АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Афғонистон пойгоҳи нави ДИИШ дар Осиёи Миёна аст?

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Пайдо шудани ҷангҷӯёни ба ном Давлати исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тағйироти ҷиддиро дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Россияи ҷанубӣ дар пай дорад. Коршиносон пайваста андешаи  хешро оид ба вазъияти кунунии Афғонистон ва нақшаҳо барои барҳам додани гурӯҳҳои терористӣ дар минтақа изҳор медоранд.

Коршиноси масоили сиёсии Афғонистон ва профессори Донишгоҳи Балх Абдул Қодир Месбаҳ зимни сӯҳбат бо расонаи «Спутники Афғонистон» гуфтааст, ки баъди мағлубияти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, гурӯҳи террористӣ ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва ба Бангладеш кӯчидааст.

 Ӯ гуфтааст, ки минтақаҳои шимолии Афғонистон барои террористон, онҳое ки мехоҳанд ба кишварҳои Осиёи Миёна – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо барои ноором кардани вазъ ворид шаванд, аҳамияти калон доранд.

Профессор тахмин кардааст, ки Афғонистон беҳтарин нуқтаи истинод (пуштупаноҳ) барои ҷиҳодиҳост, зеро ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳаммарз аст. Аз дигар тараф, вазъияти пурталотуми ноором дар ин кишвар ба террористон имконият медиҳад, ки пойгоҳҳои худро дар он ҷо, бахуссус дар шимол, мустақар кунанд.

Ба боварии Месбаҳ кишварҳои Ғарб, бахуссус ИМА кӯшиш карда истодаанд, ки ба барномаи Россия, ки пайрави амалиёти ҳавоии муваффақи Маскав дар Сурия, халал расонанд. Инчунин, минтақаҳои шимолии Афғонистон аз ҷониби ИМА метавонанд, ҳамчун такягоҳу нерӯ зидди Руссия истифода шаванд.

Аммо намояндаи Вазорати мудофиаи Афғонистон Давлат Вазирӣ дар навбати худ, ба расонаи «Спутники Афғонистон» гуфтааст, ки  ҷанговарони ДИИШ дар Афғонистон тақрибан шикаст хурдаанд: «Давлати ба ном исломӣ нуқтаи асосии худро надорад. Онҳоро дар вилоятҳои Нангарҳар, Ҳелманд, Фараҳ, Орозган ва Забол маҳв кардаанд. Ҷанговарон дар вилояти шимолии Ҷаузҷон, ҷое ки ба зудӣ маҳв хоҳанд шуд, амалиёти худро идома дода истодаанд».

Аммо узви парлумони Афғонистон Муҳаммад Малик Мангал қайд намудааст, ки вазъият дар кишвар на он қадар мудҳиш аст, ки ВАО онро муаррифӣ мекунад: «Қувваҳои хурди ДИИШ танҳо ба вилоятҳои Бадахшон, Орозган, Конар, Забол ва Фараҳ диққати том доранд».

Мангал гуфтааст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон бештари вақт аз аъзоёни ал-Қоида ва Толибон иборат аст, ки зери ливои халифати исломӣ муттаҳид шуданд. Узви парлумон мутмаин аст, ки танҳо ИМА ва ҳамақидаҳои Ғарбии ӯ ба Кобул дасти кӯмак дароз кунанд, ҷиҳодиҳо маҳв карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки сафири хоссаи президентии Русия дар Афғонистон Замир Кабулов қайд намуда буд, ки мутобиқ ба ҳисоботи охир, беш аз 10000 ҷангии ДИИШ дар Афғонистон мавҷуданд.

«Мо оид ба вилоятҳои Ҷовзҷан ва Сари-Пул, минтақаҳое ки шаҳрвандони Алжирия ва Фаронса ба назикӣ миёни размандагони фаъол зоҳир шуданд, хоссатан нигаронӣ дорем. ДИИШ дақиқан нақшаи онро дорад, ки таъсири хешро дар тамоми Афғонистоне, ки онро пойгоҳи хеш мешуморанд, паҳн кунанд. Ин ба амният, хоса барои кишварҳои Осиёи Миёна ва вилоятҳои ҷанубии Россия, хатари ҷиддиро дар пай дорад», - таъкид кардааст, Кабулов.

Зимнан, Вазорати хориҷии Руссия такроран ба Кобул муроҷиат кардааст, ки ба паҳншавии хатари террористӣ дар шимоли Афғонистон ва Осиёи Миёна ҷиддӣ машғул шуда, аз ӯҳдаи ин масъала барояд.

Кабулов зимни сӯҳбат бо «Спутник», хотиррасон кардааст, ки ҳукумати афғон ва мухоллифини мусаллаҳ, барои оромгардонии вазъияти мутташаниҷ дар кишвар, ниёз ба муколламаи созанда доранд.

 Тарҷумаи Бунафша Абдуллоева

корманди Институти

омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо

БОЗГАШТ