайати шахсӣ тавассути ҳавопаймо, техникаи ҳарбӣ бо ҳаракати худаш ба Афғонистон ворид шуданд.
         Ба ҳамагон маълум аст, ки 27 апрели соли 1978 дар Афғонистон таҳти раҳбарии ҳизби Халқӣ-Демократӣ инқилоб ё табаддулоти низомӣ анҷом гирифт. Раҳбари ҳизби зикр гардида, Муҳаммад Таракӣ сари қудрат омад. Дере нагузашта нафари дувум дар Шӯрои инқилобӣ-Ҳафизулло Амин устод ва роҳбари худаш Раиси Шӯрои инқилобии Афғонистон Муҳаммад Таракиро аз байн бардошта, худаш Хукуматро ғасб намуд. Баъди ғасби Ҳукумат масъалаи аз миён бардоштани роҳбарони ҳизби Халқӣ-Демокатиро пеш гирифта, баъзеҳоро кушт, баъзеҳоро ба зиндон андохт ва базеи дигарро ба кишварҳои гуногун ҳамчун сафир таъйин намуда, раҳбарии пурраи кишварро ба даст гирифт. Чун ӯ дар Ғарб хонда ва соҳибмаълумот гашта буд, табиист, ки майли ғарбгароӣ дошт ва ба кадом самт бурдани кишвар зери савол қарор дошт. Дар он солҳо бисёриҳо бар он ақида буданд, ки ӯ Афғонистонро ба амрикоиҳо таҳвил медиҳад ва барои Иттиҳоди Шӯравӣ дарди сари зиёдеро фароҳам хоҳад намуд.
         Новобаста аз ин гуна андешаҳо, Ҳ.Амин ҳамчун раҳбари Афғонистон такрор ба такрор аз роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳиш менамуд, ки ба Афғонистон як баталиёни артиши шӯравиро бо мақсади ҳимояи қароргоҳ (резиденция) -и наваш қасри Дор-ул-амон ба Афғонистон фиристанд. Ҳамзамон ӯ хоҳиш намуда буд, ки ба таври таҷилӣ ҳайати хадамаи дастгоҳҳои зенитиро, ки афғонҳо буданд бо шӯравиҳо иваз намоянд, зеро ӯ ба садоқатмандии онҳо (афғонҳо) эътимоди комил надорад.
         Ва тибқи ҳамин хоҳиш ба Кобул баталиён фиристода шуд, вале на баталиёни қувваҳои доимӣ, балки баталиёни таъйиноти махсус ва на бо мақсади ҳимояи Амин, балки бо мақсади аз байн бурдани Ӯ.
         Сарнавишти ин диктатор дар ҷаласаи Бюрои Сиёсӣ КМ ҲКИШ аз 27 декабри соли 1979 ҳал шуда буд.
         Акнун пешорӯи раҳбарияти он давраи Шӯравӣ масъалаи хеле муҳим-баҳона барои ворид намудани қувваҳо ба қаламрави Афғонистон истода буд, зеро маълум буд, ки дар сурати худсарона ворид намудани қувваҳо Шӯравӣ ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷовузгару ғосиб ҷилвагар мешуд. Баҳона ҳам ёфт шуд. Ин талабҳои такрор ба такрори Ҳ, Амин барои ворид намудани як баталиён бо мақсади муҳофизати қароргоҳаш дар Дор-ул-амон буд. Мушкили дигар он буд, ки дастгоҳи таблиғотии Шӯравӣ масъалаи ворид шудани қувваҳои маҳдуди Шӯравиро ба кадом шакл ба гӯши оламиён расонад, то аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ вокунишҳоро ба амал наоварад. Ба ин саволҳо ҷаласаи Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ аз 27 ноябри соли 1979 посух ва роҳнамоиҳои лозимаро додаст.
 Ин ҷо лозим донистем рӯнавишти суратҷаласаи № 177 ҷаласаи Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ аз 27 ноябри соли 1979-ро айнан манзури хонандагон намоем.
Ба рафиқон Брежнев, Андропов, Гришин, Громыко, Кириленко, Косыгин, Кунаев, Пельше, Романов, Суслов, Тихонов, Устинов, Чернеко, Щербицкий, Машеров, Пономарев, Рашидов,Соломенцев, Шварнадзе, Долгих, Зимянин, Капитонов, Русаков
Дар бораи қадамҳои мо бо дарназардошти вазъият дар атрофи Афғонистон
Банди 5
Тасдиқ карда шавад телеграммаи табрикотӣ ба Раиси Шӯрои Инқилобӣ, котиби Генералии КМ ҳизби Халқӣ-демократии Афғонистон, Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Афғонистон рафиқ Бабрак Кормал.
Банди 6
Тасдиқ карда шавад пешниҳодот дар бораи таъминоти ташвиқотӣ- тарғиботии иқдомоти мо нисбат ба Афғонистон.
                                     Замима ба банди 6.
Дар бораи таъминоти ташвиқотӣ-тарғиботии иқдомоти мо нисбат ба Афғонистон.
Ҳангоми тавзеҳ дар кори таблиғотии мо тавассути ВАО. телевизион, радио иқдомоти кӯмак ба хотири зада гардонидани таҷовуз аз хориҷ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ бо хоҳиши роҳбарияти Ҷумҳурии Демократии Афғонистон қабул карда шудааст, инҳо ба роҳбарӣ гирифта шавад:
  1. Дар тамоми корҳои таблиғотӣ муроҷиати раҳбарияти Афғонистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба расонидани кӯмакҳои ҳарбӣ ва аз ахбори ТАСС дар ин бора корбурд сурат гирад.
  2. Ба сифати тезиси асосӣ ҳаминро ҷудо кардан лозим аст,ки фиристодани ҷузъу томҳои маҳдуди қувваҳои ҳарбии Шӯравӣ мутобиқи хоҳишҳои такрор ба такрори роҳбарияти Афғонистон танҳо як мақсад дорад-ин ҳам бошад, расонидани кӯмак ба халқ ва ҳукумати Афғонистон дар мубориза бар зидди таҷовузи аз хориҷ буда, иқдомоти шӯравӣ ҳадафи дигареро таъқиб намекунанд.
  3. Қайд кардан даркор, ки дар натиҷаи икдомҳои таҷовуз аз хориҷ, афзоиши рӯзафзуни дахолат аз берун ба корҳои дохилии афғонӣ барои ҳифзи дастовардҳои инқилоби Апрелӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Афғонистони навин хатарҳо ба вуҷуд овардааст. Дар чунин шароит роҳбарияти Афғонистон таи 2 соли охир чандин бор ба Иттиҳоди Шӯравӣ барои расонидани кӯмак дар рафъи таҷовуз муроҷиат кардааст ва Иттиҳоди Шӯравӣ бо ба инобат гирифтани моҳияти Қарордоди шӯравӣ-афғон оид ба дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳо ба ин муроҷиатҳо ҷавоби мусбат додааст.
  4. Хоҳиши ҳукумати Афғонистон ва аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ қонеъ гардонидани ин хоҳиш–сифр кори ҳар ду давлати соҳибихтиёр-Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Демократии Афғонистон буда, худашон муносиботи миёни ҳамдигариро ба низом медароранд. Онҳо мисли ҳар як давлати аъзои СММ оид ба ҳудмуҳофизатӣ ва ё муҳофизати дастаҷамъӣ ҳуқуқ доранд ва ин амалро моддаи 51 Устави СММ низ иҷозат додааст.
  5. Ҳангоми тавзеҳ ва равшан намудани тағйирот дар роҳбарияти Афғонистон, қайд кардан лозим аст, ки ин кори дохилии халқи афғон мебошад, ки аз суханронии Раиси Шӯрои Инқилобии Афғонистон бармеояд.
  6. Ба ҳар гуна ахбори иғвобарангези эҳтимолие, ки гӯё Иттиҳоди Шӯравӣ ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат карда истодааст, ҷавобҳои қатъӣ ва далелнок дода шавад. Қайд карда шавад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар тағйироти ба амаломада дар раҳбарияти Афғонистон ягон муносибате надоштаву надорад. Вазифаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар масъалаи Афғонистон ва атрофи он танҳо аз кӯмакрасонӣ ва мусоидат дар ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Афғонистони ба мо дӯст дар баробари таҷовуз аз берун иборат асту халос. Ҳар замоне, ки ин таҷовуз аз берун қатъ гардад, хатари таҳдидкунанда ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлати Афғонистон аз байн равад, қувваҳои маҳдуди низомии Шӯравӣ бетаъхир ва пурра аз хоки Афғонистон бароварда мешаванд.
Бегоҳии рӯзи панҷшанбеи охири декабри соли 1979, замоне, ки баталиёни «мусалмонӣ» дар атрофи қасри Дор-ул-амон бо сару либоси низомии афғонӣ машғули охирин машқҳо бо ҳадафи ҳамла ба қаср ва аз байн бурдани Ҳафизулло Аминро анҷом медоданд, як ҳавопаймои Шӯравӣ дар фурӯдгоҳи Багром фурӯд омад.Дар дохили ҳавопаймо ғайр аз чанд нафар Шӯравӣ боз як нафар дар сару либоси ҳарбии Шӯравӣ ҳам буд ва он шахс телпакашро то болои чашмонаш фароварда буд, то ӯро нашиносанд. Ин шахс Бабрак Кормал-раҳбари ояндаи Афғонистон ва душмани ҷонии Амин буд, ки шӯравиҳо ӯро аз Маскав ба таври ғайрирасмӣ ба Афғонистон оварда буданд ва ӯ дар бункер дар зери ҳимояи ҷиддии десантникҳо нишаста чой менӯшид.
         Дар Кобул бошад, сармушовири ҳарбии шӯравӣ бо рутбаи генерал-лейтенант, ки барои гузаронидани амалиёт, дақиқтараш табаддулоти давлатӣ муваззаф гардида буд, тамоми командирони ҷузъу томҳои таъйиноти махсус ва командири гурӯҳи махсуси «Зенит»-и КГБ-ро, ки ба баталиёни «мусалмонӣ» ҳамроҳ шуда буд, даъват намуда, нақшаи амалиётро баррасӣ менамуд. Баъд аз мушаххас сохтани ҷузъиёти амалиёти дар пеш буда, генерал ба ҳамаи командирон нусхаи фармони амалиётро супорида, таъкид намуд, ки пеш аз ишғол намудани мавзеи ҷангӣ онро барои ҳайати шахсӣ хонда, вазифаи ҳар як сарбозро барояш фаҳмонида, пас аз он сӯзонида шавад.
         Дар фармон чунин омада буд: тибқи маълумотҳои махфии бо роҳи агентурӣ ба даст омада, Амин ва атрофиёнаш манфиатҳои халқи афғон ва инқилоби Апрели (Савр)-ро фурӯхта, пинҳонӣ бо доираҳои империалистӣ забон як карда, дар кишвар барои табаддулоти яроқнок омодагӣ дидаанд. Дар ин ҳолат қарзи интернационалии мо аз он иборат аст, ки пеши ин нияти маккоронаро ҳарчи зудтар бигирем.
 Шурӯи амалиёт ба соати 18.30 дақиқа таъйин гардид ва мутобиқи нақша расо баъд аз ним соати саршавии амалиёт десантникҳои дивизияи Вытебск даст ба кор шуда, дар пойтахт тамоми муассисаҳои давлатиро зери назорат мегиранд.
Ҳамин тариқ дар замони таъйингардида амалиёт шурӯъ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ қасри Амин ишғол гардида, Амин ва атрофиёнаш аз байн бурда шуданд. Ҷасади ӯро дар қолии дафтари кориаш печонида ба Багром бурданд, то ба Бабрак Кормал нишон диҳанд.
Бабрак баъди дидани нашъи Амин ва боварӣ ҳосил намудан, ки душмани ҷонияш кушта шудаву дигар қудрати муқобилиятро надорад, ба худ намуди ҷиддӣ гирифта, ҳамроҳ бо 5 вазире, ки аз ҷониби Маскав таъйин гардида буданд, дар ҳалқаи муҳофизони қувваҳои таъйиноти махсуси Шӯравӣ таҳти ҳимояи як ротаи мошинҳои ҷангӣ равонаи Кобул гардид.
Радиои Афғон таи муддате, ки амалиёт идома дошт,ба шунавонидани мӯсиқӣ машғул буд. Танҳо баъди расидани Бабрак ба Кобул, пас аз чанд лаҳзаи таваққуфи радио, дар қисмати «Хабарҳои охирин» диктор бо овози бурро ва шунавои худ ба мардуми афғон ва ба тамоми дунё эълон дошт, ки дар кишвар марҳалаи дуввуми инқилоби Апрелӣ (Савр) ба вуқуъ омад ва ба ҷои Ҳафизуллои «хоин» мӯҳтарам Бабрак Кормал сари қудрат омад.
Субҳи рӯзи 28 декабри 1979 дар шаҳри Кобул задухӯрдҳо ба охир расиданд ва десантчиҳои дивизияи Вытебск тақрибан ҳамаи муассисаҳои давлатии пойтахтро зери назорат қарор доданд.
Субҳи ҳамин рӯз баталиёни ба ном «мусалмонӣ» баъди анҷоми муваффақонаи вазифаи ба зима гирифтаашон ба Багром ва аз он ҷо тавассути ҳавопаймо ба Шӯравӣ интиқол дода шуд. Дар миёни низомиёни он давраи Шӯравӣ ва баъд аз он ҳам андешаву тахминҳое гардиш мекарданд, ки чаро ҳайати шахсии ин баталиёнро, ки аз сирру асрори зиёде бохабар буданд, зинда гузоштанд? Охир, метавонистанд, ки ақаллан дар ҳаво бо ин ҳавопаймо корҳое бикунанд, то касе аз онҳо ҳамчун шоҳид зинда намонад. Вале ин корро накарданд. Эҳтимол меравад, ки он замон раҳбарияти Шӯравӣ ба анҷоми бомуваффақияти нақшаи хеш боварии комил дошт ва ҳеҷ бовар надошт, ки гирифторияш дар Афғонистон аз ин лаҳзаҳо зиёд шуда, ба хароҷот ва талафоти ҷониву моддиву техникии зиёде рӯ ба рӯ шуда ва аз ҳама муҳимаш обрӯю эътибораш дар миқёси ҷаҳон коста гардида, оқибат ҳамин масъала ба яке сабабҳои аслии пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ табдил меёбад.
Қувваҳои маҳдуди низомии Шӯравӣ тайи муддати 10 соли дар Афғонистон қарор доштанашон (дар аввал ба теъдоди 50 ҳазор нафар ва баъдҳо ба теъдоди бештар аз сад ҳазор нафар ) новобаста аз мушкилиҳои зиёди ба сарашон омада, дар баробари ҳимояи дастовардҳои инқилоби Савр ва тавассути доираҳои империалистӣ оҳиста-оҳиста ба ҷанг кашида шуданашон, ба халқи афғон кӯмакҳои бесобиқа расонида, дар эъмори макотиб, бунгоҳхои тиббӣ, беморхонаҳо, хифзу таъмини амнияти муассисоти давлатӣ, роҳҳо, купрукҳо ва иншоотҳои аҳамияти стратегӣ дошта, сохтмони корхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, шаҳракҳои ҳарбӣ, омӯзиши ҷавонони ғайринизомӣ ва афсарони қувваҳои мусаллаҳ дар марказҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои Шӯравӣ ва ғайраҳо саҳми босазое гузоштаанд,ки афғонҳо имрӯзҳо дар муқоиса бо амрикоиҳо ва шарикони онҳо нисбати Шӯравиҳо бо муҳаббат ҳарф мезананд.
Вазъият низ Афғонистон, дар айни замон нисбати он солҳо ба маротиб бадтару вазнинтар гаштааст. Танҳо 30 дар сади ҳудуди Афғонистонро ҳукумат дар даст дораду назорат мекунад, боқимонда 70 дар сади ҳудуди кишвар зери назорати Толибон ва дигар қувваҳои мухолиф қарор дорад.
Хулоса, ин кӯмакҳои башардӯстонаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба халқи афғон, барои мардуми Шӯравӣ чӣ паёмадҳоеро ба бор оварданд мо хуб дар ёд дорем. Аз ҳама дардовар ва ҷуброннопазирияш дар он аст, ки аз гулӯгоҳи афғон тақрибан як миллион шӯравиҳо гузашта, бештар аз 13 ҳазор кушта, садҳо ҳазор захмӣ ва садҳо нафар беному нишон гаштаанд.
Ба ҳар ҳол, Афғонистон барои садҳо ҳазор нафар шӯравиҳо мактаби озмоиш, мардиву мардонагӣ, қаҳрамониву ватандӯстӣ, фарқ гузоштан миёни дӯсту душман, некиву бадӣ ва шинохти онҳо гардида, месазад, ки ҳар яки онҳоро қаҳрамон гӯем ва нисбаташон арҷ гузорем ва аз онҳо барои тарбияи ҷавонон ва умуман насли наврас ба хубӣ истифода намоем. Ин рӯз, яъне 15 декабрро ҳамчун Иди Саид барои ҳамаи «афғонҳо» табрику муборакбод мегӯям.
                            Н.М. Холназаров,
иштирокчии ҳодисоти Афғонистон дар солҳои 1982-1985,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ   

БОЗГАШТ